Алгоритми шоханок (шартӣ)

Алгоритми шоханок гуфта, алгоритмеро меноманд, ки дар он вобаста аз иҷро шудан ё нашудани ягон шарт баъзе қадамҳои он иҷро шуда, баъзеашон иҷро намешаванд.

Тарзи истифодабарии ин алгоритм чунин аст:

АГАР шарт ҳақ бошад, ОН ГОҲ амали 1, ВАГАРНА амали 2 иҷро мешавад.

Дар алгоритми шоханок шарт тафтиш карда мешавад. Вобаста аз натиҷаи тафтиш яке аз амалҳои 1 ё 2 иҷро мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мисоли 1. Алгоритми ҳисоби қимати z аз рӯи формулаи зерин сохта шавад. (Расм).

Алгоритми шартӣ

  1. Ибтидо
  2. дохилкунии Y, X;
  3. агар Y>0, он гоҳ Z=X+1 вагарна Z=X+Y;
  4. хориҷкунии Z;
  5. интиҳо.

Шарт ифодаи мантиқӣ буда, танҳо яке аз ду қимат «Ҳақ» ё «Ноҳақ»-ро қабул мекунад.

Мисоли 2. Бигузор 3 адад: x, y, z дохил карда шавад. Агар x>0 бошад ба тағйирёбандаи p қимати максималии y ва z бахшида шавад. Агар x≤0 бошад ба тағйирёбандаи p қимати минималии y ва z бахшида шавад.

Дар расми зерин схемаи алгоритми ёфтани «Максимум ё минимум» тасвир шудааст.

 Ибтидо

  1. дохилкунии x, y, z;
  2. агар y>z, он гоҳ гузариш ба 6;
  3. MAX=z;
  4. MIN=y;
  5. гузариш ба 8;
  6. MAX= y;
  7. MIN= z;
  8. агар x>0, он гоҳ гузариш ба 11;
  9. Р=MIN;
  10. гузариш ба 12;
  11. P= MAX;
  12. чопи P;

интиҳо.


Калидвожаҳо: Алгоритми шарти чист? алгоритми шарти бо мисолхо.

ҚаблӣАлгоритми хаттӣ
БаъдӣАлгоритми даврӣ