Зироаткорӣ

Зироаткорӣ касби хело қадими халқи тоҷик буда, он яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон мебошад. Зироаткорӣ ба соҳаҳои зерин тақсим мешавад: ғаллакорӣ, кишти зироатҳои техникӣ, картошкаю сабзавот, меваю ангур, истеҳсоли хӯроки чорво ва ғайра. Соли равон ба ҳиссаи зироаткорӣ қариб 80%-и ҳаҷми умумии маҳсулоти хоҷагии қишлоқи мамлакат рост меояд.

Зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба шароитҳои иқлиму хок ҳангоми нашъунамо муносибатҳои махсусро талаб мекунанд. Аз рӯи нишондодҳои физиологӣ давраи нашъунамои ҷуворимакка – 100-160 рӯз, ҷавдор – 100 рӯз ва гандум аз 90 то 120 рӯзро талаб мекунад. Ҷамъи умумии талаботи ҳарорати мӯътадил барои парвариши ҷавдор 1000-11000С, барои гандуми баҳорӣ 1200-17000С ва барои пахта аз 5000 то 58000С бояд ташкил диҳад. Дар шароити Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ аз ҳама зироатҳои ба об серталаб пахта ва шолӣ мебошанд.

Зироатҳои техникӣ. Аз зироатҳои техникӣ дар Тоҷикистон пахта, тамоку, лаблабӯи қанд ва анҷибар кишт мекунанд. Соли 2008 майдони умумии кишти зироатҳои техникӣ бештар аз 33 фоизи майдони умумии кишти мамлакатро ташкил намуд. Дар ин давра майдони кишти зироатҳои техникӣ зиёда аз 265 ҳазор гектарро ишғол намуданд, ки нисбати соли 1991 қариб 3 ҳазор гектар зиёд шуд.

Пахта зироати касбӣ ва қадимии мардуми тоҷик буда, ҳоло зиёда аз 30 фоизи майдони кишти заминҳои обёришавандаи мамлакатро дар бар мегирад. (ҷадвал)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таркиби киштзорҳои Тоҷикистон

Зироат Солҳо Ба ҳисоби фоиз
1913 1940 1997 2006 2008 1913 1940 1997 2006 2008
Ҳамаи

киштзорҳо, ҳаз. га

494,3 807,1 812,3 901,1 888,9 100 100 100 100 100
Ғалла ва зироати лӯбиёӣ 437,8 567,4 417,9 395,6 438,1 88,6 70,3 37,2 43,9 45,1
Зироати техникӣ 37,2 160,6 236 325,4 265,0 7,5 20,0 49,5 36,1 35,4
Аз он:

Пахта

26,7 106,1 218,6 288,7 237,1 5,4 13,1 38,4 32,0 30,7
Растаниҳои равғандор 10,4 51,1 37,2 34,6 25,9 2,1 6,3 2,1 2,5 12,3
Картошка ва сабзавоту растаниҳои полизӣ 5,9 23,8 52,8 70,2 77,5 1,2 2,9 5,3 6,7 7,2
Растаниҳои хӯроки чорво 13,4 55,3 107,6 109,9 108,2 2,7 6,8 10,8 12,3 12,2

Дар баъзе хоҷагиҳои пешқадами Тоҷикистон аз 1 га то 35-40 сентнерӣ пахта мегиранд.

Зироати пахта растании гармдӯст буда, бештар дар заминҳои обёришаванда ва минтақаҳои гарм нашъунамо меёбад. Дар шароити Тоҷикистон пахтакорӣ вобаста ба шароитҳои иқлимӣ дар водиҳои Ваҳш, Поёнии Кофарниҳону Қабодиён, Ҳисор, Қизилсу ва дар Шимолии мамлакат бошад, дар водии Фарғона, даштҳои Дилварзин ва Мирзочӯл парвариш меёбад.

Соли 2008 масоҳати киштзори пахтаи ҷумҳурӣ ба 237,1 ҳаз. га ва ҳосили умумӣ ба 353,1 ҳазор расид; ҳосилнокии пахта бошад, то 15,6 сентнер аз як гектор паст фуромад. Сабаби асосии паст шудани ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии пахта дар мамлакат, ғайр аз кам шудани майдони кишт, боз нарасидани нуриҳои минералӣ, ғайри қаноатбахш будани дараҷаи агротехника, паст шудани сифати тухмӣ ва набудани ҳавасмандии деҳқонони пахтакор мебошад. Барои бартараф намудани ин камбудиҳо Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои лозимӣ мебинад. Зеро талабот ба пахта дар бозори дохилӣ ва берунӣ ниҳоят калон аст ва инкишофи он ба тараққиёти дигар соҳаҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Аз нахи пахта газвори пахтагин мебофанд, аз пунбадона равған, глитсерин ва маҳсулоти дигар истеҳсол мекунанд: реша ва пояи он ашёи пурбаҳои саноати гидролизӣ, сохтмон ва қоғаз мебошад.

Дар Тоҷикистон пахтакорӣ яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ба шумор меравад. Аз як тонна пахта, зиёда аз 3 ҳазор метр матоъ, 100 кг равған, 200-300 кг кунҷора ва ғайра мегиранд. Умуман аз пахта қариб 80 намуди маҳсулот тайёр мекунанд.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли пахта новобаста аз шароитҳои мавҷуда, талабот ба маҳсулоти он меафзояд (ҷадвал).

Солҳо Истеҳсоли умумии пахта Аз он ҷумла пахтаи маҳиннах
1991

1999

2000

2001

2003

2005

2008

819,0

313,2

335,4

452,7

537,4

447,9

353,1

19,4

22,1

34,0

60,0

60,8

28,5

10,9

Соҳаи пахтакорӣ на фақат дар натиҷаи зиёд кардани масоҳати киштзор ва истифодаи агротехникаи нав, балки бинобар ҷорӣ намудани навъҳои серҳосили пахта низ ривоҷ меёбад. Рӯёндани навъҳои пахтаи зудрас ва ба касалии вилт тобовар имкон дод, ки ҳосилнокӣ зиёд карда шавад; навъҳои мазкур дар ноҳияҳое, ки давраи нашъи зироатҳо кӯтоҳанд, ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Ҳоло дар хоҷагиҳои давлатию деҳқонӣ, ки асосан дар водиҳои ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, пахта кошта мешаванд. Дар ин хоҷагиҳо дар баробари пахтаи миёнанах пахтаи маҳиннах низ мекоранд. Пахтаи маҳиннах қимати баланд дошта, бештар дар водии Вахш, поёноби  Кофарниҳон, ки иқлими гарм ва хушк доранд, кошта мешавад. Аз ҷиҳати истеҳсоли пахтаи маҳиннах ҷумҳурӣ дар ИДМ ҷои намоёнро мегирад. Дар оянда низ пахта чун зироати асосии ҳамаи водиҳои ҷумҳурӣ (ғайр аз водии Зарафшон, Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон) парвариш карда мешаванд. Дар қисми ҷанубии Тоҷикистон барои пахтакорӣ заминҳои нав кушода хоҳанд шуд. Солҳои охир, бо мақсади бештар истеҳсол кардани меваю сабзавот баъзе хоҷагиҳои ноҳияи Ваҳдат аз пахтакорӣ ба кишти сабзавот ва боғу токдорӣ гузаштанд.

Анҷибарпарварӣ ҳамчун растании техникӣ барои парвариш дар шароити Тоҷикистон имкониятҳои зиёд дорад. Анҷибар растании равғани эфирдор аст. Аз ҷиҳати парвариши анҷибар Тоҷикистон дар миқёси ИДМ ҷои асосиро мегирад. Анҷибарро ба Тоҷикистон бори нахуст соли 1931 аз Гурҷистон оварданд. Ҳоло анҷибар дар заминҳои обии ноҳияҳои Қумсангир ва Турсунзода парвариш карда мешавад. Дар ин ноҳияҳо солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ совхоз-заводҳои махсусгардонидаи анҷибарпарварӣ («Эфиронос» ва «Геран») ташкил карда шудаанд. Парвариши анҷибар нигоҳубини махсусро талаб мекунад, зеро он растании нозук ва маҳсулоти он тез вайроншаванда мебошад. Масалан, агар пагоҳӣ дар гули анҷибар 100% равғани эфир бошад, пас баъди пешин (соатҳои 14-16) ҳамагӣ 50%-и он боқӣ мемонад. Соли 2008 ҳамагӣ дар мамлакат 210 тонна геран истеҳсол карда шуд ва майдони кишти анҷибар қариб 6 ҳазор га ташкил намуд. Дар ҷумҳурӣ стансияи махсуси таҷрибавии анҷибарпарварӣ мавҷуд аст. Дар оянда пешбинӣ шудааст, ки масоҳати киштзори анҷибар дар як қатор ноҳияҳои водии Вахш зиёд карда шавад. Талабот дар бозори ҷаҳонӣ ба махсулоти анҷибар хело зиёд аст. Анҷибар яке аз муҳимтарин маҳсулоти саноати атриёт ба шумор меравад.

Тамокукорӣ – ҳамчун зироати техникӣ қариб 3%-и ҳаҷми маҳсулоти зироатчигиро медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон тамокукорӣ баъди солҳои 30-юми асри гузашта ривоҷ ёфт. Зироати тамокуро асосан дар заминҳои обии ноҳияи Панҷакент, Айнӣ, Рӯдакӣ ва Помири Ғарбӣ (ноҳияи Ишкошим, Рӯшон) мекориданд.

Масоҳати киштзори тамоку қариб 1200 га буда, ҳосилнокии он аз ҳар гектар соли 2008 ба 18,5 сентнер расонида шуд. Тамоку зироати сердаромад буда, аз ҳар гектар то 15 ҳазор сомонӣ гирифта мешавад.

Дар кори парвариши тамоку як катор камбудиҳо ба назар мерасад, ки ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро паст мекунад. Такмил наёфтани питомникҳо (ниҳолхонагӣ), риоя накардани зичии ниҳол, ҷои кишт, нарасидани биноҳои махсус барои хушккунӣ ва ғайра мебошанд. Сарфи назар аз он ки тамоку зироати сердаромад аст, вале ба саломатии одамон зарар доштани он тақозо мекунад, ки кишти майдонҳои он васеъ карда нашавад.

Зағир – низ ба зироатҳои техникӣ дохил буда, дар шароити Тоҷикистон аз он равған мегиранд. Равғани зағир хусусиятҳои табобатӣ низ дорад. Растании зағирро бештар дар доманакӯҳҳо ва заминҳои лалмии минтақаи Ҳисор, Кӯлоб, Рашт кишт мекунанд. Соли 2008 майдони кишти зироати зағир нисбати соли 1991 зиёда аз 6 маротиба афзуд. Вале ҳоло дар мамлакат корхонаи истеҳсоли равғани зағир вуҷуд надорад ва онро дар ҷувозхонаҳои шахсӣ истеҳсол мекунанд. Ғайри равған кунҷораи зағир хӯроки серғизо барои чорво мебошад.

Сабзавот ва зироатҳои полизӣ – дар ҳамаи ноҳияҳои мамлакат парвариш карда мешавад. Инкишофи кишти он ба ҳолати шароитҳои табиию географии ҳар ноҳияи кишвар зич алоқаманд аст. Зироатҳои сабзавоту полизӣ 10,7%-и маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ва бештар аз 7%-и тамоми маҳсулоти соҳаи кишоварзиро медиҳад.

Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ барои васеъ намудани майдони кишти он диққати асосӣ дода мешуд. Дар давоми солҳои 1960-1990 майдони кишти ин соҳа 2,5 баробар, ҷамъоварии маҳсулот 8,8 баробар, ҳосилнокӣ 2,3 баробар ва хариди давлатии он то 18 баробар зиёд шуд. Аз тарафи дигар, кишти сабзавоту зироатҳои полизӣ дар ҳама ноҳияҳои кишвар баробар набуд. Беш аз 3/2 ҳиссаи киштзор ва 10/9 ҳиссаи ҷамъоварии умумии маҳсулоти ин соҳа ба ноҳияи Шимолӣ ва водии Ҳисор рост меомад.

Солҳои истиқлол ба пешрафти ин соҳа диққати асосӣ дода шуд ва майдони кишти он аз 28,0 ҳазор гектари соли 1991 ба 37,2 ҳазор гектар дар соли 2008 расонида шуд.

Истеҳсоли солонаи сабзавот ба ҳар сари аҳолӣ дар мамлакат қариб ба меъёри физиологӣ мувофиқат мекунад, вале аз рӯи намудҳои ҷудогона фарқи калон дорад. Масалан, муқаррар шудааст, ки барои ба сабзавот таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ (аз рӯи меъёри физиологӣ) вазни қиёсии намудҳои алоҳидаи сабзавот дар ҳаҷми умумии истеҳсол бояд чунин бошад: помидор – 22,6%, пиёз – 16,1, карам – 17,7, бодиринг – 4,9 ва дигар намудҳои сабзавот 38,6% бошанд.

Дар тӯли солҳои минбаъда масоҳати кишти зироатҳои сабзавот дар заминҳои обии атрофи шаҳрҳои калон (Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Қӯрғонтеппа) ривоҷ ёфтааст.

Картошкапарварӣ дар Тоҷикистон соҳаи нав бошад, ҳам вобаста ба талаботи маҳсулоти он майдони кишти он бо суръат васеъ шуда истодааст. Аз тарафи дигар картошка зироати гармидӯст нест ва онро дар ноҳияҳои кӯҳсори Рашт ва Зарафшон бештар кишт мекунанд. Ҳосилнокии зироати картошка аз 141,1 соли 1991 ба 226,9 сентнер аз ҳар гектар дар соли 2008 расонида шуд. Аз рӯи нишондоди мутахассисон бо назардошти риоя намудани тадбирҳои дурусти агротехникӣ ва таъмин намудани тухмии аълосифат ҳосилнокии ҳар гектарро то 250-300 сентнерӣ расонидан мумкин аст. Дар баъзе хоҷагиҳои ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол то 300-350 сентнерӣ аз як гектар картошка ҷамъоварӣ менамоянд.

Тадбирҳои дуруст ба роҳ мондани меъёрҳои агротехникӣ ва дигар талаботҳои бозорӣ имконият медиҳад, ки дар солҳои наздик Тоҷикистон ғайри талаботи бозори дохилӣ як қисми картошкаи аълосифатро ба давлатҳои ҳамсоя низ ба фурӯш барорад.

Боғу токдорӣ дар Тоҷикистон таърихи хеле қадим дорад. Боғбонони моҳири тоҷик тӯли садсолаҳои зиёд навъҳои нави меваҷотро рӯёндаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Дар бозори ҷаҳонӣ ғӯлингу мавизи Исфараву Истаравшан аз қадим шӯҳрат доранд.

Маҳсулоти соҳаи боғу токпарварӣ на фақат барои таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ангуру меваҳои хуштамъ, балки саноати хӯроквории мамлакатро низ бо ашёи хом таъмин мекунад. Фаъолияти соҳаҳои саноати консерваи мева ва истеҳсоли шаробро бе ашёи хом ва маҳсулоти кишоварзӣ тасаввур намудан ғайри имкон аст.

Солҳои минбаъда масоҳати боғот зиёда аз се маротиба афзуд ва соли 2008 ба 95,1 ҳаз. га расид. Дар ҷойгиркунонӣ ва навъи боғҳо низ тағйироти ҷолиб ба амал омад. Чунончи, соли 1940 дар боғоти Тоҷикистон дарахтони меваи донакдор зиёда аз 80 фоиз, соли 2008 фақат 47 фоизро ишғол карданд. Қисми зиёди боғҳо дар минтақаҳои Шимолӣ (31,0 %), Ҳисор (32,4 %) ва Рашт (19,5 %) ҷой гирфтаанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 %-и боғоти ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Минтақаҳои асосии боғдорӣ на фақат аз ҷиҳати масоҳат, ҳосили умумӣ ва ҳосилнокӣ тафовут доранд, балки онҳо вобаста ба навъу таркиби ниҳолҳо низ фарқ мекунанд. Аз ҷиҳати масоҳати боғот ҷои аввалро минтақаи Шимолӣ, аз ҷиҳати ҳосили умумӣ минтақаи Ҳисор ва вобаста ба ҳосилнокӣ минтақаи Рашт мегирад. Дар боғоти минтақаи Суғд дарахтони донакдор ва дар Ҳисору Рашт дарахтони тухмдор бартарӣ доранд. Меваҷоти ситрусӣ асосан дар водии Вахш парвариш карда мешаванд.

Дар оянда, инкишофи боғдории лалмӣ, инчунин зиёд кардани боғоти меваҳои субтропикӣ (анор, анҷир, бодом, чормағз, писта) ва ситрусӣ (лиму) пешбинӣ шудааст. Аз ҷиҳати истеҳсоли лиму Тоҷикистон дар миқёси ИДМ ҷои намоёнро мегирад.

Токдорӣ низ тез инкишоф ёфта истодааст. Дар солҳои охир масоҳати умумии токзорҳо 6 маротиба афзуда, ба 35,4 ҳаз. га расид. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 навъи ангури маҳаллии хӯрокӣ («Чиллагӣ», «Тоифӣ», «Нимранг», «Ҳусайнӣ»,  «Ҷавз», ва ғайра) ва навъҳои шаробӣ («Ғончӣ», «Ҳисор», «Орзу») парвариш карда мешаванд. Хусусан мавизи ангури навъҳои тоҷикӣ-кишмиш, обҷӯш, соягӣ пурбаҳост. Мавизи ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ (Ӯротеппа, Ғончӣ, Панҷакент) хеле хушсифат аст.

Майдони кишти боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон (ба ҳисоби ҳазор га)

Ҳамагӣ 1991 1992 1993 1994 1997 1998 2000 2006 2008
1. Замини ниҳолҳои мева ва буттамева (аз ҷумла ситрусӣ) 78,7 80,4 84,7 85,1 71,0 74,4 76,0 90,6 95,1
2. Майдо-ни токзор 39,0 39,4 39,2 39,0 38,1 34,3 35,8 49,7 35,4

Токдорӣ ҳоло қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон инкишоф ёфтааст. Солҳои охир хоҷагиҳои махсусгардонидаи боғу токдорӣ ташкил карда шудаанд, ки онҳо на фақат ба парвариши ток, балки ба коркард ва фурӯши ангур низ машғуланд.

Минбаъд барои инкишофи боғу токдорӣ диққати махсус дода мешавад. Агар соли 1997 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева 111,5 ҳаз. тоннаро ташкил медод, пас соли 2008 ба зиёда аз 262,4 ҳаз. тонна расид. Дар вилояти Хатлон бошад, ин нишондиҳанда то 2 баробар афзуд.

Роҳи муҳими минбаъд хам ривоҷ додани боғу токдорӣ дар ҷумҳурӣ истифодаи заминҳои лалмии минтақаи Рашт, Кӯлоб, Вахш ва Ҳисор мебошад.

Зироати ғалладона. Хоҷагии ғалладона яке аз муҳимтарин соҳаҳои зироаткорӣ мебошад. То замони Ҳокимияти Шӯравӣ соҳаи асосии кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистон буд. Вале минбаъд дар натиҷаи зиёд гардидани майдони кишти зироати пахта дар заминҳои обӣ ҳудуди заминҳои кишти ғалладона хело кам шуданд. Масалан, дар давоми солҳои 1970-1990 кишти зироати ғалладона аз 320,5 то 229 ҳазор гектар кам гардид. Бо вуҷуди ин зироати ғалладона аз 1/3 ҳиссаи замини кишти мамлакатро банд намуда буд. Зиёда аз 90 %-и ғалла ба таври лалмӣ кишт мешуд ва ҳосилнокӣ низ хело паст буд. Дар ин заминҳо ба ҳисоби миёна аз 4 то 6 сентнер аз ҳар гектар ғалла гирифта мешуду халос. Гандуму ҷав, асосан дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва шолӣ дар водии дарёҳо кошта мешуд. То соли 1990 қариб 32 %-и ғаллаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи иқтисодии Шимол, 37 %  дар Кӯлоб, 16 %  дар Ҳисор ва боқӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Ғарм истеҳсол мешуд.

Ҳоло майдони умумии зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгӣ 438,1 ҳазор га ташкил мекунанд, ки аз он зироати гандум – 331,8 ҳаз. га, ҷав – 64,8 ҳаз. га, шолӣ – 10,3 ҳаз. га, зироатҳои лубиёгӣ – 11,6 ҳаз. гектарро ташкил медиҳанд. Афзоиши истеҳсоли умумии ғалладона (соли 2008 дар мамлакат 942,9 ҳаз. тонна ҷамъоварӣ карда шуд) асосан бо роҳи интенсивӣ, яъне зиёдшавии ҳосилнокӣ аз ҳар гектари замини кишт таъмин карда шудааст. Ҳосилнокии зироатҳои ғалладона аз ҳар гектар 20,9  сентнерро ташкил дод, ки ин асосан ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ алоқаманд мебошад. Бо фармони Президенти мамлакат 75 ҳаз. гектар заминҳо ба деҳқонон тақсим карда шуд ва ин имконият дод, ки истеҳсоли ғалладона ба таври куллӣ зиёд карда шавад.

Зироати хӯроки чорво. Майдони кишти зироати хӯроки чорво қариб 12 %-и майдони кишти мамлакатро ишғол намудааст. То соли 1991 замини кишти зироати хӯроки чорво 227 ҳазор га ташкил медод, ки ҳоло ин нишондиҳанда ҳамагӣ 108,2 ҳазор га ва ё бештар аз ду маротиба кам шудааст. Ин ҳолат ба маҳсулнокии чорво дар кишвар таъсири манфӣ расонид.

Айни замон аз 1088,2 ҳазор га замини кишти зироати хӯроки чорво 30,0 ҳазор га он ба ҳиссаи майдони кишти алафҳои яксола; 11,6 ҳазор га ба ҳиссаи майдони кишти алафҳои бисёрсола (аз он ҷумла кишти тирамоҳӣ барои хӯроки тару тоза); 23,6 ҳазор га ба ҳиссаи кишти ҷуворимакка барои силос; 2,1 ҳазор га ба ҳиссаи кишти силос (бе ҷуворимакка) ва қариб 0,4 ҳазор га ба ҳиссаи кишти лаблабу барои хӯроки чорво рост меояд. Ҳамин тариқ ба ҳиссаи замини кишти алафҳои яксолаю бисёрсола қариб 80 %-и майдони умумии кишт рост меояд. Дар ин давра, ба ҳиссаи намудҳои дигари зироати хӯроки чорво, махсусан хӯрокҳои серғизо (силос, ҷуворимакка, лаблабу) ҳамагӣ 22 %-и замини кишти зироати хӯроки чорво дар мамлакат рост меояд. Чунин тафовут ғайриқаноатбахш аст ва он андешидани як қатор чораҳои муҳимро талаб мекунад, зеро ин тадбирҳо асоси баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ҷумҳурӣ мегардад.

ҚаблӣТавсифи комплекси агросаноатӣ
БаъдӣЧорводорӣ