Сабзиши рустаниҳо. Танзими сабзиш. Нуқтаи сабзиш. Моддаҳои зарурӣ барои сабзиш

Сабзиши рустанихо / растанихо. Танзими сабзиш. Нуктаи сабзиш. Моддахои зарури барои сабзиш.


Агар ҳамаи узвҳои рустанӣ муътадил амал кунанд, ин маънои онро дорад, ки рустанӣ дар вазъи хуби рушду сабзиш қарор дорад. Ба туфайли тақсимшавии ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунанда (бавуҷудоваранда) ва сипас сабзишу махсусиятпайдокунӣ ҳуҷайраҳои бавуҷудомадаи организми рустанӣ  аз  ҷиҳати ҳаҷму (андоза) вазн калон  шуда,  баркамол мешаванд.

Дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайраҳои камбий бофтаи ҳосилкунандаи нӯги пояҳо (нуқтаи сабзиш) ва ҷузъи сабзиши реша навдаҳои нав, решаҳои нав ба вуҷуд омада, рустанӣ ҳам ба қад (ба боло), ҳам ба поён ва ҳам ба бар (ба паҳно) нашъунамо мекунад ва калон мешавад.

Агар сабзишу калоншавии узвҳои одаму ҳайвонот то як синну соли муайян давом кунад, аз рустанӣ (ё сабзиши рустанӣ) дар давоми тамоми умраш (аз давраи ба сабзиш шурӯъ карданаш то маргаш) давом мекунад. Дар рустаниҳо дар давоми ҳаёташон доимо решаю навдаҳои нав ба нав ҳосил мешаванд. Ба ҷойи баргҳои хазоншудаю рехта боз баргҳои нав пайдо мешаванд. Дар ҳар мавсим гулу меваҳои пухтарасида пас аз адои вазифаашон хушк гардида, меафтанд.

Ҳамин тавр, сабзишу рушди доимии рустаниҳо ба ивазшавии доимии узвҳои асосӣ ва бофтаҳои алоҳидаи онҳо дар узвҳои доимоамалкунанда ба куллӣ вобастагӣ дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сабзишу рушди ҳамаи узвҳои рустанӣ, ки дар натиҷаи тақсимшавӣ ва калоншавии (кашидашавии) ҳуҷайраҳо амалӣ мегардад, қатъӣ идора карда мешавад. Фаъолияти нуқтаҳои сабзиши реша ва поя, калоншавии барг, ҷузъҳои поя, гулпоя ва меваҳо байни якдигар мувофиқат доранд. Масалан, дар фасли баҳор баробари сар шудани нашъунамои поя ва муғҷаҳо дар дарахтон тақсимшавии камбий вусъат ёфта, сабзиши яквақтаи навдаву тана бо ҳосил кардани солҳалқаи навбатӣ оғоз мегардад.

Инчунин қадкашии (сабзиши) боавҷи як узв метавонад қадкашии узви дигарро суст кунад ё боздорад. Чунки дар ин ҳолат захираи моддаҳои ғизоӣ ба як ҷузъу узви муайяни рустанӣ (баъзан ба зарари дигар узвҳо) равона карда шудааст. Масалан, агар решаи асосӣ ба дарозӣ боавҷ саб- зида истода бошад, чунин танзими дохилӣ боиси боздош- ти шохаронии реша мегардад. Агар  қисми нӯгии решаи асосӣ дур карда шавад, онгоҳ баръакс, решаҳои паҳлуӣ ва иловагӣ боавҷ сабзида, реша сершоха мешавад. Ин усулро дар кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд. Дар натиҷаи буридани як қисми шоху навдаҳо метавон муғҷаҳои хуфтаро бедор карда, ба рустанӣ ягон шакли дилхоҳро дод. Ҳамин тавр, танзими дохилии сабзиш имкон медиҳад, ки дар ҳудуди як рустанӣ баъзе усулҳои мусбати идоракунии рушду инкишофи рустаниҳо ба кор бурда шаванд.

Олимон муқаррар кардаанд, ки танзими равандҳои сабзиши рустаниҳо ва мувофиқати кори онҳо ба туфайли дар рустаниҳо ҳосил шудани моддаҳои махсус сурат мегирад. Ин моддаҳои мураккаби махсусро «моддаҳои сабзишӣ» ё «гормони сабзиш» меноманд. Онҳо дар ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунанда ҳосил шуда, метавонанд тавассути ҳуҷайраҳои лиф ҳаракат кунанд ва сабзиши ҷузъҳои (узвҳои) алоҳидаи рустаниро тезонанд ё боздоранд.


  1. Сабзиш чист?
  2. Сабзишу рушди рустаниҳо чӣ тавр амалӣ мегардад?
  3. Қадкашии рустаниҳо аз қадкашии одаму ҳайвонот чӣ фарқ дорад?
  4. Танзими сабзиш чӣ аҳамият дорад?
  5. Танзимшавии сабзишро бо кадом мисолҳо исбот кардан мумкин аст?
  6. Моддаҳои танзимии сабзишро чӣ меноманд?
ҚаблӣЗахирашавӣ ва истифодаи моддаҳо (дар рустаниҳо)
БаъдӣҲаракати рустаниҳо / растаниҳо