Оқил бояд чӣ гуна бошад?

Оқил бояд чӣ гуна бошад ва чӣ гуна сифатҳоро доро бошад? Пандномаи навбатии мо ки аз “пандномаи Аттор” оварда шудааст, ҷавоб ба ин суолҳост:

окил, аклу дониш


Ҳар киро ақл аст, дониш, эй азиз,

Дур бояд буданаш аз чор чиз.

Кори худ бо носазо накнад раҳо,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мард менакнад ба ҷои носазо.

Ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун,

3-ин чу бигзаштӣ, сабуксорӣ макун.

Ҳар киро аз ҳилм дил равшан бувад,

Дар замона бо салоҳи тан бувад.

То шавӣ пеш аз ҳама дар рӯзгор,

Даст бар нону намак бикшода дор.

То ту бошӣ дар замона додгар,

Зердастонро накӯ дорӣ асар.

Ҳар кӣ ӯ аз ҳирс дунёдор шуд,

Бегумон, аз вай Худо безор шуд,

Баҳри зар мастой дунёдорро,

То чӣ хоҳӣ кардан ин мурдорро.

Мурдагонанд ағниёи рӯзгор,

Эй писар, бо мурдагон суҳбат мадор.

Молу зар беҳад ба даст оварда гар.

Баъд аз он дар гӯри ҳасрат бурда гар.


Аз “Панднома”-и Аттор

ҚаблӣМеханизми бозор, моҳият ва хусусиятҳои он
БаъдӣТақозо, таркиб ва омилҳои он