Чорводорӣ

Чорводорӣ ба чунин соҳаҳои асосӣ тақсим мешавад: говпарварӣ (равияи ширу гӯштӣ, гӯшту ширӣ, ширӣ ва гӯштӣ), гӯсфандпарварӣ (зотҳои гӯшту равғандиҳанда, зоти маҳинпашм ва қароқулӣ), бузпарварӣ (зотҳои маҳаллӣ барои гӯшт ва бузҳои ангорӣ), асппарварӣ, хукпарварӣ, паррандапарварӣ, кирмакпарварӣ, занбӯрпарварӣ, моҳипарварӣ ва ғайра.

чорводори, чорводори дар тоҷикистон, чорвои точикистон

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим барои беҳтар намудани зотҳои чорво ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медод. Дар тӯли солҳои зиёд чандин зоти нави чорво (аз қабили гӯсфанди ҳисорӣ, аспи хатлонӣ, ғажговҳои помирӣ ва ғайра)-ро ба вуҷуд оварданд. Ҳоло чорводорӣ дар мамлакат баъди пахтакорӣ соҳаи калонтарин ба ҳисоб рафта, қариб 23 %-и маҳсулоти хоҷагии қишлоқро медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳистон чорводорӣ соҳаи афзалиятнок мебошад.

Саршумори чорво солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар зарари ниҳоят ҷиддӣ дид ва хело кам шуд.

Ин ҳолати мавҷударо дар соҳаи чорводорӣ аз рӯйи ҷадвал муқоиса намудан мумкин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Саршумори чорво дар ҳама хоҷагиҳои мамлакат (солҳои 1992-2008, ҳазор сар)

Намуди чорво С о л ҳ о
1992 1993 1994 1997 1998 1999 2000 2001 2003 2005 2008
Гов

аз он ҷумла модагов

Хук

Гӯсфанд

Буз

Асп

Мурғ

1390,7

 

585,9

 

128,2

2484,2

870,8

52,6

6586,5

1246,1

 

544,3

 

55,3

2237,4

845,7

48,6

2786,5

1250,1

 

559,7

 

45,7

2080,4

825,2

54,8

2951,2

1103,5

 

525,0

 

2,1

1650,2

687,6

63,9

198,0

1050,2

 

512,5

 

1,2

1554,0

667,6

65,8

563,9

1036,2

 

523,0

 

1,2

1494,3

701,3

67,1

675,4

1037,1

 

229,5

 

1,1

1472,3

705,8

71,7

770,9

1061,7

 

551,7

 

0,6

1477,9

743,8

71,7

1061,5

1218,8

 

638,2

 

0,5

1672

919,8

73,7

1887,8

1371,9

 

719,8

 

0,6

1893

1160

75,4

2451

1799,5

 

932,8

 

0,5

2578,6

1568,1

77,0

3682,9

 

Аз рӯи ҷадвал шарҳ додан мумкин аст, ки дар солҳои минбаъд махсусан баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳолати камшавии саршумори чорво ба назар мерасад. Махсусан, дар ин давра саршумори хук ниҳоят паст фуромад ва ҳатто ба аз байн рафтани он овард. Паст будани дараҷаи нишондиҳандаҳои саршумори чорво аз тарафи дигар ба дараҷаи таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти чорво ва саноати хӯрокворӣ (шир, тухм, гӯшт ва ғайра) таъсири манфӣ расонид. Барои ба ҳолати пештара овардани саршумори чорво бояд дар навбати аввал базаи хӯроки ҷорво мустаҳкам карда шавад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар сурати беҳтар кардани сифати хӯрок имконият мешавад, ки қариб 100 ҳазор тонна гӯшти иловагӣ (бо вазни зинда) гирифта шавад.

Говпарварӣ. Соҳаи муҳимтарини чорводории мамлакат буда, асосан равияи ширу гӯштӣ ва гӯшту ширӣ дорад. Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ба зиммаи он 88 %-и маҳсулоти хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ рост меомад, ки аз ин ҷиҳат баъди пахтакорӣ ҷои дуюмро ишғол мекард. Дар хоҷагиҳои ин соҳа қариб 50 %-и гӯшти ҷумҳурӣ истеҳсол мешуд.

Вазни қиёсии Тоҷикистон дар миқёси тамоми мамлакати Шӯравӣ оид ба истеҳсоли гӯшту шир зиёд набуд (ҳамагӣ 0,6 фоиз). Истеҳсоли гӯшт ба сари аҳолӣ назар ба ҳисоби миёнаи СССР 2,9 ва шир 3,2 мартиба кам буд.

Дар давоми солҳои 1970-1990 саршумори подаи гов дар ҷумҳурӣ аз 1008 то 1358 ҳазор сар (34,7 фоиз), аз ҷумла гови ҷӯшо аз 372 то 515 ҳазор сар (38,3 фоиз), истеҳсоли шир аз 285 то 576 ҳазор тонна (99 %), гӯшт аз 64 то 112 ҳазор тонна (75 %), ширҷӯшии миёна аз ҳар сари гови ҷӯшо аз 1109 то 2497 кг (2,3 маротиба) афзуд. Дар ин давра аз ҷиҳати дараҷаи маҳсулнокии подаи говҳо, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷои сеюмро ишғол мекард.

Дар ҷумҳурӣ барои парвариши зотҳои сермаҳсули гов ҳамеша тадбирҳои зарурӣ дида мешуд. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ба ҷумҳурӣ аз дигар гӯшаю канорҳои мамлакат зотҳои сермаҳсули гӯштӣ оварда мешуд ва гӯсолаҳои он ба шароити Тоҷикистон мутобиқ кӯчонида мешуданд. Масалан, саршумори зотҳои гӯштдеҳи қазоқӣ дар он солҳо ба шароити ноҳияҳои кӯҳистон мутобиқгардида маҳсулоти хуб медод.

Яке аз чорабиниҳои зиёд намудани зотҳои гӯштдеҳ ин дар шароити ноҳияи Ховалинг таъсис додани хоҷагии ба дараҷаи баланд механиконидаи парвариши говҳои гӯштдеҳ буданд. Вале дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ин хоҷагии таҷрибавии комплексӣ аз фаъолият монд.

Ҳоло парвариши гов дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ соҳаи камдаромад ҳисоб мешавад. Сабаби асосии он дараҷаи тараққиёти нокифояи базаи хӯрок ва таркиби пода мебошад. Қисми зиёди подаи гов дар хоҷагиҳои шахсӣ, ки механиконии протсесҳои истеҳсолӣ надоранд, ҷойгир шудаанд. Вале таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки маҳсулнокии говҳои хоҷагиҳои шахсӣ ва деҳқонӣ нисбати хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар шуда истодааст. Муносибатҳои бозоргонӣ аллакай дар бисёр ноҳияҳои кишвар бартарии худро дар хоҷагиҳои шахсию деҳқонӣ нишон дода истодааст ва дар ин бобат ҳавасмандии хоҷагиҳо саҳми асосӣ мебозанд.

Гӯсфандпарварӣ соҳаи қадим дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти асосии онро гӯшт, равған, пашм ва пӯсти қароқӯлӣ ташкил медиҳанд. Дар замони Ҳокимияти Советӣ соҳаи гӯсфандпарварӣ 4,4 %-и маҳсулоти чорво ва 8,3 %-и гӯшти ҷумҳуриро медод. Саршумори гӯсфанд то соли 1990 зиёда аз 2,5 миллионро ташкил мекард, ки ин 2,2 %-и гӯсфанди Иттиҳоди Шӯравиро дар бар мегирифт. Чарогоҳҳои зимистонӣ нисфи майдони чарогоҳҳоро ташкил дода, хело пуршиддат (7-8 моҳ) истифода мешуданд. Захираи хӯроки чарогоҳҳои зимистонӣ 650 ҳаз. тонна, вале талаботи гӯсфандон ба хӯрок бештар аз 1,0 млн. тонна буд.

Чарогоҳҳои Тоҷикистон хело камҳосил шудаанд (3,5 – 5,5 – сентнер аз ҳар гектар алафи хушк) ва сол то сол дар натиҷаи бенизом истифодабарӣ боз ҳам сифати онҳо паст шуда истодааст. Зичии рамаи гӯсфанд ба ҳар гектари чарогоҳи ҷумҳурӣ назар ба ҳисоби миёнаи ИДМ ду баробар зиёд аст.

Дар Тоҷикистон зотҳои гӯсфанди маҳинпашм, ниммаҳинпашм ва дорои пӯсти қароқӯлӣ ихтироъ карда шудаанд, ки ба инкишофи ин соҳа имконияти калон доданд. Дар шароити ҷумҳурӣ парвариши зотҳои ҳисорӣ, ҷойдорӣ, дарвозӣ, қароқӯлӣ самараи дилхоҳ медиҳанд. Бо ташаббуси академик Ғ.Алиев дар Тоҷикистон зоти нави гӯсфанди гӯшту равған ва пашмдиҳандаи «тоҷикӣ»-ро ихтироъ намуд, ки аз ҷиҳати вазну сифати пашм ба худ ҳамто надорад.

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ гӯсфандпарварӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ барои истеҳсоли гӯшту равған, дар қисмати ҳамворию нимбиёбон парвариши зотҳои қароқӯлӣ ва гӯсфандони маҳинпашм махсус гардонида шуда буд. Гӯсфандпарварӣ бештар дар ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои Вахш ва Кӯлоб васеъ паҳн шуда буд. Дар ин ноҳияҳо 70 %-и саршумори гӯсфанд, 72,3 %-и пашм, 51,2 %-и гӯшти гӯсфанд ва қариб 100 %-и пӯсти қароқӯлии ҷумҳуриро истеҳсол карда мешуд. Ҳоло дар саршумори умумии он зотҳои гӯшту равғандиҳанда ва дуруштпашм (зоти ҳисорӣ, ҷойдорӣ ва дарвозӣ) – 42,3 %, пӯстдиҳанда – 26,9 % пашмдиҳанда (кавказӣ, қирғизӣ, дарвозӣ, меринос – 25,5 % ва нимдурушт пашм- 5,3 %-ро ташкил медиҳанд. Баъди барҳам хӯрдани колхозу совхозҳо қисми зиёди саршумори чорво ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва дигар шаклҳои моликият дода шуданд. Зиёд намудани саршумори гӯсфанд талаб менамояд, ки дар водиҳои барои гӯсфандпарварӣ мувофиқ хоҷагиҳои махсусгардонидаи гӯсфандпарварӣ аз нав барқарор карда шаванд.

Дар ноҳияи кӯҳсор ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ бузпарварӣ ривоҷ ёфтааст. Саршумори буз соли 2008 қариб 1568,1 ҳазор сарро ташкил намуд. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ саршумори он ба 89,0 ҳазор сар мерасад. Парвариши буз асосан дар ноҳияҳои кӯҳсори водиҳои Ҳисору Рашт, Бадахшон, Зарафшон хуб ба роҳ монда шудааст. Бахусус, парвариши бузҳои дарозпашми ангорӣ аҳамияти калон дорад.

Паррандапарварӣ – соҳаи нисбатан нави чорводорист. Паррандапарварӣ дар замони Ҳокимияти Советӣ 15,1 %-и маҳсулоти чорводорӣ ва 19 %  гӯшти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандаро медод. Дар ин соҳа даҳ совхоз ва 5 корхонаи байнихоҷагии махсусгардида мавҷуд буд, ки 30 %-и маҳсулоти паррандапарвариро истеҳсол мекарданд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ стансияҳои чӯҷабарорӣ ва фабрикаҳои давлатии мурғпарварӣ мавҷуданд, ки ба истеҳсоли гӯшт ва тухм махсус гардонида шудаанд. Барои дар ҳама ноҳияҳои иқтисодӣ тараққӣ додани ин соҳа ҳама шароитҳои табиию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ мавҷуд аст. Ин соҳа бо хусусиятҳои дар мӯҳлати кӯтоҳ маҳсулотдиҳандааш нисбат ба дигар соҳаҳои чорводорӣ афзалиятнок аст. Ба ин хотир дар ҳама ноҳияҳо тараққӣ додани он ба мақсад мувофиқ аст, зеро дар шароите, ки дар ҷумҳурӣ саршумори дигар намуди чорво хело кам шудааст, ин ягона роҳи бо маҳсулоти гӯштӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат мебошад. Соли равон дар ҷумҳурӣ 3682,9 ҳазор сар мурғ мавҷуд буд.

Хукпарварӣ. Асосан дар атрофи шаҳрҳои калон парвариш меёбад, вале саршумори он ниҳоят кам аст. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ 21,4 %-и маҳсулоти чорвои мамлакатро медод. Саршумори хук соли 1991 дар ҷумҳурӣ қариб 130 ҳазор сар буд, ки соли 2003 ҳамагӣ 600 сар ва ҳоло 500 сар боқӣ мондааст. Вобаста ба он ки ғайри мардуми мусулмон дар мамлакат намояндагони дигар дину қавмҳое ҳастанд, ки гӯшти хукро истеъмол мекунанд, лозим меояд, ки ин соҳаи чорводорӣ нигоҳ дошта шавад.

Кирмакдорӣ- аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзии Тоҷикистон аст. Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҷумҳурии навташкил оид ба мустаҳкам намудани базаи хӯрокии кирмакдорӣ ва сохтмони заводҳои тухми кирмак дар Хуҷанд (1919) ва Душанбе (1929) тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар тӯли даҳсолаҳо дар ҷумҳурӣ даҳҳо млн. бех ниҳоли тут шинонда шуд. Ниҳоли тутро дар канори киштзорҳо, роҳ, ҷарӣ, ҷӯйбор мешинонанд. Онҳо нафақат барои кирмак барг (хӯроки кирмак аст) медиҳанд, балки киштзорро аз шамол ва хокро аз эрозия ҳифз мекунанд.

Кирмакдорӣ соҳаи сердаромад аст. Вай мавсимӣ будани корҳои кишоварзиро то дараҷае бартараф мекунад. Мавсими кирмакдорӣ ба моҳҳои май-июн рост меояд. Дар ин вақт ба нигоҳубини пахтазор фақат механизаторону обмонҳо машғул мебошанд.

Ҳангоми парвариши кирми пилла дар давраҳои 15-20 рӯзагӣ истифодаи қувваи коргарӣ то 10-12 мартиба меафзояд. Ин барои самаранок истифода бурдани қувваи коргарии на ин ки калонсолон, балки ҷавонон низ имконият медиҳад. Аз тарафи дигар, дар мӯҳлати 1-1,5 моҳ ҳар оила қариб 60-70 %-и буҷаи солонаи худро таъмин менамояд.

Барои 1 кг пилла ба ҳисоби миёна 18-20 кг барги тут лозим аст. Аз 1 қуттӣ тухми кирмак то 70-80 (баъзан 100-110) кг пилла мегиранд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосили умумии пилла дар ИДМ дар ҷои чорум (баъди Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркменистон) ва аз ҷиҳати ҳосилнокӣ дар ҷои дуюм (баъди Ӯзбекистон) аст. Ҳоло истеҳсоли умумии пилла дар мамлакат ба 3246 тонна расонида шуд.

Кирмакдорӣ дар Тоҷикистон ояндаи самарабахш дорад. Бо ин мақсад масоҳати тутзорҳо зиёд ва аз комёбиҳои илм бештар истифода карда мешаванд.

Занбӯрпарварӣ соҳаи нисбатан нав аст. Алҳол дар ҷумҳурӣ бештар 64829 ҳаз. оилаи занбӯр мавҷуд аст, ки зиёда аз 70 %-и он ба хоҷагиҳои шахсӣ мансуб мебошад. Ба занбӯрпарварӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва садҳо нафар ҳаваскорон машғуланд. Занбӯрпарварӣ махсусан дар Тоҷикистони Шимолӣ ва ноҳияи Рашт тараққӣ кардааст.

Асали растаниҳои кӯҳии Тоҷикистон хеле болаззат буда, ба миқдори зиёд ба дигар мамлакатҳо фиристода мешавад. Вале ҳанӯз имконотҳои занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон пурра истифода бурда намешаванд. Соли 2008 ҳамагӣ 1540 тонна асал гирифта шуд.

Занбӯрпарварони мамлакат мувофиқи таҷрибаи мавҷуда аз ҳар як оилаи занбӯр 15-20 кг асали хушсифат мегиранд.

Минбаъд барои рушди ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, 3 сентябри соли 2006 дар боғи Дӯстии халқҳо «Иди асал» доир кард. Ҳадаф аз ин иқдом ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Асппарварӣ – ин соҳа дар Тоҷикистон соҳаи қадимтарин ба ҳисоб меравад. Зотҳои аспҳои кишвари мо дар пойгаҳҳои асптозӣ шӯҳрати зиёд доштанд. Дер боз одамон аспро барои боркашӣ, ҷуфтронӣ ва бузкашию пойга истифода мебурданд. Саршумори асп соли 1991 – 52,6 ҳазор сар, соли 2000 – 71,7 ҳазор сар ва соли 2008 ба 77,0 ҳаз. сар расид. Назар ба дигар намуди чорво дар ин давра зиёд шудани саршумори асп гувоҳи он аст, ки дар мамлакат нисбати асп таваҷҷӯҳи  махсус мавҷуд аст. Алҳол дар замони истиқлолият барои парвариши зотҳои машҳури аспҳои тоҷикӣ, хатлонӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон хоҷагиҳои махсуси асппарварӣ вуҷуд доранд.

Моҳипарварӣ аз солҳои 60-уми асри XX рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Моҳиро асосан дар ҳавзҳои сунъӣ мепарваранд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ як қатор хоҷагиҳои моҳидорӣ мавҷуданд (Қайроққум, Панҷакент, Чубек ва Кофарниҳон). Хоҷагии моҳидории Хоҷамастон ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он моҳибача низ мефиристонад.

Бо мақсади равнақ додани моҳидорӣ дар оянда зиёд кардани ҳавзу кӯлҳо дар назар дошта шудааст.