Исмҳои мураккаб – Исмхои мураккаб

Исми мураккаб аз ду ва ё зиёда реша сохта шудаанд, исми мураккаб номида мешаванд: сад-барг (садбарг), гул-даста (гулдаста), сарфармондеҳ (сар+фармон+деҳ), кӯршабпарак (кӯр+шаб+пар+ак).


Машқи 1. Исмҳоро бодиққат хонед ва ба сохти онҳо диққат диҳед.

Гулдаста, зардолу, модаркалон, саркор, дорбоз, пойандоз, ҷорӯб, оҳанрабо, саргузашт, писархонд, сартарош, панҷшанбе, садбарг, ҷамъомад, коргар, ситорашинос.

Машқи 2. Матнро хонед. Исмҳои мураккабро ёфта ба дафтаратон нависед ва аз кадом ҳиссаҳои нутқ сохта шудани онҳоро муайян кунед. Намуна: барф (исм)+боз(феъл)+ӣ (пасванд).

Дар кӯча бачаҳо барфбозӣ доштанд. Бобои Барфӣ месохтанд. Ҳар гоҳ ки барф меборид, ман бо Ҷаҳоншоҳ ба кӯча баромада барфбозӣ ва чанасаворӣ мекардам. Ман ба чана савор мешудаму Ҷаҳоншоҳ рӯйи барф онро мекашид. Аммо ҳоло аз тирезаи хонаи хоб ба барфбозии бачаҳо, ба давутоз ва чанасавории онҳо менигиристаму ба онҳо ҳасад мебурдам. Онҳо ҳама шоду хурсанд барфбозӣ мекунанд. Қивучувкунон Бобои Барфӣ месозанд. Ҳамдигарро тела дода, рӯйи ях лағжонакбозӣ ва рӯйи барф чанасаворӣ мекунанд. Ман бошам, наметавонам ақаллан кӯча бароям. Ҷаҳоншоҳ таъкид кард, ки ба кӯча набароям, касал шуданам мумкин…

Ҳанифаи Муҳаммадзоҳир


Сохти исм

ҚаблӣПасвандҳои хурдию навозиш
БаъдӣИсмҳои таркибӣ ва имлои онҳо