Ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Абӯалӣ ибни Сино ва Муҳаммад Ғазолӣ

Нобиғаи бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) низ мавзӯи илмҳоро ба таври худ ба ду қисм тақсим намудааст. Якум, мавзӯе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дувум, мавзӯе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад ва ҳикмати амалист. Чунки дар ҷомеа, аз ҷумла сиёсат ва ахлоқ чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунанд. Ӯ илмҳои замонашро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба ғайр аз шаклҳои назариявӣ ва амалӣ онҳоро боз ба равияҳои гуногун тақсим менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар низоми фалсафии Ибни Сино масъалаи ахлоқ, сиёсат ва равоншиносӣ бо масъалаи мақом ва рисолати инсон дар ин олам мутобиқат мекунад, яъне инсон чун масъалаи меҳварӣ, мавзӯи асосии тамоми фалсафаи амалӣ арзёбӣ мегардад. Дар пешгуфтори «Рисола оид ба ахлоқ» Ибни Сино ба ҳолатҳое ишора мекунад, ки тавассути он инсон ба дараҷаи баланди камолоти ахлоқӣ ноил мегардад.

Арзишмандтарин сарчашмаи омӯзиши масъалаи тарбия дар эҷодиёти Ибни Сино «Тадбири манзил» мебошад, ки дар он шакл, воситаҳои тарбия ва усулҳои таъсиррасонии педагогӣ ба насли наврас баррасӣ шудаанд. Дар ин рисола Ибни Сино доир ба роҳу усулҳои тарбия ва таълими насли наврас андеша ронда, муҳиммияти таҳзиби иҷтимоӣ, табиати ҷамъиятии онро қайд менамояд, яъне чун ҷонибдори таҳсилоти муштараки тифлон дар мадраса баромад мекунад. Талабаи яккаву танҳо ва аз ҷомеа барканор, ҳамчунин устоди танҳо ба костагии рӯҳии таълимгиранда ва таълимдиҳанда оварда мерасонад.

Дар масъалаи тарбия андешаи Ибни Сино хилофи ақидаи Арасту буд. Арасту ақида дошт, ки муносибати инфиродӣ ба тарбия дар ҳар як ҳолати алоҳида аз тарбияи ҷамъиятӣ дида, судманд ва дақиқ аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оид ба зарурати дар инсон тарбия намудани меҳнатдӯстӣ ва мустақилӣ сухан ронда, ибни Сино ҳамзамон мухолифи беамон ба ҳар гуна имтиёз барои ашрофзодагон буд ва меъёри олии инсонгариро дар ахлоқ ва хирад медид. Худшиносӣ ва ҳувияти шахсият, шараф ва номуси вай наметавонанд ирсӣ бошанд. Ба «обрӯ» ва сарвати волидайн фахр намуда, инсон оқибат шахсият ва ҳувияти хешро аз даст медиҳад.

Андешаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Сино моҳиятан идомаи мустақими назарияҳои фалсафӣ, табиатшиносӣ ва ахлоқии ӯ буда, ҳолати воқеии ҷомеаро инъикос мекунанд. Ҷомеае, ки Ибни Сино ба он майлу рағбат дошт, таҷассумгари навъи давлате буд, ки ба адолат асос ёфта («Мадинаи одила»), ба тазод ва мушкилоти замона нигоҳ накарда, манфиати табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба инобат мегирифт.

Яке аз қобилиятҳои муҳимми табиии инсон, ки тавассути он ӯ худ ва олами атрофро тафовут намуд, «нутқ» буд. Дар маънои васеи калима он нутқи сареҳи фардро ифода мекунад. Яъне, инсон соҳиби қобилиятест, ки тавассути нутқ маънӣ ва мазмуни чизҳоро дарк менамояд. Ба аломатҳои махсуси фарқкунандаи инсон таҳайюр ва ханда (табассум) мансубанд.

Сабаби ба табақаҳои иҷтимоӣ тақсимшавии ҷомеа ва сабаби мавҷудияти нобаробарии иҷтимоиро Ибни Сино ба хусусияти табиати инсон вобаста мекунад. Тибқи андешаи Ибни Сино, нобаробарии иҷтимоӣ умури азалии илоҳист, ки мувофиқи он мардум ҳам аз ҷиҳати вазъи молию иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати тарзи тафаккур ва ҳуш гуногун офарида шудаанд.

Тасовии аҳвол ва набудани «тафовути аҳвол», аз байн бурдани ҳама гуна марз байни табақаи ҷомеа ба таназзул меорад ва охируламр сабаби вайроншавӣ ва нобудшавии насли инсонӣ мегардад. «Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва баробар бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст аз дӯст мунқатеъ мегардад. Ва агар ҳамагӣ фақиру муҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас, тафовути аҳвол ва ихтилофи иқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад».[1]

Сиёсатро Ибни Сино чун навъи санъат меҳисобад. Сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ – ҷавлонгоҳи на танҳо ақл, балки маҳорат низ ҳаст ва ба он бояд чун навъи санъати олӣ муносибат намуд. Бинобар ин маснади сиёсии давлатро, аз назари Сино, бояд подшоҳ ё султон сарварӣ намояд. «Дар тадбири умур ва ҳусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшоҳону шаҳриёронанд, ки Худо ононро зимомдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод дорои тасаллут ва қудрат намудааст».[2]

Оини сарварии подшоҳ ё султон, тибқи ақидаи вай, бояд қабл аз ҳама, аз омилҳои маънавӣ вобаста бошад. «Нахустин сиёсате, ки сазовор аст, инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худи ӯст. Яъне, аввал, бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, сиёсату тадбирашро дар он кору кӯшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу неку бинамояд. Чи нафси одамӣ наздиктарину муҳтарамтарини чеҳраҳост нисбат ба ӯ ва дар миёни онҳо ба инояту таваҷҷуҳ сазовортар ва шоистатар аст. Ва агар касе аз уҳдаи сиёсати неку ва ислоҳи нафси худ барояд, он гоҳ боке бар вай нест, ки ба болотар аз он иқдом карда, ба сиёсати билод бипардозад. Яъне, касе, ки худро ислоҳ карда бошад, метавонад ба сиёсату тадбири умури мардум иштиғол варзад».[3]

Ба дӯсти хирадманд ва содиқ ҳар як инсон ниёз дорад, вале хусусан он ба шаҳриёрон, сиёсатмадорон дар тадбири вазифаҳои давлатии эшон зарур аст. Дар идораи давлат сарвар –подшоҳ, амир ё султон ба ҳақиқат, сидқу вафои тобеони хеш эҳтиёҷ дорад ва дар ин ҳол маслиҳати тундомез, вале боадолати ҳаким, қайд мекунад Шайхурраис, назар ба тамаллуқи гӯшхароши амалдорони берӯй муфидтар аст, ки ҳоҷагони худ – амирон ва подшоҳонро таърифу тавсиф мекунанд. Ибни Сино хуб дарк менамуд, ки сатрҳои навишта на ҳамеша ба зимомдорони абарқудрат мерасанд.

Ибни Сино дар ҷабҳаҳои гуногуни илми замони худ: фалсафа, мантиқ, тиб, риёзиёт, ҳандаса ва ғайра саҳми босазое гузоштааст. Ҳоло ҳам муҳаққиқони эҷодиёти мутафаккир сари масъалаи миқдори асарҳои ӯ ба як хулосаи муайяне наомадаанд. Таъсири фалсафаи ӯ дар инкишофи минбаъдаи илм пурра таҳқиқ нашудааст, агарчи қисми рисолаҳои фалсафию адабиашро ба чанд гурӯҳ тақсим менамоянд: рисолаҳои комилан фалсафӣ; рисолаҳои баҳсӣ оид ба дигаргуниҳои табиат; рисолаҳои иҷтимоию сиёсӣ, динӣ ва ахлоқӣ; рисолаҳои сирф илмӣ.

Бояд қайд кард, ки миқдори асарҳои Ибни Сино хеле ҳам зиёданд. Вобаста ба тартиби таълиф шудани осори ӯ муҳаққиқон онро ба қисмҳои дар боло зикрёфта ҷудо намудаанд. Масъалаҳое, ки имрӯз мо таҳқиқ намудаем, ба рисолаҳои гурӯҳи иҷтимоию сиёсӣ, динӣ ва ахлоқӣ дохил мешаванд. Ба ин гурӯҳ рисолаҳои «Муршид-ул-кифоя», «Ваҳд», «Таҳсил-ус-саодат», «Қадр», «Тадбири манзил», «Ҳай ибни Яқзон», «Тайр» ва «Ишқ» мансубанд.

Дар ақидаҳои иҷтимоию сиёсии худ Ибни Сино ҷонибдори ҷомеаи идеалӣ (олӣ) буд, ки ҳокими мутлақи он шахси донишманд ва ҳақиқатҷӯй бошад. Салтанати мутлақро ӯ беҳтарин шакли давлатдорӣ меҳисобид. Ибни Сино ҳам  монанди Арасту одамро ҳамчун махлуқи ҷомеа нишон медиҳад. Ба ақидаи ӯ, шароити мавҷудияти одамон дар ҷамъият ҳамкории онҳо мебошад. Барои чунин ҳамкорӣ ба кулли аъзоёни ҷамъият қонуни ягонаи оқилона ва адлия лозим аст. Ҳамаи аъзоёни ҷомеа бояд ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд. Барои иҷрои ин вазифа Ибни Сино ҳамаи аъзоёни ҷомеаро ба се гурӯҳ тақсим менамояд: 1) садорат; 2) истеҳсолкунандагон; 3) ҳарбиён.

Ба ақидаи Ибни Сино, дар ҷомеае, ки барои аъзоёнаш қонун вуҷуд дорад, бояд беадолатӣ вуҷуд надошта бошад. Агар худи роҳбар  ҳам беадолат бошад, исён алайҳи ӯ барҳақ аст ва бояд, ки исён аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ ёбад. Ин ғояҳои пешқадами иҷтимоию сиёсии Ибни Сино ба ҷаҳонбинии иҷтимоию сиёсии бисёр олимону шоирони классики тоҷику форс таъсир расонидаанд.

Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ (1058-1111) яке аз бузургтарин чеҳраҳои олами илму маърифати форсу тоҷик буда, дар рушду такомули илмҳои калом, фиқҳ, фалсафа, тасаввуф, тафсиру ахбори набавӣ ва ҷомеашиносии ҷаҳон нақши хосса дорад. Осори пурғановати ӯ нишонае аз нуфузи фавқулодаи эшон дар олами ислом буда, ӯро бо номи «Ҳуҷҷатулислом» муаррифӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки бештари ақидаҳои иҷтимоию сиёсии ӯ дар «Кимиёи саодат», «ал-Мунқиз миналзилол» ва «Насиҳат-ул-мулук» баён гардидаанд. Ҳатто баъзан андешаҳои ӯ дар асарҳои номбурда мазмунан такрор ёфта, ғояҳои орифонаю фалсафаи иҷтимоии мутафаккирро равшану возеҳ менамоянд. Ба монанди оне ки хулосаи «Эҳё улум-ад-дин» дар «Кимиёи саодат» ҳамчун матни мухтасар омадааст.

Ӯ дар бораи давлат ва ҳокимият мулоҳизаронӣ намуда, дар китоби «Эҳё улум-ад-дин» консепсияи фалсафии моҳияти ҳокимиятро бо паҳлуҳои мухталиф ва мисолҳои мушаххас таҳлил намудааст. Новобаста ба оне ки ӯ дину давлатро дар робитаи бо ҳам мутақобила медид, аммо хуб дарк менамуд, ки бақои дин бе давлат аз мантиқ берун аст, аз ин рӯ, барои пойдории давлат низоми сиёсиро баррасӣ менамояд. Сиёсат дар фаҳмиши Ғазолӣ «ашрафи усули саноат»[4] яке аз такягоҳҳои асосии олам буда, одамонро ба ҳам наздику маданӣ менамояд ва барои онҳо низоми дурустеро барқарор мекунад. Дар иртибот ба ин Ғазолӣ инсонро махлуқи нотиқ, ё ин ки сиёсӣ дониста, мафҳуми сиёсатро ба таври худ таъриф додааст: «Саноати сиёсат он иқтизо мекунад аз камоли мутаккалифи сиёсат, ки саноати дигар иқтизо мекунад. Ва ба сабаби он соҳиби сиёсат суннои дигарро ҳар оина хидмат мефармояд. Ва сиёсат дар истилоҳи мардумон ва намудан бад-эшон роҳи ростро, ки наҷотдиҳанда аст дар дунё ва охират».[5] Мутафаккир воқеаи таърихи сиёсии хилофатро аз назари танқидӣ омӯхта, бо истифодаи ибораҳои мафҳумӣ онро ба «Шаклҳои сиёсат» тақсим менамояд ва онҳоро ба чор гурӯҳ ҷудо месозад:

– якум, сиёсати пайғомбарон ва ҳукми онҳо ба ашрофзодагон, фармонбардорон ва бар ҳама чизи аён бар ботину ниҳон;

– дуюм, сиёсати хулафо, султон ва шоҳ ва ҳукми онҳо ба одамони одӣ, бар ҳама чизи аён на бар ботину ниҳон;

– сеюм, сиёсати уламо ва ҳукми онҳо ба ашрофзодагон, на ба одамони одӣ, балки ба ботину ниҳон ва на ба аён;

– чаҳорум, сиёсати воизон (таблиғгарон) ва ҳукми онҳо ба мардуми одӣ, на ба ашрофзодагон, бар чизи аён на бар ниҳон.[6]

Бояд гуфт, ки Ғазолӣ аз ҳокимияти сиёсӣ вазифаҳои асосии диндориро ҷудо намуда, аз таҳти назорати ин ҳокимият кӯшиш менамояд, ки тафаккур ва рӯҳи пардапӯшонаро озод намояд. Ӯ маҳдудияти вазифаи ҳокимиятро танҳо танзими муносибатҳои шаҳрвандӣ дар ҷомеа (байни амирон ва одамони одӣ) медонад. Яъне, вазифаи ҳокимият ва давлат риоя намудани қонунҳои фиқҳ ва шариат, ки дар асоси эътирофи амалӣ намудани манфиатҳои (мардуми одӣ ва ашрофзодагон) умумӣ барпо карда мешавад. Ҳамин тавр, аз сабаби он ки дар сиёсат қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳо танҳо ба воситаи ба даст овардани ҳокимият амалӣ мегардад ва ба даст овардани ҳокимият яке аз объектҳои асосии фаъолияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад, назари аксари уламою донишмандони дини ислом характери худомандӣ дорад. Лекин Ғазолӣ ба вазифаи асосии ҳокимият, яъне барпо намудани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва давлат пурра сарфаҳм рафта, ин идеяро мантиқан то ба охир инкишоф дода, мафҳуми «ҷанбаи илоҳии ҳокимият»-ро ҷорӣ намудааст. Дар ин консепсияи ҳокимият руҷӯъ ба ҳокимият, шаклан ба амри «Худо» муқоиса карда мешавад, акси онро мазмунан дар ҳолате ки агар ҳокимият кирдори бадахлоқона дошта бошад, нишон медиҳад. Умуман, ҳокимият дар андеша ва муҳокимаронии Ғазолӣ бештар мазмуни «муқаддас»-ро мегирад ва дар ҳолати набудани ахлоқи сиёсӣ механизми зӯроварӣ ҳокимиятро бо роҳи ҳавобаландӣ ва бесаранҷомӣ мубаддал мегардонад. Ин ду зуҳурот аз надонистани оне, ки мазмун ва вазифаи асосии ҳокимият чӣ мебошад, сар мезананд. Ба ақидаи ӯ, ҳокимият дар худ ҳам раҳму шафқат, ҳам бадӣ, зебоӣ, ҳаёт ва ҳам маргро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, Ғазолӣ кӯшиш ба харҷ додааст, ки одамизодро илоҳӣ ё худомандӣ ва сиёсатро ҳамчун падидаи ахлоқӣ нишон диҳад.

Ҳамзамон, мазмуни асосии проблемаҳое, ки ба нафс, ахлоқ, рӯҳ ва сиёсат вобастагӣ доранд, дар андешаҳои Ғазолӣ ҳамчун масъалаҳои мубрами рушду каломи инсон баён гардидаанд.

Нисбат ба давлатдорӣ, риояи ҳуқуқи фуқаро ва ҳокимият рондан чунин ибрози ақида дорад: «Бидон, ки вилоят доштан коре бузург аст ва хилофати Худо Ҳақтаъоло бувад дар замин, чун бар тариқи адл равад. Ва чун аз адл ва шафқат холӣ бувад, хилофати иблис бувад, ки ҳеҷ фассодро асари азимтар аз зулми волӣ нест»[7]. Дар ин ҷо мутафаккир бештар устувории пояҳои давлатдориро дар тантанаи адлу инсоф дида, зулму истибдодро маҳкум менамояд, хусусан зулми фармонфарморо нисбат ба зердастон.

Ғазолӣ ҳокимияти ҳақиқии фармонфарморо дар масири аз худ намудани хусусияти беруна нею дар фаҳмиши ниҳонӣ мебинад. Яъне, маънии норавшан, ё ин ки ниҳонии ҳокимиятро – маънои ҳақиқии он медонад. Ба андешаи ӯ, агар инсон соҳиби сифатҳои ботинию зоҳирии сарварӣ бошад, новобаста ба оне ки ӯро ба ҳокимият даъват намоянд ё не, ӯ ба он мушарраф мегардад. Албатта, ин боз ба фаъолият ва муносибати шахс вобаста буда, дар ҳар ҳолат боҷуръат буданро тақозо менамояд. Чуноне ки Ғазолӣ дар ҷойи дигар ишора кардааст: «Он ки дар ҳар воқеае, ки пеш ояд, тақдир кунад, ки ӯ раият аст ва дигаре волӣ. Ва ҳар чӣ ба худ написандад, ҳеҷ мусулмонро написандад ва агар биписандад ғиш ва хиёнат карда бошад дар вилоят»[8].

Аз ин рӯ, ба ақидаи Ғазолӣ шоҳи ҳақиқӣ, пеш аз ҳама, бояд соҳиби «лашкари ботинӣ»-и худ буда, ҳисси бошуурона, ваҳм (воҳима), айёрӣ ва дигар сифатҳои ғайримуқаррарӣ дошта бошад. Ӯ дар андешаҳои иҷтимоию сиёсии хеш нишон медиҳад, ки дар назди ҳокимият бояд чунин мақсадҳое гузошта шаванд, ки барои ҳокимият муҳим бошанд, ба монанди адлу инсоф ва некиро ба олам паҳн намудан. Ин аст, ки Ғазолӣ подшоҳиро амри илоҳӣ дониста мегӯяд: «Бидон, ки ин подшоҳӣ Худой диҳад ва онро диҳад, ки Ӯ хоҳад… Пас бибояд донист, ки касеро, ки Ӯ подшоҳӣ ва фарри эзидӣ дод, дӯст бояд доштан ва подшоҳонро мутобеъ бояд будан ва бо мулук мунозоат (хусумат) набояд кардан ва душман набояд доштан… Пас ҳар киро Худой таоло дин додааст, бояд, ки мар подшоҳонро дӯст дорад ва мутеъ бошад»[9]. Новобаста ба он ки дар ақидаҳои фалсафию сиёсии Ғазолӣ баъзе ғояҳои мутафаккирони Юнони қадим ҷой доранд, лекин назари эшон ба раванду воқеияти инкишофи ҷомеа дигар аст. Ғазолӣ рушду инкишофи давлату давлатдорӣ ва муносибатҳои байни ҳокимону зердастонро дар қолаби мафҳумҳои шариати исломӣ мавриди таҳлил қарор дода, аз хаёлпарастии ғояҳои шаҳрҳои ормонӣ канораҷӯӣ намуда, то ҷое ба масъалаи ормонихоҳӣ майл намудааст.

Масъалаи дигаре, ки андешаҳои иҷтимоию сиёсии мутафаккирро фаро гирифтааст, ин масъалаи дину подшоҳӣ ва сиёсати вазорату сирати вазирон мебошад. Ба назари эшон, муҳимтарин ва некутарин чизе, ки барои подшоҳон зарур аст, ин дин мебошад. Яъне, дину подшоҳӣ бояд чун ду бародар аз як модар бошанд. «Шоҳ бояд некукорро гиромӣ дораду ба неккирдорӣ подош диҳад. Бадкирдорро аз бадӣ боз дораду худ аз бадӣ парҳез намояд. Ва чун подшоҳ босиёсат набуваду бадкирдорро раҳо кунад, кори ӯ ба кори эшон табоҳ шавад… Бими сиёсати султону подшоҳ набошад, халқ бар тоату салоҳ набошанд».[10]

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар низоми роҳбарии давлату ҳокимиятдорӣ Ғазолӣ мақоми сарвари сиёсӣ, диндорӣ ва қобилияти фавқулодаи онро дар мадди аввал гузошта, сарварони сиёсиро шахсони худодод, ғайриодӣ ва соҳиби баъзе қувваҳои фавқулода медонад. Махсусан, дар ақидаҳои иҷтимоию сиёсии мутафаккир мавқеи вазир (мушовир) бо қобилияти баланди фикрию ахлоқӣ ва дурандешиву кордонӣ асоснок мегардад. Ӯ рушду инкишофи давлатдориро ба вазир вобаста дониста, менависад, ки «ободонии вилояту хазина аз вазир бошад ва ороиши подшоҳиву шукӯҳу тавоноӣ аз ӯ бувад ва сухан гуфтану ҷавоб додан бад-ӯ падидор бувад ва шодикунандаи дӯстони малику хоркунандаи душманони малик бувад. Ва сазовортарин касе ба навохтану бузург доштан дастур бувад»[11].

Ҳамин тавр, Имом Ғазолӣ низоми рукнҳои давлату давлатдориро дар иртибот бо ҳакимону вазирон, мушовирону дигар андешамандон вобаста намуда, мақоми ақлу имонро воситаи асосии рушду инкишофи ҷомеа ва дин медонад.


[1]Ибн Сина. Избранные философские произведения. – С.13.

[2]Абӯалӣ ибни Сино. Осор. – Ҷ.2. – С.14.

[3]Ҳамон ҷо. – С.16.

[4] Муҳаммад Ғазолӣ. Эҳё улум-ад-дин. – С.44.

[5] Фотиҳат-ул-улум. – С.455.

[6] Мухаммад Газали. Наставление правителям. – С.9-10.

[7] Муҳаммад Ғазолӣ.  Кимиёи саодат. – С.218.

[8] Муҳаммад Ғазолӣ.  Насиҳат-ул-мулук. – С.39.

[9] Ҳамон ҷо.

[10] Муҳаммад Ғазолӣ. Насиҳат-ул-мулук. –С. 49, 79.

[11] Ҳамон ҷо. – С.86.


Калидвожаҳо: Акидахои ичтимоию сиёсии Абуали ибни Сино ва Мухаммад Газоли, акидахои мухаммад газоли, акидахои сиёси, сиёсатшиноси, реферати точики, маводхои точики, кори курси, рефератхо бо забони точики

ҚаблӣАФКОРИ СИЁСИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС
БаъдӣАндешаҳои иҷтимоию сиёсии Низомулмулк ва Унсурулмаолии Кайковус