Чаҳор чиз баданро лоғар ва заиф мекунад:
1. Кӯтоҳдастӣ;
2. Фироқу ҷудоӣ аз дӯстдошта;
3. Ҷуръати душман;
4. Қабул накардани насиҳат ва хандидан ба олимону оқилон.
Чаҳор чиз ҷисми инсонро бемор мекунад:
1. Сухани бисёр;
2. Хоби бисёр;
3. Хӯрдани бисёр;
4. Ҷимоъи бисёр.
Чаҳор чиз баданро ба ҳалокат мерасонад:
1. Андӯҳ, яъне ояндаро фикр карда ғусса хӯрдан;
2. Ғам, яъне ба гузашта ғусса хӯрдан;
3. Гуруснагӣ;
4. Саҳар кардан, яъне шаб то рӯз хоб накардан.
Чаҳор чиз одамро фараҳ меорад:
1. Назар кардан ба кабудизор;
2. Назар кардан ба оби ҷорӣ;
3. Назар кардан ба маҳбуб;
4. Назар кардан ба меваҳо.
Чаҳор чиз баданро қавӣ мекунанд:
1. Пӯшидани мулоим;
2. Даромадани ҳаммоми мӯътадил;
3. Хӯрдани таоми ширини равғандор;
4. Бӯй кардани хушбӯиҳо.
Чаҳор чиз оби рӯйро меравонад ва инсонро рӯйхунук мекунад:
1. Дурӯғ;
2. Бешармӣ;
3. Пурсидан бе зарурат, яъне гадоӣ;
4. Гуноҳи бисёр.
Чаҳор чиз обурӯйро зиёд мекунад:
1. Мардигарӣ;
2. Вафо;
3. Дасткушодӣ ва карам;
4. Тақво.
Чаҳор чиз сабаби бад дида шудан мегардад:
1. Кибр;
2. Ҳасад;
3. Дурӯғ;
4. Хабаркашӣ.
Чаҳор чиз ризқро ҷалб мекунад:
1. Намози нисфи шаб;
2. Саҳаргоҳон истиғфор гуфтан;
3. Садақаро додан;
4. Зикр кардан пагоҳӣ ва бегоҳӣ.
Чаҳор чиз ризқро барҳам мезанад:
1. Баъди намози бомдод хоб кардан;
2. Ба намоз сустӣ кардан;
3. Танбалӣ;
4. Хиёнат.
Чаҳор чиз фаҳму зеҳнро зарар мерасонад:
1. Турширо бисёр тановул кардан;
2. Ғам;
3. Андӯҳ;
4. Пуштнокӣ хоб кардан.