Графикаҳои растрӣ ва векторӣ

Графикахои растри ва вектори


Вазифахои виройишгарони графики

Вазифаҳои виройишгарони графикӣ. Компютерҳо дар ибтидои пайдоишашон имконияти сохтани объектҳои графикиро пешниҳод карда наметавонистанд. Он вақт ба экран танҳо аломатҳо – ҳарфҳо, рақамҳо ва рамзҳои махсусро баровардан мумкин буд. Вале аз ҳамон давраҳо сар карда одамон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки компютерро ҳамчун таҷҳизоти рассомӣ низ истифода баранд. Масалан, барномарезон бо ёрии барномаи компютерӣ ва тавассути аломатҳо расми Мона Лизаи рассоми машҳури дунё Леонардо да Винчиро офарида буданд. Баъдтар ба компютер кашидани тасвирҳои одӣ – нуқта, хатти рост ва давраро ёд доданд. Мониторҳо он вақт танҳо рангҳои сиёҳу сафедро инъикос карда метавонистанду халос.

Имрӯз сохтани тасвирҳо дар компютер ба воситаи барномаҳои махсусе ба роҳ монда шудааст, ки онҳоро виройишгарони графикӣ меноманд. Виройишгари графикӣ муҳити амалие мебошад, ки барои таҳия ва таҳрири тасвирҳои графикӣ пешбинӣ шудааст.


Графикаи растрӣ

Графикаи растрӣ. Дар графикаи растрӣ (raster – панҷара) тасвир бо ёрии маҷмӯи нуқтаҳои ранга сохта мешавад. Тасвири компютерии графикаи растрӣ дар шакли матритсаи росткунҷа ифода карда мешавад. Дар буриши сатру сутунҳои матритса катакҳо ҳосил мешаванд, ки онҳо аслан нуқтаҳои алоҳидаи тасвир мебошанд. Сатру сутунҳо ва катакҳои матритса ба тӯри нуқтаҳо монанд аст. Аз ин рӯ, ин гуна тӯрро харитаи растрӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи он (нуқтаҳо)-ро пиксел мегӯянд. Ҳар қадар андозаи пикселҳои харитаи растрӣ хурдтар бошанд, дар экрани компютер тасвир ҳамон қадар саҳеҳтар намойиш дода мешавад.

Графикаи растрӣ
Графикаи растрӣ

Азбаски чашми инсон нуқтаҳои аз ҳад хурди экранро ҷудо карда наметавонад, бинобар ин он харитаи растриро ҳамчун як тасвири яклухт қабул менамояд. Агар ҳангоми миқёсгирии тасвир андозаи он калон карда шавад, он гоҳ аз нуқтаҳои алоҳида иборат будани тасвирро баръало дидан мумкин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Харитаи растрӣ массиви сеченакаеро мемонад, ки бо ёрии ду ченаки аввалаи он, мувофиқан, координатҳои пикселҳои тасвир дар ҳамворӣ ва ченаки сеюм – ранги пикселҳо муайян карда мешаванд. Азбаски ҳангоми сохтани тасвир дар графикаи растрӣ формулаҳои математикӣ истифода намешаванд, бинобар ин бояд имконияти ҳалкунандагӣ ва андозаи тасвир дода шаванд.

Графикаи растрӣ имконият медиҳад, ки хусусиятҳои асосии расм – равшанӣ, шаффофӣ ва амиқии ранг нигоҳ дошта шавад. Бо ёрии он тамоми навъи рангҳои тасвирро, ки ба рангҳои табиӣ хеле наздиканд, ифода кардан мумкин аст. Бо ҳамин сабаб ҳам тасвирҳои растрӣ ба аксҳои аслиашон бисёр монанд мешаванд.

Тасвирҳои бо ёрии сканер нусхабардоришуда ва фотокамераи рақамӣ аксбардоришуда низ тасвирҳои растрӣ мебошанд. Ин гуна тасвирҳоро пеш аз ҳама бо ёрии барномаҳои графикаи растрӣ ва инчунин барномаҳои графикаи векторӣ, ҳангоми табдилдиҳии тасвирҳои векторӣ ба растрӣ, ҳосил кардан мумкин аст. Дар ин гуна мавридҳо форматҳои гуногуни парвандаҳои графикаи растрӣ рӯйи кор меоянд, ки ҳар кадомашон тарзи махсуси рамзгузории иттилооти графикиро истифода мебаранд. Дар ҷадвали поёнӣ нишондиҳандаҳои асосии баъзе форматҳои графикӣ, ки бештар мавриди истифода қарор дода мешаванд, оварда шудааст.

Аз форматҳои овардашуда дар Интернет асосан дутоашон – GIF ва JPEG истифода мешаванд.


Формати GIF

Формати GIF (graphics interchange format – формати мубодилаи графикӣ) яке аз форматҳои маъмули графикӣ ба ҳисоб рафта, ба сахтафзорҳои компютерӣ вобастагӣ надорад. Ин формат барои дар шакли фишурда (зич) нигоҳ доштани тасвирҳои растрӣ пешбинӣ шудааст. Дар як парвандаи он якчанд тасвирро нигоҳ доштан мумкин аст. Аз ин рӯ онро бештар барои сохтан ва нигаҳдории тасвирҳои аниматсионӣ (маҷмӯи кадрҳо) ва расмҳое истифода мебаранд, ки заминаи онҳо шаффоф аст. Формати GIF-ро рассомон барои дастӣ кашидани расмҳо хеле зиёд истифода мебаранд. Маҳдудияти асосии формати GIF – ин миқдори нисбатан камтари рангҳои (то 256-то) дар тасвир истифодашавандаи он мебошад. Ин миқдор ранг барои корбурди интернетӣ пурра басанда аст, вале барои иҷрои корҳои касбии полиграфӣ, албатта, кифоя нест.


Формати JPEG

Формати JPEG (joint photographic experts group – гурӯҳи муштараки экспертони акс) формати дигари машҳури графикӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун усули самараноки нигаҳдории тобишҳои баланди рангии тасвир истифода мешавад. Дар ин формат барои ифода намудани тобишҳои рангии тасвир зиёда аз 16 миллион рангро истифода бурдан мумкин аст, ки ин миқдор ранг барои анҷом додани саҳеҳтарин амалҳои тасвирсозӣ кифоя аст. Дар формати JPEG алгоритми фишурдани тасвир бе талафдиҳии иттилоот истифода мешавад. Аз ин рӯ ҳангоми дар экран кушодани тасвир он дар шакли аслиаш инъикос мешавад. Яъне дар он шакле, ки пеш аз фишурдан (сабткунӣ) қарор дошт. Барои ҳамин ҳам аз формати JPEG бештар ҳангоми нигаҳдории аксҳо ва тасвирҳое истифода мебаранд, ки онҳо тавассути рангҳои гуногун сохта шудаанд.


Графикаи векторӣ

Графикаи векторӣ. Ҷузъҳои асосии графикаи векторӣ объектҳои геометрӣ мебошанд. Ба сифати объект шаклҳои одии геометрӣ – примитивҳо (росткунҷа, доира, эллипс, хат ва нуқта), фигураҳои таркибии бо ёрии ин примитивҳо сохташуда ва ғайра қабул карда шудаанд.

Графикаи векторӣ
Графикаи векторӣ

Яке аз объектҳои муҳимми графикаи векторӣ сплайн мебошад. Сплайн – хатти каҷест, ки бо ёрии он дигар фигураҳои геометрӣ сохта мешаванд. Масалан, ҳуруфи намуди TryeType ва PostScript маҳз ба воситаи сплайнҳо сохта шудаанд.

Графикаи векторӣ нисбат ба дигар графикаҳо бартариҳои зиёд дорад. Бартарии асосии ин графика дар он аст, ки тавассути он шакл, ранг ва мавқеи объектҳои таркибиро дар фазо бо ёрии формулаҳои математикӣ ифода кардан мумкин аст. Дигар бартарии он  сарфаи ҷой ҳангоми сабти тасвир дар диск мебошад. Ин вобаста ба он аст, ки дар диск на худи тасвир, балки маълумоти формулавӣ оид ба тасвир нигоҳ дошта мешавад. Дар ин навъ графика шарҳи тавсифҳои рангӣ тамоман ба андозаи тасвир таъсир намерасонанд.

Объектҳои графикаи векториро бо осонӣ табдил, тағйир ва интиқол додан мумкин аст, ки ин амалҳо ба сифати тасвир ягон таъсир намерасонанд. Амалҳои миқёсгирӣ, тобдиҳӣ ва каҷ кардани объектҳо ба воситаи ду ё се табдилдиҳиҳои одии векторӣ иҷро карда мешаванд. Графикаи векторӣ фрагментҳои графики растриро низ дарбар гирифта метавонад.

Ҳамин тариқ, виройишгари графикаи векторӣ ба тарҳкаше монанд аст, ки дар он тасвирҳо ба воситаи ҷузъҳои содаи пешакӣ тайёркардашуда – примитивҳои графикӣ сохта мешаванд.

Раванди      виройиш          дар       формати          графикаи векторӣ аз илова кардани объектҳои нави тайёр ба тасвир ва тағйирдиҳии андоза ва намуди зоҳирии онҳо иборат аст.

Ҳангоми сохтани ягон объект интихобҳои онро, аз қабили андоза, мавқеи ҷойгиршавӣ ва кунҷи тобдиҳиро, барнома ба таври худкор муайян менамояд.


Саволҳо: 

  1. Виройишгари графикӣ чӣ гуна барнома аст ва чӣ вазифа дорад?
  2. Чанд намуди графикаи компютериро медонед?
  3. Графикаи растрӣ чӣ гуна графика аст? Тасвирҳо дар ин навъи графика чӣ тавр сохта мешаванд?
  4. Харитаи растрӣ чист?
  5. Графикаи растрӣ аз дигар графикаҳо чӣ бартарӣ ва чӣ норасоӣ дорад?
  6. Кадом форматҳои нигаҳдории графикаҳоро медонед?
  7. Формате GIF чӣ гуна формат аст? Аз он кай истифода бурдан муфид аст?
  8. Формати JPEG аз формати GIF чӣ фарқ дорад? Кадом вақт истифодаи он муфид ҳисобида мешавад?
  9. Чаро як навъи графикаро графики векторӣ меноманд?
  10. Примитив чист? Примитивҳо кай истифода мешаванд?
  11. Графикаи векторӣ нисбат ба графикаи растрӣ чӣ бартариҳо дорад?
ҚаблӣАмсилаи рангии HSB
БаъдӣГрафикаи растрӣ