АФКОРИ СИЁСИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС

Намояндагони машҳури афкори прогрессивии тоҷику форс Имоми Аъзам, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Унусурулмаолии Кайковус, Низомулмулк, Муҳаммад Ғаззолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон мебошанд. Онҳо барои рушду инкишофи ҷомеа саъю кӯшиш намуда, ақидаҳои пешқадами худро дар осори гаронбаҳояшон баррасӣ намудаанд.

Маълум аст, ки масъалаи афкори иҷтимоию сиёсӣ аз қадимулайём диққати олимону донишмандонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳанӯз Арасту дар замони худ ақидаҳои иҷтимоию сиёсии худро равнақу ривоҷ дода, ҳар кадоми онҳоро ба шохаҳои гуногун тақсим намуда буд. Олимону файласуфони дигар ҳам аз таснифот то тақсимот андешаву ақидаҳои гуногун пешниҳод намудаанд. Андешаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Сино моҳиятан идомаи мустақими назарияҳои фалсафӣ, табиатшиносӣ ва ахлоқии ӯ буда, ҳолати воқеии ҷомеаро инъикос мекунанд. Ҷомеае, ки Ибни Сино ба он майлу рағбат дошт, таҷассумгари навъи давлате буд, ки ба адолат асос ёфта («мадинаи одила»), ба тазод ва мушкилоти замона нигоҳ накарда, манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба инобат мегирифт.

Мувофиқи ақидаи Ибни Сино фарди танҳои аз ҷомеа дуршуда ба марг ё ба шароити ниҳоят сангини мавҷудият маҳкум аст, ҳарчанд аз неъматҳои табиат истифода мебарад ва аз кулли ҳайвонот бартарӣ дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣАфкори ичтимои ва сиёсии Абунасри Форобӣ (аль Фараби)
БаъдӣАқидаҳои иҷтимоию сиёсии Абӯалӣ ибни Сино ва Муҳаммад Ғазолӣ