Мероси илми ва адабии Абуали ибни Сино

Мероси илмӣ ва адабии Абуалӣ ибни Сино. Эчодиёти Сино, Мероси Абуали ибни Сино.

Абуали Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Миқдори асарҳои Ибни Синоро пажӯҳишгарон аз 148 то 482то гуфтаанд, ки ҳама арзишманд мебошанд. Муҳимтарини онҳо китобҳои «Ал-Қонун», «Китоб-уш-шифо», «Донишнома», «Китоби инсоф», «Ал-Ҳикмат-ул-машриқия», «Ан-Наҷот», «Ишорот ва танбеҳот» мебошанд.

Аксари таълифу таснифи илмии Ибни Сино ба забони арабӣ навишта шудаанд. Ӯ ба забони форсии тоҷикӣ бештар аз 30 рисолаву китоб дар илмҳои гуногун офаридааст, ки муҳимтаринашон «Донишнома», «Рисолаи набз», «Рисолаи илми пешин ва барин», «Мантиқи форсӣ», «Ҳалли мушкилот- ул-маъния», «Рисолаи тамсилоти форсӣ» ва ғ. мебошанд.

Агар Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ ба гуфтани шеър ба забони порсии дарӣ тавоноии ин забонро дар офаридани асарҳои бадеӣ исбот намуда бошанд, Ибни Сино бо таълифи китобу рисолаҳо ба забони форсии тоҷикӣ қудрати ин забонро дар офаридани асарҳо дар риштаҳои гуногуни илм ба исбот расонид. Ӯро, барҳақ, бунёдгузори забони форсии тоҷикӣ ҳамчун забони илму дониш ва истилоҳоти илмии он меноманд.

Ибни Сино дар «Донишнома» ва асарҳои дигараш ба забони форсии тоҷикӣ як силсила истилоҳ ва мафҳумҳои навро вазъ кардааст. Вай ин корро бо се роҳ анҷом додааст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Калимаву истилоҳоти муносибро аз забони зинда чида гирифта, онҳоро ба маънию мафҳумҳои илмӣ мувофиқ гардонидааст;
  2. Мафҳуму истилоҳотро аз забони арабӣ ба форсии тоҷикӣ баргардонидааст;
  3. Аз калимаҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ таркибҳои нави илмӣ сохтааст.

Мафҳуму истилоҳҳои илмии тозае, ки Ибни Сино дар китобу рисолаҳои илмиаш ба забони форсии тоҷикӣ офаридааст, хеле зиёданд, муште аз он хирвор инҳо мебошанд:

ҷой – макон
ҷон – нафас
тан – ҷисм
дарозо – тӯл
паҳно – арз
чандӣ – каммият, миқдор
чигунагӣ – кайфият, сифат
куниш – феъл
порагӣ – ҷузъ
ҳадди кеҳин – асғар
ҳадди меҳин – акбар
илми барин – илми мовароуттабиа
илми зерин – илми табиӣ

омезиш таркиб
моя мода
гардиш тағйир
бисёрӣ касрат
созвор мутаносиб ва мавзун
носозвор ғайримутаносиб ва номавзун
миёнгин васат
шояд будан имкон
ҷунбанда мутаҳаррик
ҷунбишпазир қобили ҳаракат
истода будан қоим будан
берунӣ арзӣ
истода ба худ қоим ба нафс
сесӯ мусаллас
чорсӯ мураббаъ
андар расидан тасаввур
гирд овардан таълиф
гӯй кура
пайвастагӣ иттисол
гарданда мутағаййир

ногарданда – ғайримутағаййир
бозгир – монеъ
бахудкаш – ҷозиба

ва ғайра ва монанди инҳо.


ҚаблӣХаёт ва фаъолияти Абуали Ибни Сино
БаъдӣАбуали Ибни Сино – Шоир