Хосиятҳои умумии сохти системаи асаб

СИСТЕМАИ АСАБ. Хосиятхои умумии сохти системаи асаб, Ахамияти системаи асаб, Бофтаи асаб, Сохти нейрон, Кисмхои системаи асаб


Ахамияти системаи асаб

Аҳамияти системаи асаб. Системаи асаб дар танзими вазифаи организм нақши муҳим мебозад. Вай кори доимии ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва низоми онҳоро таъмин мекунад. Бо мавҷудияти ин низом организм ба муҳити беруна алоқаманд аст.

Фаъолияти системаи асаб ба ҳиссиёт, таълим, хотира, нутқ, тафаккур ва равандҳои рӯҳӣ асос ёфта, одам бо ёрии онҳо на танҳо муҳити атрофро дарк мекунад, балки метавонад онро фаъолона дигаргун созад.

Бофтаи асаб. Системаи асабро ҳуҷайраҳое ташкил мекунанд, ки нейрон ва ҳуҷайраҳои асосии бофтаи асаб буда, кори системаи асабро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ вазифаи ғизодиҳӣ, такягоҳӣ ва муҳофизатиро иҷро мекунанд. Миқдори ҳуҷайраҳои ҳамроҳ назар ба нейронҳо қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад. Нейрон аз се қисм иборат аст: 1) тана; 2) изофаи кӯтоҳ (дендритҳо); 3) изофаи дароз (ё аксон) (расми 9).

Расми 9. Сохти нейрон
Расми 9. Сохти нейрон

Дендритҳо кӯтоҳ ва сершохаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар як нейрон метавонад якчанд дендрит мавҷуд бошад. Дендритҳо бо ретсепторҳо пайваст буда, импулсҳои асабиро ба ҷасади нейрон мебаранд ва вазифаи ҳиссиётқабулкуниро иҷро мекунанд. Аксон (шоха) бо мушакҳо пайваст шуда, вазифаи ҳаракатро иҷро мекунад.

Аз ҷиҳати шохаронӣ нейронҳо се хел мешаванд:

  • Нейронҳои якшоха (униполярӣ);
  • Нейронҳои душоха (биполярӣ);
  • Нейронҳои бисёршоха (мултиполярӣ) (расми 10).
Расми 10. Гуногунии нейрон
Расми 10. Гуногунии нейрон

Торҳои асаб ба тамоми организм паҳн шуда, импулсҳоро ба ҳамаи узвҳои бадан мебаранд.

Кисмхои системаи асаб

Қисмҳои системаи асаб. Системаи асаб аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст. Қисми марказӣ аз мағзи сар ва ҳароммағз таркиб ёфта, бо лимфаи бофтаи васлкунанда пӯшонида шудааст. Ба қисми канорӣ гиреҳҳои асаб дохил мешаванд (расми 11).

Сохти асаб
Расми 11. Сохти асаб

Як қисми системаи асаб, ки кори мушакҳои скелетро танзим мекунад, системаи соматикӣ ном дорад. Одам тавассути ин системаи асаб метавонад ҳаракатҳоро идора карда, онҳоро ихтиёран ба вуҷуд орад ё қатъ гардонад.


Дониши худро санҷед:

  1. Системаи асаб чи ахамият дорад?
  2. Бофтаи асаб аз чи сохта шудааст?
  3. Кисмхои асосии системаи марказии асаб кадомхоянд?
  4. Хосиятхо ва вазифахои моддаи хокистарранг ва сиёх дар чист?
  5. Синапс чист? Намудхо ва вазифахои синапсро гуед.

Системаи соматикиро чи ташкил мекунад?

ҚаблӣОрганизм ва хосиятҳои асосии он
БаъдӣФаъолияти рефлектории системаи асаб