Абуали Ибни Сино – Шоир

Абуали Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Донишманди нобиға ҳамзамон бо навиштани китобу рисолаҳои илмӣ ба забони арабӣ ва форсии тоҷикӣ ба ин ду забон шеър ҳам гуфтааст. Дар феҳристи асарҳои ӯ, ки шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ тартиб додааст, “Қасоид ва ашъор” ҳам ҳаст. Аз ин китоб бармеояд, ки ӯ қасида, ғазал ва рубоӣ дар васф, хамриёт, зуҳдиёт ва ҳиҷо месурудааст. Шеърҳои форсии тоҷикии Ибни Сино аз рӯйи миқдор нисбат ба шеърҳои ӯ ба забони арабӣ камтар, вале аз ҷиҳати сифат бартар мебошанд.

Маъмулан рисолаҳои рамзии фалсафии муаллиф, монанди қиссаи “Ҳай ибни Яқзон” (“Зинда пури Бедор”), “Рисолат-уттайр” (“Рисола дар бораи мурғон”), қиссаи “Саломон ва Абсол”, ки дар наср мебошанд ва рисолаи “Урҷуза фӣ-л-мантиқ” ва ғайраро, ки дар қолаби назм навишта шудаанд, дар қатори асарҳои адабии ӯ ном бурдаанд. Валекин онҳо, тавре ки ишора рафт, ба ҷуз қолаб, вазн ва қофия нишони дигаре аз адабиёти бадеӣ надоранд. Ҳадафи Ибни Сино аз офаридани онҳо дар қолаби адабӣ, аз ҷумла назм баёни осон ва хотирмони матлабҳои душвори илмӣ барои мардум буд, на эҷоди достоне, қиссае, саргузаште ё шеъре.

Ибни Сино, ки дар назарияи шеър якчанд китобу рисолаҳои ҷудогонае дорад ва табиати адабиёти бадеиро дар назариёти адабии форсии тоҷикӣ маҳз ӯ муайян намуда буд, ба ҳеч ваҷҳ ин китобу рисолаҳо ва асарҳои манзумашро ҳамчун адабиёти бадеӣ наофаридааст. Дар маърифат будани онҳо ва ба “аҳли ҳикмат” нигаронида шуданашонро худи Ибни Сино дар “Ишорот ва танбеҳот” таъкид намудааст: ”Бидон, ки “Саломон” масалест, ки аз баҳри ту задаанд дар маърифат. Агар ту аз аҳли ҳикматӣ, бояд ин рамз кушоӣ”.

Аз шеърҳои форсии тоҷикии Ибни Сино имрӯз 37 рубоӣ, 4 ғазал ва 5 қитъа ва 2 фард гирдоварӣ шудааст. Бештари онҳо шеърҳое мебошанд, ки ба муаллиф нисбат дода мешаванд ва аз они ӯ буданашон ҳанӯз ҳаматарафа собит нашудааст.

Дар байни шеърҳои форсии тоҷикии Ибни Сино рубоиёти ӯ мақоми хос доранд ва ин чиз табиист, зеро қолаби рубоӣ бештар барои баёни андеша мувофиқ мебошад, на барои баёни эҳсос, ки барои он қолаби дубайтиро офаридаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шоир дар чанде аз рубоиҳояш дар бораи шахсияти хеш ва муносибаташ бо аҳли ҷомеаи замонаш, ки нисбат ба ӯ, илму донишаш дар бисёр ҳолатҳо меҳрубон ва қадршинос набуданд, андеша меронад:

Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад,
Дар даҳр чу ман якею он ҳам кофир?
Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Дар бораи он ки Ибни Сино мусулмони комил буд, шакку шубҳае нест. Ба ин худи зиндагӣ ва асарҳои ӯ гувоҳанд. Ӯ ҳастии Худоро эътироф дорад ва бо далелҳо ба исбот мерасонад. Донишманди бузург дар “Рисолаи саргузашт”, дар қисмате, ки аз забони худи ӯ навишта шудааст, шаҳодат додааст, ки “ҳар гоҳ дар масъалае ҳайрон мемондам ва ё ба ҳадди миёнаи қиёсе пай намебурдам, ба масҷиди ҷомеъ рафта намоз мегузоридам ва ба Офаридгори кул лобаву зорӣ мекардам, то гиреҳи он бар ман кушода мешуд ва мушкил осон мегашт”. Ва ё вақте ки китоби Абӯнасри Форобӣ тасодуфан ба дасташ меафтад ва барои фаҳмидани рисолаи Арасту мадад мерасонад, аз он шод мешавад ва барои сипосгузорӣ аз Худой ба бечорагон чизи бисёре садақа мекунад. Вале аз сабаби он ки Ибни Сино дар илм, адабиёт ва дар зиндагӣ ақлгаро буд ва ба ҳама чиз аз рӯйи ақлу дониш муносибат мекард, гуфта ва кардаҳояш барои касони зоҳирбин, ноогоҳу бехабар “куфр” менамуданд ва ӯро кофир мехонданд.

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд,
Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Ҳатто пас аз сад соли вафоти Ибни Сино дар соли 1160 дар Бағдод бо фармони халифа китобҳои ӯро сӯзонидаанд. Имом Ғазолӣ дар асри ХII Ибни Синоро ба бединӣ бадном кардааст. Фридрих Рейманн дар асараш бо номи “Таърихи умумии мулҳидигарӣ ва мулҳидон” (1725) Ибни Синоро дар мулҳидӣ дар қатори Ҷордано Бруно ва Николай Коперник гузоштааст. Ҳол он ки Ибни Сино, чунонки ишора рафта буд, одами диндор буд. Танҳо фарқи ӯ аз диндорони дигар дар он буд, ки вай ба ҳама чиз аз рӯйи ақл баҳо медод ва рафтор мекард.

Андеша дар бораи хилқати одаму олам, кӣ будану чӣ будани онҳо мавзӯи дигари рубоиҳои шоир мебошанд. Шоири донишманд эътироф намудааст, ки ба кунҳи асрори азал расидан орзуи ӯст, валекин афсӯс, ки натавонистааст ба он муваффақ гардад.

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме,
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме,
Варна ба ҳазор дида бигристаме.

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт
В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд,
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.

Аз замони Ибни Сино то рӯзгори мо беш аз ҳазор сол гузаштааст. Дар ин фосилаи тӯлонӣ илму дониши инсонӣ ба пояҳои баландтарин расид, валекин ҳанӯз ҳам наметавон гуфт, ки тамоми мушкилот, аз ҷумла сирри хилқати одаму олам ба пуррагӣ равшан шудааст. Бо дар назар доштани ин нукта набояд чунин гумон бурд, ки Ибни Сино дунёро донистанашаванда мешуморид ва ҳама чизро ба сарнавишт пайваста медонист. Баръакс ӯ эътироф намудааст, ки олам донисташаванда аст ва одам онро ба воситаи донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ мешиносад.

Мавзӯи дигари рубоиҳои Ибни Сино май ва майгусорист. Шоир ба май ҳамчун табиб ва ҳаким назар кардааст, ба он ба хотири манфиате, ки ба тану ҷони инсон мерасад, баҳо додааст. Вай андак ва гоҳ-гоҳе нӯшидани онро барои касони ҳушёр –“шоҳу ҳакиму ринд” раво донистааст, на ба масту ноҳушёр, ки бадномӣ меорад.

Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст,
Андак – тарёку беш – заҳри мор аст.
Дар бисёраш мазаррати андак ҳаст,
Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст.

Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист
В-ар з-он ки мудом май хурам, бадномист.
Май шоҳу ҳакиму ринд бояд, ки хуранд
З-ин ҳар се наӣ, махур, ки душманкомист.

Тавре ки Ибни Сино дар мисраи охири рубоии боло ишора намудааст, дар шариати исломӣ хӯрдани май ва ҳар он чизе, ки одамро махмур (сархуш) мекунад, норавост. Инро донишманди бузург хуб медонист, бо ин ҳама вай, чунонки худ дар “Рисолаи саргузашт” овардааст, гоҳе барои баровардани хастагӣ ва барқарор намудани қувват қадаҳе аз май менӯшидааст. “Ҳар гоҳ хоб бар ман ғалаба мекард ва ё сустӣ ҳис мекардам, қадаҳе шароб меошомидам, то неруи ман барқарор мешуд ва боз ба хондан машғул мешудам”.

Абӯубайди Ҷузҷонӣ шаҳодат додааст, ки боре барои иҷрои хоҳиши қозии Шероз, ки додани посухи таъҷилиро мехост, “намози хуфтанро гузоридем ва ӯ пеши шамъ нишаста, маро фармуд, ки шароб биёрам. Ману бародарашро бинишонд ва шаробкашӣ фармуд ва худ ба посухи он масъалаҳо шурӯъ кард”.

Ибни Сино дар як навиштааш сабаби чунин рафтор ва гуфтори худро, ки зоҳиран хилофи шариат аст, дар хитоб ба Офаридгор чунин шарҳ додааст. Вай мегӯяд: ”Тобеам ба пайғамбари ту Муҳаммад ва иқрор дорам ба ҳаром будани хамр (шароби масткунанда) ва гувоҳидиҳандаам ранҷи туро ба нӯшандагон бо тафовути дараҷаи табиати онҳо…Лекин қазои ту ҳоким аст бар ман ва қадри ту нофиз аст дар ман ва ахлоқи табиати башарӣ роҳдиҳанда аст нафси аммораи (саркаши) маро… барои мадад ҷустан аз нӯшидани вай. Ин кор барои ду чиз аст: яке барои давои худ дар ҳавоҳои бади мухолиф…Дувум барои гувоҳӣ додан ба он чизе, ки гувоҳӣ додааст ба вай китоби азизи ту (Қуръон) бо ин оят, ки гуфта шудааст: «дар вай (яъне дар шароб) манфиатҳост барои инсон» …Бас ҳосил мешавад ба сабаби вай (шароб) қувваи ҳайкали одамӣ барои тоати ту, ба ин далел, ки пайғамбар, ки гуфтааст: ”Касеро, ки табиаташ саҳеҳ бошад, шариаташ саҳеҳ мешавад”. Пас, агар ман ғарқ шудаам дар истеъмоли он (шароб) … ту авло ба ин ҳастӣ, ки маро биёмурзӣ ва бибахшӣ гуноҳи маро, зеро ба ту бахшоиш муносиб аст. Пас, бубахшо маро дар вақти иқтидор доштанат ба ман» (Тарҷумаи Садриддин Айнӣ).

Гуфтани панду ҳикмат низ навъе аз андеша буда, аз ҷумлаи мазмуну мавзӯъҳои суннатии рубоӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҷо доштани он дар рубоиҳои Ибни Сино як чизи табиӣ мебошад. Шоир аз дӯсте, ки ҳамнишини душман аст, парҳез намуданро маслиҳат додааст ва онро ба шакаре, ки бо заҳр омехта шудааст ва бо магасе, ки бар мор нишастааст, монанд донистааст:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

Сино ҳамчунин парҳез намудан аз дунёталабиву ҷоҳталабию ишратпарастиро маслиҳат додааст:

Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароию ба душман бирасӣ.

Шоир, ки дар умри кӯтоҳаш дақиқаеро ба беҳудагию бекорӣ нагузаронидааст, гуфтааст, ки кореро, ки метавонӣ имрӯз ба иҷро расонӣ, ба фардо магузор, ки шояд фардо натавонӣ.

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, чу ҳеч натвонӣ кард?

Якдастию ҳамворӣ, устувории сухан, таносуби комили лафзу маънӣ, ки дар беҳтарин рубоиёти Ибни Сино ба назар мерасад, далели равшан бар он мебошад, ки онҳо намунаҳои хуби шеъри нағз буда, гӯяндаи онҳо дар шеър, хосса рубоӣ тавоност. Шеърҳои форсии тоҷикии Ибни Сино аз ин ҷиҳат шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасронашро ба хотир меоварад ва маълум аст, ки дар заминаҳои онҳо ва ба идомаи суннатҳои адабии ҳамон мактаб суруда шудааст.


ҚаблӣМероси илми ва адабии Абуали ибни Сино
БаъдӣШухрати чахонии Шохнома