Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141)

Аҳмад ибни Абулҳасан соли 1049 дар Ҷом ба дунё омадааст. Ба ҳамин хотир ӯ бо номи Аҳмади Ҷомӣ машҳур аст. Дар Афғонистон бо номи ин деҳ вилояти Ҷом низ мавҷуд аст. Аз он ҷо шахсиятҳои маъруфи фарҳангию адаби мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон cap боло карда, ин марзу бумро машҳури ҷаҳон гардонидаанд.

Пайкараи Аҳмади Ҷомӣ дар Эрон

Аз назди деҳ дарёи пуртуғёни Ҳарируд бо сад созу навои дилангез мегузарад ва ҳамеша аз файзи он Ҷому гирду атрофи он сабзу хуррам, гулпуш аст ва аз кишту зироат ва боғу роғаш пайдост, ки дар ин ҷойгоҳ мардуми мехнатқарин рӯзгор доранд. Аҳмади Ҷомӣ бештари ҳаёташро дар ҳамин ҷо гузаронида, асарҳои бузургашро эҷод кардааст. Соли 1141 хоки мукаддаси Ҷом фарзанди бовафо, шоири шахир, мутафаккири барҷастаашро дар қалбаш ниҳон кард. Имрӯз ҳам турбати гулпуши Ахмади Ҷомиро садҳо мардуми Сайёра зиёрат мекунанд. Мардуми оддии диёр ба ӯ меҳру муҳаббати беандоза доранд ва дар борааш нақлу ривоятҳои рангин, шеъру таронаҳои намакин эҷод кардаанд. Ҳоло муште аз он хирвор:

Хушо, Ҷому хушо оби равонаш, ё Аҳмади Ҷом!
Хушо, он файзи руи мардумонаш, ё Аҳмади Ҷом!
Магу Ҷому бигу дарёе аз ишқ, ё Аҳмади Ҷом!
Ки Аҳмад чун наҳанге дар миёнаш, ё Аҳмади Ҷом!

Худо мегуяму Шайх Аҳмади Ҷом,
Ба пайи равзаи ӯ медиҳам ҷон.
Ки Шайх Аҳмад дуто гулдаста дора,
Ба кафгоҳаш дарахти писта дора.

Аз Аҳмади Ҷомӣ осори пурарзише ба мо мерос мондаасг. Дар асарҳои «Анисут-толибин», «Равзатул-мутанабин» ва ғайра масоили суфия ва андешаи намояндагони ин маслак баён карда шуданд. Инчунин, Дар ин асарҳо панду андарз фаровон истифода гардида, инсонҳоро ба ахлоқи нек ҳидоят мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар баробари ин Аҳмади Ҷомӣ адиби хушзавқ низ ҳаст. Бо насру назм омехта қиссаи «Се парӣ»-ро иншо намудааст, ки дар он аз номи қаҳрамонони асосии асар ғазалҳои ишқӣ оварда шудаанд, ки басо содаю равон ва хушоянданд. Инчунин девони алоҳида низ дорад, ки дар он ғазалиёт, рубоиёти шурангези адиб гирд оварда шудаанд. Инак, ду ғазали Аҳмади Ҷомиро бароятон пешкаш менамоем.

Ғазалҳо аз Аҳмади Ҷомӣ <<


Хаёт ва фаъолияти Ахмади Чоми, Ахмади Джоми, Ҳаёт ва фаъолияти Аҳмади Ҷомӣ, зиндагиномаи Ахмади Чоми, эчодиёти.

ҚаблӣҶумлаи пайрави сабаб дар замони гузаштаи давомдор
БаъдӣҒазалҳо аз Аҳмади Ҷомӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед