Хусайн Мансури Халлоч. Фалсафаи точик дар асрхои миёна. Акидахои фалсафии Хусайн Мансури Халлоч, ақидаҳои фалсафии Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ.
Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ (857-922) аз зумраи он шахсиятҳои номдорест, ки дар таърихи афкори фалсафӣ ва озодандешаи Шарқи исломӣ мақоми шоиста дорад. Замони зиндагии ӯ ба охирҳои асри IХ ва ибтидои асри Х рост меояд, ки муҳаққиқони таърихи фалсафа ин асрро асри «тиллоӣ»-и тафаккури исломӣ номидаанд ва аз ҳамин ҷиҳат ба инкишофи андешаҳои ирфонӣ ва ташаккули шахсияти ӯ таъсир расонд. Падараш, ки пешаи ҳаллоҷӣ (пахтазанӣ)-ро дошт ва аз ин сабаб Мансур бо тахаллуси Ҳаллоҷ машҳур шуд. Дар ҷавони шавқу алоқаи фавқулодда ба зӯҳду риёзат дошт. Аввал муриди саҳли Тустарӣ буд ва ҳамроҳи устодаш ба Басра омада, аз дасти Умари Маккӣ ва ҷунайди Наҳовандӣ хирқаи дарвешӣ пӯшид. Баъд мусофират кард ва дар мулки Форсу ҳинду Чин мазҳабҳои гуногунро омӯхт ва даъвои ҳулулу иттиҳод кард. Фаридиддини Аттор Мансури ҳаллоҷро нуқтаи олии инкишофи афкори тасаввуфӣ меномад. Аксари ҳакимон, аз қабили Абӯсулаймони Мантиқӣ, Абӯҳайёни Тавҳидӣ, Абулҳасани Дайламӣ тозагии ақидаҳои ирфонии Мансури ҳаллоҷро дар осорашон оварданд. Роҷеъ ба таълтмоти ҳаллоҷ баъди маргаш низ байни мутасаввифон ақидаҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Баъзеҳо ӯро пайрави таълимоти «ваҳдати вуҷуд» ҳисобиданд. Бино ба маълумоти маъхазҳо ҷалолиддинӣ Румӣ ва баъди ӯ Алоуддавла Симнонӣ, Алии ҳамадонӣ, Маҳмуди ҷаҳониён, Аҳмади Сарҳиндӣ ва Абулқодири Бедил мӯътақиданд, ки ҳаллоҷ дар таълимоташ «ваҳдати шуҳудро»-ро қоил аст.
Аз осори гаронқадри Ҳаллоҷ миқдори каме то замони мо боқӣ мондааст ва ин миқдори кам аз навиштаҳо ва суханони ӯро ҳам дӯстон ва ҳам душманонаш дар нигоштаҳои худ овардаанд, ки ахиран тавассути донишманди фаронсавӣ Луйи Масиниюн гирдоварӣ ва нашр шудаанд. Осори мавҷуди ӯ алъон ба таври зайл аст: «Ашъори Ҳаллоҷ», ки ба забони арабӣ навишта шудааст ва муштамил бар 349 байт аст; «Тосин-ул-азал» рисолаи ирфонӣ бо лафзҳову ибороти печида, ки ин китобро Рубехонии Буқлӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷума карда ва бар он шарҳе навиштааст.
Суханони Ҳаллоҷ ва ривоте дар бораи ӯ аз сарчашмаҳои таърихӣ.
Баъди Мансури ҳаллоҷ то аҳли туркони салчуқӣ сӯфиёни зиёде буданд, ки шарҳи ҳол ва орояшон дар тазкираҳо ва дигар адабиёти сӯфия омадаанд, вале эҷодииёти ҳеҷ яке аз онҳо ба пояи таълимот нарасид. Воқеаи ҷолиби таваҷҷӯҳе, ки дар ин давра рух дод, таҳти ҳимояи сомониён дар Бухоро ва хилофати Бағдод ривоҷи афкори илмию фалсафӣ мебошад. Аксари файласуфон, монанди Форобию Ибни Сино ва Закариёи Розӣ ба таҳқиқи далелу бурҳон роҷеъ ба ҳақиқати ашё пардохта, баҳсу тадқиқотро идома доданд, ки ин бешубҳа ба инкишофи ҷанбаи назарии афкори тасаввуфӣ бетаъсир намонд.















