Чаро теша ба решаи якдигар мезанем?! Муроҷиат ба hazina.tj (.wiki)

Чаро мо тоҷикон ин қадар бахилем?!
Чаро мо теша ба решаи якдигар мезанем?!
Чаро вақте як нафар як кор кард, пешравӣ кард, ободоние кард, бояд коре кунем, ки дилмонда шавад, аз роҳаш баргардад, дигар накунад?!

Чанд рӯз пеш дарёфтам, ки сомонаи hazina.tj (ҳоло hazina.wiki) бештар аз 2500 мавзӯву мақолаи сомонаи ман – donishju.net, ки тӯли 5 сол аст пеш мебарам, матн менависам, мақола менависам, мавзӯҳоро аз китобҳо ҳуруфчинӣ карда нашр мекунам, пурра ва тавассути скрипт ба худашон НУСХАБАРДОРӢ кардаасту карда истодааст. Тамоми маводи сомонаи маро дуздидааст.

Ҳатто шояд шумо ҳамин навиштаро дар сомонаи онҳо ёбед ё хонда истода бошед.

Тамоми корро карда истодаам, ки молики он ин корро бас кунад, маводи моро надуздад, дуздидаҳояшро нест кунад, ё ақалан бо ман дар тамос шавад, вале нашуд.

Мегӯед чӣ зиён дорад? Вақте ман ин қадар меҳнат мекунам, онҳо ҳамин тавр гирифта дар худашон мегузоранд ва маблағ кор мекунанд (сомонаашон ба реклама ҳам пайваст аст). Дар системаҳои ҷусторӣ ба ҷои сомонаи ман аз онҳо мебарояд, дар ҳоле, ки меҳнати ман аст. Хулас, касе ки як каме муҳтаво эҷод кардааст, мефаҳмад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тасмим гирифтам як муддат тамоман дар сомона чизе нашр накунам, чунки гӯё мисли ғулом бе ягон дастмузд барои онҳо кор карда истода бошам.
Ҳоло аз пайи шикояти расмӣ ба Google, Yandex, Timeweb (ҳостинге, ки сомонаашон ҷойгир аст) ва мақомот ҳастам.


Мегӯед чаро маводи тоҷикӣ дар интернет нест?
Мегӯед чаро барномасозони муваффақи кишвару миллат барои ҳаммиллатони худ коре намекунанд?
Айб дар худи мост. Дар худи мо….

Муҳаммад
www.donishju.net

ҚаблӣМавзӯи 26. Моҳияти раванди таълим
БаъдӣМафҳуми раванди таълим

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед