Ҳеҷ нест
Молу мулку тахту бахту миру чокар ҳеҷ нест,
Кору бору гиру дору зебу зевар, ҳеҷ нест.
Қасру насру шоҳу моҳу боғу роғу гулситон,
Чун кушои чашми ибрат эй бародар, ҳеҷ нест.
Амри наҳийи1 подшоҳони ҷахон cap то ба cap,
Пеши наздикони вай гашта муқаррар,2 ҳеҷ нест.
Гар бигирӣ Шарқу Ғарбу Руму Шому Ҳинду Чин,
Ё шавӣ Қоруни сонӣ, ё ки Қайсар, ҳеҷ нест.
Гар равад фармону амрат дар ҳама руи замин,
Ё бигирӣ кулли олам чун Сикандар, ҳеҷ нест.
Як нафас гар ту барорӣ на ба ёдат тавба кун,
Дар дукону рӯзи Маҳшар3 ғайри довар, ҳеҷ нест.
Аҳмади Ҷомӣ банди дил дар ин дунёи дун,
К-он чӣ мебинӣ ба чашми сар4 саросар, ҳеҷ нест.
Мумтоз шуд
Боз дар ҷойе наво оғоз шуд,
Боз най дар пардаҳо дамсоз шуд.
Боз ошиқ бодаи ваҳдат чашид,
Боз сармастӣ зи нав оғоз шуд.
Боз булбул дар чаман нағма гирифт,
Боз чанги мутриб андар соз шуд.
Боз суфиро сафое рух намуд,
Боз он маҳбуб андар ноз шуд.
Боз булбул дар ҳавои гул парид,
Боз гул бо булбулон дамсоз шуд.
Боз миҷгонаш саросар тир гашт,
Боз теғи ишқ сарандоз шуд.
Боз моро фатҳи бобе рух намуд,
Боз он дарҳои раҳмат боз шуд.
Боз дил дар пойи ҷонон cap ниҳод,
Боз ҷон дар ғамзаҳо ғаммоз5 шуд.
Боз оташ дар ниҳоди мо ҷой гирифт,
Боз Аҳмад дар ҷаҳон мумтоз шуд.
Калимаю ибораҳои тоза
1. Амри наҳй – амри манъ кардан, боздоштан.
2. Муқаррар – собитшуда, муайяншуда, таъиншуда.
3. Маҳшар – фардо рӯзи Қиёмат, охират.
4. Чашми cap – бофаросат, бо ақлу тамиз.
5. Ғаммоз – ишораткунанда ба чашм, чашмакзан. Маънои байт он аст, ки боз дар нозу карашмаҳои ҷонон (Худо) дили ошиқ шефтатар, ошуфтатар гардид.
Газалхо аз Ахмади Чоми, Хеч нест, Мумтоз шуд, газалиёти бузургони классикии точик, эчодиёти Ахмади Чоми.