Эй писар, кам гуй бо мардум дурушт,
В-ар бигуӣ бар ту гардонад пушт.
Чун ҳадиси хуб гуӣ бо фақир,
Беҳ бувад з-онаш, ки пушонӣ ҳарир.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон,
Зиндагонӣ талх дорад ҷовидон.
Он ки шух асту надорад шарм низ,
Дон, ки ӯ нопокзодаст, эй азиз.
Аз маломат то бимонӣ дар амон,
Бош доим ҳамнишини олимон.