Ҳаёти мардуми тоҷик дар зери ҳукумати муғулҳо

Истилои муғул ба ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Зулму истибдод аҳолии шаҳру деҳотро аз ҳамаи дастовардҳо ва махсусан шавқи зингдагӣ кардан маҳрум сохт. Дар айни замон халқҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама точикон бар зидди бедодгариҳои Чингизиён қаҳрамонона мубориза мебурданд. Бояд гуфт, ки чингизиҳо нисбат ба тоҷикон кинаи зиёд дар дил доштанд ва мувофиқи ахбори сарчашмаҳо ҳатто сарзамини Хуросону Мовароуннаҳрро «сарзамини тоҷик» мегуфтанд. Ба ривояте Чингиз ба фарзандону наздиконаш супориш дода будааст, ки «заминро аз хуни тоҷик гулгун созед».

Шӯриши Маҳмуди Торобӣ. Аз солҳои 30-юми асри ХIII миёни аҳолии ва махсусан ҳунармандони шаҳр ҷунбиши зидди муғулу муздурони маҳаллии он шурӯъ мегардад. Хусусан дар Бухоро ва гирду атрофи он ин қиём огоҳонатару зиндатар буд. Дар соли 1238 шӯрише дар ин ҷо ба амал омад, ки бо номи шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Бухороро ашрофи маҳаллӣ, ки дар ситамкорӣ аз хонҳои муғул кам набуданд, идора мекарданд. Аз ин ҷост, ки нахустин корзор ҳам дар  Бухоро иттифоқ афтод. Пешвои ин шӯриш косиби элакбофи деҳаи Тороби назди Бухоро Маҳмуд буд. Ӯ нотиқи оташинсухан буда, дар Тороб ва атрофи он мардумро огоҳ карда, ба муборизаи зидди муғулҳо ва тарафдорони онҳо даъват менамуд. Ҳукмронии Бухоро дар қасди дастгир кардани Маҳмуд афтоданд. Лекин Маҳмуд ин қасди душманро пешакӣ фаҳмида хатари таҳдидкунандаро бартараф намуд. Ӯ ба Бухоро  танҳо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.

Тарафдорони сершумори Маҳмуд дар яке аз баландиҳои наздикии шаҳри Бухоро ҷамъ шуданд ва Маҳмуд дар ҳузури мардум суханронӣ карда, ононро ба муборизаи мусаллаҳона даъват кард. Ҳамаи аҳолии маҳалҳои атроф омада, ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вақте ки Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуд, аз рӯҳониён, садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким талаб намуд, ки ӯро халифа хонанд. Садрҳо ва намояндагони табақаи ҳоким аз шаҳр ронда шуданд. Лекин Маҳмуд ба хубӣ мефаҳмид, ки «бузургони Бухоро» аз муқовимат даст намекашиданд ва онҳо барои баргардонидани ҳокимияти аз даст рафтаи худ, албатта кӯшиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Онҳо дар Кармина қарор гирифта, бо ҳамроҳии қувваҳои мусаллаҳи муғулҳо низ ба ҷанг тайёрӣ медиданд.

Ниҳоят, дар наздикии шаҳри Бухоро дар байни шӯришчиён ва аскарони муғул муҳорибаи сахте ба амал омад. Шӯришчиён мардонавор ҷангиданд. Маҳмуд худ дар миёни маъракаи корзор буд. Аҳолии деҳаҳои атроф бо каланд ва табар масаллаҳ шуда, ба кӯмаки шӯришчиён омаданд. Ин ғалабаи шӯришчиёнро хеле тезонид. Қӯшуни муғулҳо шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Дар ин муҳориба 10 ҳазор кас кушта шуд.

Аммо ҷараёни мубориза ба зудӣ тағйир ёфта, шӯриш ба шикаст дучор гардид. Пешвои шӯриш Маҳмуд дар наздикии Кармина кушта шуд. Роҳбари дигар, дӯсти Маҳмуд Шамсиддин Маҳбубӣ низ ҳалок гардид. Шӯришчиёни бе сарвар аз нарасидани яроқ ҳам дар ранҷ буданд. Ин ҷунбиш воқеъан ҳам мардумӣ буд. Номи муборизи сарбаланд Маҳмуди Торобӣ дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Улуси Чағатой. Чингиз ҳанӯз дар замони ҳаёташ империяи паҳновари худро ба улусҳо тақсим намуда, писаронашро бар ин улусҳо сарвар таъин кард. Хони бузург Ӯқтой (1229-1241) таъин гардид, вале Осиёи Миёна, ки бештари аҳолияшро тоҷикон ташкил менамуданд, ба ихтиёри Чағатой гузашт. Бинобар ин давлати нави Осиёи Миёнаро, улуси Чағатой меноманд Идораи Мовароуннаҳр амалан дар қабзаи ихтиёри тоҷири машҳур Маҳмуди Ялавоч қарор гирифт. Фотеҳони муғул  барои идораи давлат бештар ба амалдорони тоҷик такя мекарданд. Намунаи барҷастаи он ду нафар аз чеҳраҳои дурахшони таъриху тамаддуни тоҷик Ҷувайнӣ (муаллифи «Таърихи Ҷаҳонкӯшой») ва Рашидаддин Фазлуллоҳ (муаллифи «Ҷомеъ-ут-таворих») буданд. Ба қудрати сиёсӣ расидани ин ду донишманд барои мардуми ситамкашидаи тоҷик хеле боаҳамият буд. Бояд зикр намоем, ки илова ба раиятнавозиву адолатпешагӣ осори таърихии ба қалами ин ду бузургвор таълифшуда беҳтарин намунаи таърихи классики мо ба ҳисоб меравад.

Ислоҳотгари давраи Мангуқоон писари Маҳмуди Ялавоҷ Масъудбек ба ҳисоб мерафт. Бо дастури Мангуқоон бисёре аз хироҷу андозҳо бекор карда шуданд. Инчунин нисбат ба фарҳанги халқҳои зердаст беэътиноӣ камтар гашта, ҳатто амру фармонҳо бо забонҳои маҳаллӣ содир мегаштанд. Ҳаёти шаҳрӣ ба эътидол омад. Соли 1256 Ҳулоку Мангуқоон ба самти Эрону Ироқ лашкаркашӣ намуда, пас аз муборизаҳои тӯлонӣ қалъаи Аламутро, ки беш аз 150 сол маркази давлатдории исмоилиён буд, ба даст овард. Соли 1258 бошад, Бағдод – маркази 500 солаи хилофати исломиро забт ва охирин халифаи аббосӣ Мустаъсимро ба қатл расонида, ба мавҷудияти хилофати Аббосиён хотима бахшид. Эрон ва Ироқ минбаъд ба таркиби давлати нави муғулӣ бо номи Илхонон дохил мегашт. Ин лашкаркашӣ низ бо бераҳмиву разолати зиёд ҳамроҳ буд.

Ҳукумати хонҳои муғул дер давом намекард ва яке дигареро иваз менамуд. Дар як муддати кӯтоҳ чандин хонҳои бузург ба тахт нишастанд ва дар ҳар қурултой (маҷлиси умумии муғулҳо) қарорҳои дахлдор қабул мегардид. Аз ҷумла дар қурултойи соли 1269 муғулҳо қарор қабул карданд, ки минбаъд хироҷ ҷамъ кардан манъ гардида, дахолат накардан ба корҳои муқимӣ гӯшзад мегашт. Муғул бояд даромади худро аз ҳисоби андозу дигар намудҳои молиёт ба даст меовард. Ин то як андоза сабаби равнақи хоҷагидорӣ гардид. Ин қарор сабаб шуд, ки аз паси он дигар силсила тадбирҳо андешида шаванд.

Ислоҳоти пули Масъудбек дар соли 1271 барои ривоҷи муносибатҳои моливу пулӣ ва танзими ҳаёт нақши муносиб гузошт.Мазмуни ин ислоҳот он буд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Осиёи Миёна зарби муназзами сиккаҳои нуқрагин ба роҳ монда шуд ва дар ҳама ҷо қиммати яксон доштанд. Ин як пешравии ҷиддӣ дар муносиботи моливу пулӣ буд. Дар ибтидо мардум ба ин ислоҳот бо нобоварӣ нигоҳ мекарданд ва танҳо дар солҳои 70-80-уми асри XIII натиҷаҳои ин ислоҳот ба бор нишаста, авзои кишварро беҳбуд бахшид.

Ҳокимони алоҳидаи муғул бар хилофи гузаштагонашон ба бунёди шаҳрҳо камар мебастанд. Намунаи ин бунёди шаҳри Андиҷон дар Фарғона бо супориши Тувахони муғул мебошад. Дигаргунии бузурги фарҳагӣ ба ислом ҷалб гаштани хону ашрофи муғул мебошад. Агар дар ибтидо баъзе аз сарварони муғул ба дини масеҳӣ майл кунанд, дар охири асри XIII ва ибтидои асри XIV хонҳои муғул ба шарафи қабули ислом муяссар мегаштанд. Намунаи ин амалро, ки барои тоҷикони Хуросон аз аҳамияти хос бархурдор буд, мо дар симои илхонҳо Тагудор Аҳмад ва Ғозонхон дида метавонем.

Дар  солҳои 40-уми қарни XIV улуси Чағатой, ки аз Ҳафтрӯд, водии Илӣ, Мовароуннаҳр, соҳили чапи Амударё ва қисмати ҷанубу ғарбии Хоразмро бо шаҳрҳои Кот ва Хева дарбар мегирифт, ба ду мулки мустақил тақсим мешавад. Қисмати Шимолу Шарқии Улус, ки ба он Ҳафтрӯд, водии Илӣ, назди Тёншон ва Қошғар дохил мешуданд, дар адабиёти таърихӣ номи Моғулистонро гирифтааст ва мардумаш асосан саҳронишин буданд. Қисмати Ғарбии Улус (Мовароуннаҳр, қисмати Ҷанубу Шарқии Хоразм ва заминҳои он сӯи Амударё) Мовароуннаҳр ном дошт ва сокинонаш муқимнишин буданд. Инқирози Улуси Чағатой ба ҳаёти хоҷагии ҳар ду мамлакат таъсири манфӣ расонд. Инчунин боиси бесарусомониҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ихтилофҳои феодалӣ гардид.

Дар миёнаи асри XIV натанҳо империяи муғулҳо, ҳатто улуси Чағатой ҳамчун давлати ягонаи марказиятнок вуҷуд надошт. Вай ба хонигарии вилоятҳои гуногун тақсим шуда буд ва ҳар кадоми онҳо майли истиқлолиятро доштанд.

Ҳаёти фарҳангӣ дар аҳди муғул. Ҳуҷуми ваҳшиёнаи муғулҳо ба фарҳанги мардуми тоҷик хисороти ҷуброннопазире ворид сохт. Садҳо шаҳру деҳаҳо нобуд гардида, миллионҳо одамон қурбон гардида, қисми дигар ба соири кишварҳо муҳоҷир гаштанд. Барои ин давраи ҳукуматдории муғулҳо заволи меъмориву санъат хос мебошад. Аммо модари тоҷик барои ҳама гуна давраҳои таърих нобиғаҳое зода, ба тамаддуни ҷаҳон ҳадя месозад. Барои рушду такомули ҳар гуна истеъдод  шароити муносиб зарур аст.

Дар аҳди муғул осори бузурги таърихӣ офарида мешавад, ки бузургтарин намунаи он ба қалами Алоуддин Атомалики Ҷувайнӣ (1225-1283) тааллуқ дорад. Ӯ асари «Таърихи Ҷаҳонкӯшо»-ро бо забони форсии тоҷикӣ офаридааст, ки аз се боб иборат буда, асосан ҳодисаҳои аҳди муғулро то соли 1257 фаро гирифтааст. Муаррихи дигари тоҷик Рашидаддин Фазлуллоҳ (1247-1318) дар илми тибб саромади рӯзгор буда, дар аҳди илхони Муғул Ғозонхон то ба дараҷаи вазирӣ мерасад. Муҳимтарин асари ӯ «Ҷомеъ-ут-таворих» мебошад. Ин асар аз 4 ҷилд иборат буда, муаллиф ба таърихи то муғул ҳам ишора кардааст. Аммо маълумоти ба таърихи муғулҳо бахшидаи он аҳамияти бузурги таърихӣ дорад ва аз форси тоҷикӣ бо забонҳои зиёди дунё тарҷума гардидааст.

Яке аз бузургтарин чеҳраҳои фарҳангии аҳди муғул (ва тамоми таърихи мо) бешак Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ (Румӣ) (1207-1273) аст. Ӯ зодаи Хуросон (аз тоҷикони Балх ё Вахш) буда, дар остонаи ҳамлаи муғул ҳамроҳи падари донишмандаш, ки бо лақаби «султон-ул-уламо» маъруф буд, Хуросонро тарк карда, пас аз сайёҳатҳои тӯлонӣ дар шаҳри Қунияи Осиёи Хурд (Туркияи имрӯза) иқомат ихтиёр мекунад. Ҷалолиддин Балхӣ ҳамчун суфии ориф машҳур гадида, маслаки махсусеро асос гузоштааст, ки бо номи «мавлавия» машҳур аст. Бузургтарин шоҳкории ин шоири суфимашраб асари «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки бо забони форсии тоҷикӣ ба риштаи назм кашида шудааст. Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ) ғазалҳои пурсӯзу гудоз ҳам навиштаст, ки онҳо дар «Девони Шамси Табрезӣ» ном асари бузургҳаҷми ӯ гирд омадаанд.  Инчуни асари «Фиҳи мо фиҳӣ» низ ба қалами ин шоир ва андешаманди бузурги тоҷик тааллуқ дорад. Соли 2007 дар Тоҷикистон 800-солагии ин шоиру андешаманди бузург таҷлил гардид.

Шайх Муслиҳаддин Саъдии Шерозӣ (1219-1292) аз намояндагони шӯҳратманди адабиёти форсу тоҷик аст, ки номаш дар қатори бузургтарин чеҳраҳои адабиёти ҷаҳон шомил гардидааст. Ӯ дар замони ноорому фитнахези муғул ба сайёҳат баромада, заҳри ғурбат ва ҳатто ранҷи асоратро низ чашида, ҳосили андӯхтаҳояшро дар осоре назири «Гулистон», «Бӯстон», қасоид ва ғазалиёт ҷовидонӣ сохтааст. Ӯро оламиён барҳақ «муаллими ахлоқ» номидаанд. Саъдӣ дар осори худ калимаи Тоҷикро борҳо истифода бурда, сарзамин ва мардуми Хуросону Мовароуннаҳро то ин ном ёдовар мешавад ва ҳатто ҷое худро низ тоҷик медонад:

Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1352) аслан аз шаҳри Кеши Мовароуннаҳр буда, волидайни ӯ дар замони ноороми муғул ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд. Ӯ пас аз камоли илм ёфтан муддате мулозими дарбори султон гардида, дар ҷавоб ба «Хамса»-и Низомӣ асари панҷгонае офаридааст, ки дар радифи беҳтарин хамсаҳои адабиёти ғановатманди форсу тоҷик қарор дорад. Аз бузургони ин давра метавон Муҳаммад авфии Бухороӣ (охири асри XII – нимаи аввали асри XIII) ва асарҳои «Лубоб-ул-албоб» ва «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-ро номбар кард, ки миёни тамоми форсизабонон машҳуранд. Ӯ низ парвардаи хоки поки Бухоро ва аз муҳоҷирон ба Ҳиндустон аст.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама