Давлатҳои Сумер ва Аккад

Барпошавии давлати Сумер. Рушди Аккад. Барҳам хӯрдани давлати Аккад.


Барпошавии давлати Сумер

Дар ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар Байнаннаҳрайн давлатҳои сершумори ғуломдорӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра дар Байнаннаҳрайн шаҳрҳои ободу зебо, ба монанди Ур, Ниппур, Лагаш, Умма, Урук ва дигарҳо бино ёфтанд. Баъзеи онҳо ба марказҳои давлатҳои ҳамномашон табдил ёфтанд.

Дар тӯли чандин асри ҳазорсолаи III пеш аз милод шоҳҳои Лагаш бар зидди давлатҳои дигари Байнаннаҳрайн мубориза мебурданд. Ба онҳо ниҳоят муяссар шуд, ки чандин давлати онро мағлуб кунанд.

Расми 78. Ҳайкалнақши муқарнас аз қасри Дур Шарукан, Асри VIII пеш аз милод
Расми 78. Ҳайкалнақши муқарнас аз қасри Дур Шарукан, Асри VIII пеш аз милод

Дар асри XXIV пеш аз милод дар Лагаш Урукагин ном шахс подшоҳ буд. Ӯ ҳамагӣ 6 сол ҳукмронӣ кардааст ( солҳои 2373 – 2379 п.а.м.). Урукагин дар мамлакат ислоҳот гузаронд. Дар айёми шукуфоии ҳокимияташ ба Лагаш Лугалзиггиси ном ҳокими Умма бо лашкари пурзӯри худ ҳамла карда, онро истилоъ ва талаву тороҷ намуда, Урукагинро аз тоҷу тахти подшоҳӣ маҳрум сохт.

Лугалзиггиси танҳо мақсади забти Лагашро надошт. Давлатҳои Байнаннаҳрайн худро аз тохтутозҳои аҷнабиён муҳофизат карда наметавонистанд. Бинобар ин, Лугалзиггиси мақсад дошт, ки давлати пуриқтидори марказиятнок ташкил кунад. Ӯ аз уҳдаи иҷрои ин мақсад сарбаландона баромада тавонист.

Расми 79. Ибодатгоҳи Офтоб дар Ур. Дар асри XXI пеш аз милод бино ёфтааст
Расми 79. Ибодатгоҳи Офтоб дар Ур. Дар асри XXI пеш аз милод бино ёфтааст

Лугалзиггиси худро шоҳи Урук ва Ур шуморида, бо ҳамин ин ду шаҳрро пойтахти давлати муттаҳида ва ягонаи Сумер эълон кард. Лугалзиггиси дар бораи мақсадҳои истилоъгаронаи худ ошкоро сухан меронд. Ӯ мегуфт, ки худои Энлил «шоҳи мамлакатҳо, шоҳигариро бар мамлакатҳо ба ӯ супоридааст». Лугалзиггиси тамоми Байнаннаҳрайнро забт намуд. Рушди Сумер ҳамагӣ 25 сол давом кард. Баъд аз вафоти Лугалзиггиси Сумер рӯ ба таназзул ниҳод. Дар шимол давлати нави пуриқтидор Аккад ба вуҷуд омад.

Рушди Аккад

Дар шимоли Байнаннаҳрайн қабилаҳои сомӣ зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин Аккадро Аккади сомӣ меномиданд. Муборизаи байниҳамдигарии ҷануби суммарӣ ва шимоли семитӣ оқибат ба ғалабаи шимоли сомӣ, яъне бо ғалабаи Аккад анҷом ёфт.

Асосгузори давлати Аккад Саргони I ( с. 2369 – 2314 п.а.м.) мебошад. Ӯ Сумер ва қисми зиёди Байнаннаҳрайнро ба тасарруфи худ даровард.

Дар бораи Саргони I чанд ривоят то замони мо омада расидааст. Дар яке аз онҳо гуфта мешавад, ки Саргон норасид таваллуд шудааст. Модари ӯ камбағал буда, барои тарбияи Саргон чизе надоштааст. Барои ҳамин навзодро ба сабад андохта, дар соҳили дарёи Фурот пинҳон мекунад. Машкобе ӯро ёфта, ба хона бурда, тарбия мекунад. Саргон ба воя мерасад ва касби боғбониро ихтиёр мекунад. Олиҳа Иштар ба Саргон ошиқ шуда, ӯро шоҳи Аккад эълон мекунад. Ҳамин тариқ, Саргони I ба тахти подшоҳии Аккад соҳиб шуда, ба сулолаи нави шоҳҳои Аккад асос мегузорад.

Саргони I вазифаи аввалини худро дар мустаҳкам кардани ҳокимият медид. Ӯ яке аз шаҳрҳои мустаҳкам ва ободу зебои Аккад – Кишро забт карда, худро «шоҳи Аккад» номид. Баъд аз ин бо лашкари пурзӯр ба сӯйи Ҷануб ба Сумер ҳаракат карда, лашкари Лугалзиггисиро торумор намуд ва худи ӯро асир гирифта, ба Ниппур овард. Тахмин меравад, ки Саргон асирро ба худо Энлил (худои тӯфон) қурбонӣ кардааст. Баъд Саргон шаҳрҳои Ҷануб – Урук, Ур, Лагаш ва Уммаро забт намуда, бо ҳамин тамоми Сумерро ба Аккад ҳамроҳ кард. Сипас, роҳҳои тиҷоратии баҳрию хушкӣ ва тамоми Байнаннаҳрайнро ишғол карда, забткории худро дар Ғарб, то соҳилҳои баҳри Миёназамину Қафқоз давом дод ва унвони «Шоҳи чор мамлакати олам»-ро соҳиб шуд.

Баъд аз вафоти Саргони I намояндагони ин сулола Римуш ( с. 2313 – 2305 п.а.м.), Маништусу ( с. 2306 – 2291 п.а.м.), Нарамсин ( с.2290 – 2254 п.а.м.) ва Шаргонишарри барои мустаҳкам кардани давлати Аккад тамоми кори аз дасташон меомадаро карданд. Сарфи назар аз ин, ҳуҷуми аҷнабиён иқтидори давлати Аккадро торафт заиф мекард.

Барҳам хӯрдани давлати Аккад

Дар давраи шоҳигарии Шаргонишарри давлати дар гузашта пурқувватарини Шарқ – Аккад рӯ ба таназзул ниҳод. Ба Аккад гутиҳо ҳамла карда, шаҳру деҳаҳои онро хароб мекарданд.

Расми 81. Нақши муқарнас бо тасвири Ур­Нанше, шоҳи Лаган
Расми 81. Нақши муқарнас бо тасвири Ур­Нанше, шоҳи Лаган

Аккад тадриҷан пароканда мешуд. Баъди чанде шаҳру вилоятҳои алоҳидаи он боз аз нав мустақил шуда, бо роҳи ривоҷу равнақи косибӣ ва савдо ободу зебо мегардиданд. Баъдтар Аккадро гутиҳо пурра ва ба муддати дуру дароз ишғол кардаанд.

Гутиҳо дар Байнаннаҳрайн 125 сол ҳукмронӣ кардаанд. Дар ин муддат Сумер аз нав пурзӯр мешавад ва шоҳи Урук Утухенгал бар зидди гутиҳо Тиракан ба мубориза бархоста, лашкари ӯро торумор мекунад. Бо ҳамин ҳукмронии гутиҳо дар Байнаннаҳрайн ба охир мерасад.

Баъд аз ин дар Байнаннаҳрайн сулолаи сеюми Ур ба сари ҳокимият меояд. Ин давлатро Ур меномидагӣ шуданд. Соли 2007 пеш аз милод давлати Ур барҳам мехӯрад ва дар вайронаҳои он шоҳигариҳои калон – Исина ва Дарси ташкил меёбанд.


Савол ва супоришҳо

  1. Давлати Сумер чӣ тавр ташкил ёфт?
  2. Мақоми Лугалзиггисиро дар барпошавии давлати Сумер муайян кунед.
  3. Саргони I кӣ буд?
  4. Давлати Сумер кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд?
  5. Саргон давлати Аккадро чӣ тавр ташкил намуд?
  6. Дар бораи Саргони I чӣ гуна ривоятҳо то ба замони мо омада расидаанд?
  7. Гутиҳо кӣ буданд ва ба Аккад чӣ муносибат доштанд?
  8. Давлати Аккад кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд?
  9. Баъд аз барҳамхӯрии давлати Аккад кадом давлат ба вуҷуд омад?
ҚаблӣБайнаннаҳрайни Ҷанубӣ (таърих)
БаъдӣДавлатҳои Бобул ва Ошур