Давлати Куртҳои Ҳирот

Пас аз барҳамхӯрии давлати Ғуриён сулолаи дигаре аз миёни мардуми кӯҳистони Ғур дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи мардуми тоҷик, яъне замони ҳамлаи муғул давлатеро таъсис доданд, ки дар таърих бо номи давлати Куртҳо маъруф аст. Муассиси ин силсила Саъиди Курт ном дошта, куртҳо номи ин сулола мебошад ва ин давлат ба номи халқи курд ягон алоқамандие надорад. Дар замони ҳукумати Ғуриён намояндагони куртҳо дар вазифаҳои гуногуни лашкариву идорӣ адои вазифа мекунанд. Пас аз ҳамлаи муғулҳо Ғур яке аз музофоти ангуштшумори қаламрави тоҷикон буд, ки аз ғорати лашкариёни муғул эмин монд. Рукниддини Курт аз ҷониби муғулҳо ба вилояти Ғур ҳоким таъин гардида, то соли 1245 ҳукмронӣ менамояд.

Набераи Рукниддин Шамсиддини Курт соли 1245 аз тарафи муғулҳо ҳокими Ғур таъин мегардад. Ӯ бисёр хушзабону дилёб буда, дар назди саркардаҳои муғул соҳиби эҳтироми зиёд гардид. Вай дар яке аз ҷангҳои дохилии муғулҳо ба ҷонибдории хони бузург Манку ҷангида, барои ин хидматаш аз тарафи хони бузург ба ярлиғе мушарраф омад, ки бар асоси он тамоми ҳудуди Афғонистон ва ғарбии Покистони кунуниро ба ихтиёраш гузоштанд. Пойтахти давлат шаҳри Ҳиротро интихоб намуд. Шамсиддини Курт расман вассали муғулҳо бошад ҳам, дар он замон ягона давлати ниммустақили тоҷикӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ асосгузори давлати сеюми тоҷикон дар Хуросон мебошад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Шамсиддин дар давоми 23 соли ҳукмрониаш тавонист барои ободии мулк ва осоиши раият хидмати зиёд намояд. Барои хушнудии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли кишвар ӯ борҳо аз иҷрои фармонҳои хонҳои муғул сарпечӣ кард. Аз ин сабаб илхони муғул Шамсиддини Куртро соли 1278 ба Табрез даъват карда, ӯро тавассути заҳр ба ҳалокат расонид. Писари ӯ Рукниддин муддате ба ҷои падар нишаст, вале салоҳияту дирояти падарро надошт, аз ин рӯ бештари вақти хешро дар қалъаи Хайсор ба айшу нӯш сипарӣ мекард. Писари ӯ Фахриддин дар натиҷаи як табаддулоти дарборӣ ба ҳукумат расида, пас аз чанде ҳукумати Илхононро ҳам итоат намекард. Соли 1306 илхони муғул Улҷойту бар зидди давлати куртҳо лашкари 10 ҳазор нафараро гусел дошт, вале ин муҳориба бо шикасти муғулҳо анҷомид. Ин нахустин шикасти Илхонон аз як қудрати маҳаллӣ буд. Муғулҳо аз ин шикаст ба ғазаб омада, лашкари 30 ҳазор нафараро барои саркӯбии куртҳо гусел карданд. Дар вақти муҳосираи шаҳр малик Фахриддин вафот кард ва ин ба рӯҳияи лашкариён таъсири манфӣ расонид.  Ҳиротро соли 1307 муғулҳо дубора ба харобазор табдил доданд.

Сипас бародари Фахриддин Ғиёсиддин (1307-1329) аз тарафи муғулҳо малики давлати Куртҳо интихоб гардид. Ӯ кӯшиши зиёд намуда, тавонист дубора давлати парокандаро барқарор намояд.

Муҳимтарин таҳавввулоти давлати Куртҳо ба замони салтанати Муъизуддин Ҳусайн (1330-1370) рост омад. Зеро дар соли 1335 давлати Илхонони муғул пароканда гардид ва ин маънои истиқлоли комил пайдо кардани давлати куртро дошт. Аммо муносибат миёни ду давлати тоҷикии Курт ва Сарбадорон тира гардид, ки ин ба манфиати ҳар ду давлат набуд. Аз зиддияти ин давлатҳо истифода карда, Темур ба Ҳирот лашкар мекашад ва соли 1281 охирин малики Курт Ғиёсиддин Пиралиро ба асорат бурда, ба мавҷудияти ин давлат хотима мебахшад.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама