Эхинококк – маълумот бо забони тоҷикӣ

Эхинококк – маълумот бо забони точики / тоҷикӣ


Эхинококк ба синфи тасмакирмҳо мансуб аст. Эхинококк баръакси бандкирми гов ва хук хеле хурд буда, дарозиаш 5-6 мм аст. Баданаш аз 3-4 буғум иборат аст. Эхинококк қариб дар ҳамаи ширхӯрон вомехӯрад. Вай дар ҷигар ва шуши онҳо давраи инкишофи пуфакии худро мегузаронад (ба расми 64 нигаред).

Усулҳои сироятёбии ҳайвоноти хонагӣ бо кирми ҷигармак ва эхинококк
Расми 64. Усулҳои сироятёбии ҳайвоноти хонагӣ бо кирми ҷигармак ва эхинококк

Дар дохили пуфаки модарӣ пуфакҳои духтарӣ (ҷавон) пайдо шуда, дар онҳо варамҳои бисёр ҳосил мешаванд. Ин варамҳо саршавии насли нави эхинококк мебошанд. Агар гург, саг, рӯбоҳ, гурба ва дигар ҳайвонҳои даранда чорвои ба эхинококк гирифторбударо хӯранд, ин муфтхӯр ба онҳо гузашта, дар рӯдаи борики онҳо зиндагӣ мекунад.

Аз тухми тавассути саргин дар чарогоҳ афтида гов, гӯсфанд, хук, харгӯш, қисман асп, ки «хӯҷаин»-и мобайнӣ мебошанд, ҳангоми хӯрдани алаф сироят меёбанд. Эхинококк аз сагҳои ба ин касалӣ гирифторбуда дар вақти сила ё навозиш кардани онҳо ба инсон мегузарад. Агар гигиенаи шахсӣ риоя карда нашавад, одам ҳам «хӯҷаин»-и мобайнии ин кирм мегардад. Пеш аз хӯрдани хӯрок ҳатман дастҳоро шустан лозим аст.

Афзоиши аксарияти паҳнкирмҳои муфтхӯр бо ивазку- нии «хӯҷаин» мегузарад. Яъне як насл дар як «хӯҷаин», насли дигар дар дигар «хӯҷаин» инкишоф меёбад. Дар оянда ҳамон фардҳое зинда мемонанд, ки онҳо тухми бисёр мегузоранд, зеро имконияти афтидани тухм ба бадани «хӯҷаин»-и мобайнӣ ва ё кирмина ба бадани «хӯҷаин»-и охирин хеле маҳдуд аст. Яке аз сабабҳои насли бисёр мондани муфтхӯрҳо ҳам ҳамин аст. Бо ҳамин васила онҳо барои аз байн нарафтан мубориза мебаранд ва инро мубориза барои ҳаёт меноманд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муфассал >> Инкишофи паҳнкирмҳои муфтхӯр

ҚаблӣИнкишофи паҳнкирмҳои муфтхӯр
БаъдӣТасниф ва пайдоиши паҳнкирмҳо