Ғалатҳои маъмулӣ дар навишти ариза

(Аризаҳо ба номи шартии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – ДМТ навишта шудаанд. Донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ва дигар донишгоҳҳо дар вақти навиштани ариза бояд номи донишкадаи худашон, ному насаб ва унвони ректор, факултаҳо, ихтисосҳову курсҳои худро бинависанд).

Аризаеро бо ғалатҳои маъмулӣ меоварем ва баъдан онро ислоҳ намуда шакли дурусти онро менигорем.


Ба ректори Д.М.Т, муҳтарам
Саъдиев. М. Б. аз номи донинҷӯи
соли сеюми факултаи молиявию
иқтисодӣ, ихтисоси молия ва қарз
Сафаров Нодир.

Ариза

Дар баробари навиштани аризаи худ ба шумо маълум менамоям, ки ман аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон – Шуғнон барои таҳсил ба Д.М.Т омадаам. Дар шаҳри Душанбе барои истиқомат манзил надорам. Хоҳишмандам амр фармоед, ки ба ман аз хобгоҳ ҷой дода шавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қаблан ба шумо арзи сипос менамоям.

2 сентябри соли 2019.

Имзо


Намунаи дурусти ин ариза:

Ба ректори Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон, профессор Саъдиев М. Б.
аз донишҷӯи соли сеюми факултаи
молиявию иқтисодӣ, ихтисоси
молия ва қарз Сафаров Нодир

Ариза

Ба Шумо маълум менамоям, ки ман аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон – Шуғнон барои таҳсил ба ДМТ омадаам. Дар шаҳри Душанбе барои истиқомат манзил надорам. Хоҳишмандам, амр фармоед, ки ба ман аз хобгоҳ ҷой дода шавад.

Имзо /                      / Сафаров Н.

2 сентябри соли 2019.


Намунаи ин аризаро дар шакли расм меорем –>>

ариза барои хобгох


Рӯйхати намунаҲои ариза <<

Ариза (Заявление)

Галатхои маъмули дар навишти ариза, хатохои аризанависи, тарзи дурусти ариза, бо забони точики, намуна

ҚаблӣАриза (Заявление)
БаъдӣНамунаи Ариза барои қисман пардохти маблағи таҳсил

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед