Ариза (Заявление)

Ариза калимаи арабӣ буда, маънои арз, баён ва изҳорро дорад. Ариза мазмуни дархостӣ ва арзу шикоятӣ дошта, аз ҷониби як ё якчанд нафар ба унвони сардори муассисаву корхона ва макомоти расмӣ навишта мешавад.

ариза намуна

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ариза аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

  1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ному насаби роҳбари муассиса
  2. Вазифа ва ному насаби аризадиҳанда
  3. Номи ҳуҷҷат
  4. Матн (сабаб ва мақсади иншои ариза)
  5. Имзои муаллиф
  6. Таърихи навишта шудани ариза

Аризаро дар варақи А4 аз боло 2 см, аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1 ё 0,5 см ҳошия гузошта, ба даст менависанд, ё дар компютер чоп мекунанд. Навишти қисми ариза, ки дар он вазифа, унвон, ному насаби роҳбари корхона (муассиса) ва вазифаву ному насаби аризадиҳанда сабт мегардад, аз мобайни варақ, бе сархат (абзатс) оғоз меёбад. Дар ҷойи холии тарафи чап роҳбари корхона (муассиса) андешаи худ (раводидаш)-ро оид ба тасдиқ ё радди матолиби дар ариза омада сабт менамояд. Аризаи маъмулӣ, ки аксаран кормандон онро менависанд, аризаи ба кор дохил шудан, ба мураххасӣ (отпуск) рафтан (пас аз 11 моҳи кор дар муассиса) ва ё аз кор рафтан мебошад. Пас аз зикри вазифаву унвон, ному насаби роҳбари корхона, ному насаби аризадиҳанда, баъд аз 3 см ҳошия матни ариза оварда мешавад.

Ба кор дохил шудан:

Хоҳишмандам, маро ба вазифаи __________________ дар корхонаатон қабул намоед.

Бо эҳтиром (ному насаб, таърихи рӯз)


Ба мураххасӣ рафтан:

Хоҳишмандам, барои ба мураххасӣ рафтани ман аз 1 декабри соли 2011 иҷозат бидиҳед.

Бо эҳтиром (ному насаб, таърихи рӯз)


Аз кор рафтан:

Хоҳишмандам, маро бо хоҳиши худам аз кор озод намоед.

Бо эҳтиром (ному насаб, таърихи рӯз)


Намунаи Ариза барои аз дарсҳо озод намудан

Ба декани факултаи биологияи ДМТ,
дотсент Собиров М.С. аз донишҷӯи соли
дуюми факултаи мазкур, гурӯҳи
шартномавии ихтисоси 013100 Ноибов Ҳабиб

Ариза

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки рӯзи 27-уми сентябри соли равон туйи арусии бародарам баргузор мегардад.

Хоҳишмандам, маро ба муҳлати ду рӯз (аз 26.09.2019 то 28.09.2019) аз дарсҳо озод намоед.

Имзо /                  / Ҳ. Ноибов

25 сентябри соли 2019.


Рӯйхати намунаҳои ариза


Маълумот дар бораи ариза, ариза чи гуна навишта мешавад? Намунахои ариза, бо забони точики, намуна, намунаи ариза, тарзи навиштани ариза, даъво ариза.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед