Баёнот (Тавзеҳнома, Объяснение)

Баёнот санадест, ки дар он хонандагон, донишҷӯён, устодон, кормандони корхонаву муассисаҳо, баъзе шаҳрвандон сабаби иҷро нагардидани амру фармоиш, вайрон кардани интизоми меҳнат, сабаби наомадан ба дарсҳо, риоя накардани қоидаву қонунҳои муқарраршударо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Баёнот бо талаби сардори корхона, шахси масъул тартиб дода мешавад. Оғози баёнот ба ариза монанд аст.

Аз қисмҳои зерин иборат аст:

  1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари роҳбар.
  2. Насаб, ном, номи падар, вазифа, унвон, дараҷаи илмии тартибдиҳандаи баёнот.

Ин ду ҷузъ дар тарафи роста варақи А4 аз мобайни варақ cap карда навишта мешаванд (ба монанди ариза).

  1. Номи ҳуҷҷат (дар мобайни саҳифа).
  2. Матни ҳуҷҷат (Баёнот).
  3. Насаб, ном ва номи падари тартибдиҳанда (ба шакли кутоҳ) ва имзо.
  4. Санаи навишта шудани баёнот.

Намуна (намунаи баёнот барои бетартибӣ дар вақти дарс)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба декани факултаи
иқтисодиёт ва молияи
ДИТ, профессор Калонова С.
аз дотсенти кафедраи забони
англисӣ Ёров Алӣ Қурбонович

Баёнот

Ба Шумо иттилоъ медиҳам, ки донишҷӯёни факултаи мазкур, ихтисоси кори бонкӣ Рашидов Комрон ва Зубайдов Абдулло ба дарси ман 15 дақиқа дер омаданд. Онҳоро ба дарс роҳ додам, вале дар дарс бетартибӣ карданд. Ба ҳамин сабаб ман онҳоро аз синфхона берун кардам. Хоҳишмандам, дар ин бобат чора бубинед.

Имзо /                   / А. Ёров

18 ноябри соли 2019.


Намунаи ин баёнот дар шакли расм –>>

Баёнот барои дарсшикани


Намунаҳои баёнот:


Намунаи Баёнот, намунаи Тавзехнома, намуна, чи тавр навистан мумкин, намунаи баёнот барои бетартиби дар вакти дарс ва дарсшикани, тарзи баёнот навистан.

ҚаблӣНамунаи Ариза барои машғул шудан ба соҳибкорӣ
БаъдӣНамунаи баёнот (барои дарсшиканӣ)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед