
– Гуфтан як чизу амал кардан чизи дигар аст.
(Монтен)
– Амалеро, ки кардан мехоҳӣ, фикр карда, қарор деҳ ва онро ба ҷой ор.
– Амалҳои дирӯз анҷомдода, айни ҳол ба шумо хуб намоён шуда истода бошад, пас имрӯз басанда нест.
(Вилсон)
– Ягон даст пинҳон аз дил амал намекунад. (Имом Раббонӣ (р.а.))
– Агар амалатро бардавом нигоҳ дорӣ, он чизеро, ки ба даст овардан мехоҳӣ, ҳама вақт ноил хоҳӣ гашт.
(Ҷ. Броун)
– То он вақте ки дар ҳаёт ҳастӣ, умратро фурсат дон. Баъди лаҳзае дари ҳаёт маҳкам мешаваду дунёро тарк мекунӣ. То он ҷое, ки қувватат мерасад, амалҳои хайрро ғанимат шумур. Кушода будани дари тавба ва имкони дар дастат бударо низ ғанимат шумур. Тавба
кунед. Дуои хайр кунед. Бо шахсони солеҳ бошед! (Абдулқодири Гайлонӣ)
– Инсон бо забонаш не, бояд бо амалаш сухан гӯяд. (Стеҳр)
– Бар донистаат амал накардан ҳанӯз он чизро куллан надонистан аст. (Абдулҳаким Арвасӣ)
– Бо ягон амал мағрур машав, зеро амалҳо бо ҳолатҳои охир санҷида мешавад. (Абдулқодири Гайлонӣ)
– Барои инсон ҳақиқатро донистан басанда нест, ҳақиқатро талаб кардан ва амал кардан лозим меояд. (Гёте)
– Шахси комил на он аст, ки сухани хуб мегӯяд балки он аст, ки гуфтаҳояшро дар амал татбиқ мекунад. (Конфутсий)
– Дониши зиёде, ки бар он амал карда намешавад, танҳо кибратро афзун мегардонад. (ҳазрати Исо (а.с.))
– Фикр кардан осон аст, аммо ҷомаи амал пушонидан ба он фикрҳо душвор аст. Дар дунё аз ҳама чизи душвор ин фикрҳоро дар амал татбиқ кардан аст. (Гёте)
– Бекор наистед, замонатонро ба амалҳое сарфа кунед, ки шуморо Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) наздик мекунанд.
– Амали хуби эътимоднок он аст, ки барои густариши илм сарф кунӣ. (Ата бинни Майсана)
– Қиматтарин амаламро дар ҳурмати зоти солиҳ донистам. (Абдуллоҳ ал-Музанӣ)
– Шоҳи амалҳо се аст: Дар кам будани мол, сахӣ будан; дар танҳоӣ аз Аллоҳ Таъло (ҷ.ҷ.) тарсида ба ҳаром майл накардан ва дар назди оне, ки аз ӯ метарсӣ ва ё аз ӯ чизе тамаъ дорӣ, ҳақиқатро гуфтан. (Бишри Ҳофӣ)
– Ҳар кас ки амали хайрашро халқ набинад, гуфтатарк кунад, риё аст, халқ бинад, гуфта анҷом диҳад, ширк аст; агар ҳар дуро тарк кунад, ихлос аст. (Молик бин Динор)
– Фазилтарин амал тарк кардани гуноҳҳост.
– Амалҳоеро, ки бояд ошкоро шаванд, бо ихлос адояшон кун. Амалҳое, ки ҳоҷат ба шарҳ додан набошад, талаб кун аз Аллоҳ Таъоло, то касе ба ҷуз Ӯ (ҷ.ҷ.) набинад. Амалҳоеро, ки мардум мебинанд, амал машумор.
– Аз амалҳои баде, ки карда будем, пушаймон мешавем ва бо мурури замон онҳоро фаромӯш мекунем, аммо бар пушаймонии амалҳои хайре, ки аз дастамон меомаду накардем, чорае нест. (Сидней Ҷ. Ҳаррис)
– Дунё ниёзманди намунаи ибратбахш аст, на насиҳати беамал.
– Фазилтарин аъмол хилофи хоҳишоти нафс амал кардан аст.
– Омӯхтаатро дар ҳаёт татбиқ намо, то фоида ба даст орӣ, вагарна ба мисли боркаши илм аз ҳаёт меравӣ.
– Ҳайф бар он касе, ки намедонад. Ҳафтод ҳайф бар он шахсе, ки медонаду амал намекунад. (Абу Дардо)
– Инсон то замоне азоб намекашад, ки Аллоҳ нанависад. Аллоҳ Таъоло наменависад, то вақте ки инсон амал накунад.
– Дониста кори кам кардан аз кори зиёди надониста кардан хубтар аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Ҷав кошта, гандум мадарав.
Манбаъ: Хазинаи Маърифат




















Илм бе амал мисли инаст ки обро ба як ҳавз ё як зарфе мегирӣ аммо илми бо амал инаст ки ту метавони тамоми орзуҳои хушку нопадид шудаи худро бисабзони ва бируёни то бубини ки торо амал ва илмат ба як диёри орузуҳо мерасонад ки онро шаҳри муваффақият мегӯяд амал кунед пирӯз мешавед