Ҳазми хӯрок дар ковокии даҳон

Хазми хурок дар ковокии дахон. Ковокии дахон. Фурубари.


Ковокии даҳон

Дар ковокии даҳон хӯрок чашида, майда хоида ва бо оби даҳон тар мешавад. Дар майда кардани хӯрок дандонҳо ва забон иштирок мекунанд. Одамони калонсол 32 дандон доранд. Сохти онҳо вобаста ба вазифаашон гуногун аст.

Дар ҷоғҳои болою поён аз пеш чортоӣ дандонҳои паҳни пеш ҷойгиранд. Баъди онҳо аз ҳар ду тараф яктоӣ дандони ашк ҷой гирифтааст. Одам хӯрокро бо дандонҳои пеш ва ашк мегазад. Аз паси дандонҳои ашк аз ҳар ду тараф дутоӣ дандонҳои хурди курсӣ ва сетоӣ дандонҳои калони курсӣ ҷойгиранд. Одам бо дандонҳои курсӣ хӯрокро майда карда мехояд. Ҳар як дандон аз реша, ки ба сӯрохии чуқури устухони ҷоғ даромадааст, гардана, ки ба милк фурӯ рафтааст ва рӯйкаш, ки дар ковокии даҳон ҷой гирифтааст, иборат мебошад. Рӯйи рӯйкашро сири сахти дандон мепӯшонад, ки дандонҳоро аз фарсудагӣ ва дохил шудани микробҳо муҳофизат мекунад. Зери сир моддаи сахти устухонмонанд – дентин мавҷуд аст. Даруни дандон ковок мебошад. Бофтаи пайвандии мағзи дандон ковокии дандонро пур кардааст, ки рагҳои хун ва асаб дорад (расми 70).

Расми 70. Хелҳои дандон. Сохти дарунӣ ва берунии дандонҳо
Расми 70. Хелҳои дандон. Сохти дарунӣ ва берунии дандонҳо

Кӯдаки навзод дандон надорад

Тақрибан аз шашмоҳагӣ кӯдакон дандони шир мебароранд, ки дар синни 8-12-солагӣ онҳо рехта, бар ивази он дандонҳои доимӣ мебароянд. Ҷуфти охирини дандонҳои одам, яъне дандонҳои ақл, одатан дар синни 24-26-солагӣ мебароянд.

Хӯрок чӣ қадар бештар майда карда шавад, ҳамон қадар ферментҳо хубтар тайёр мешаванд. Хӯроке, ки хуб хоида намешавад, кори ғадудҳои ҳозимаро душвор намуда, боиси пайдоиши бемории меъда мегардад. Дандонҳоро эҳтиёт кардан лозим аст. Барои ин риояи қоидаҳои гигиенаи пешгирӣ кардани фарсудашавии дандонҳо: нашикастани чормағз, донак, нахоидани устухон ва қандҳои хеле сахт, инчунин нахӯрдани оби хунук ва яхмос пас аз хӯроки гарм тавсия карда мешавад. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ сири дандон кафида, ба моддаи дандон микроб дохил мешавад. Дар натиҷа дандон дард карда, оҳистаоҳиста фарсуда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Боқимондаҳои хӯроке, ки дар миёни дандонҳо ҷамъ мешаванд, барои афзоиши микробҳо муҳити мусоид фароҳам меоваранд. Барои бартараф кардани онҳо ҳар рӯз пеш аз хоб дандонҳоро тоза кардан ва баъд аз хӯрок даҳонро бо оби ширгарм чайқондан лозим аст. Барои тоза кардани дандонҳо хока ва хамираи дандоншӯии пешгирикунандаи илтиҳобро ба кор бурда, мисвоқро мунтазам собуншӯ ва бо оби гарм чайқонидан ба маврид аст.

Ҳатто ҳангоми каме зарар дидани дандон зуд ба духтури дандон муроҷиат кардан лозим аст. Дандони зарардида ба бемории сироятии организм мусоидат мекунад (расми 71). Асбобҳои ҳозиразамони тиббӣ ва доруҳои навтарин ба духтурон имконият медиҳанд, ки дандонҳоро беозор муолиҷа кунанд.

Расми 71. Ба воситаи дандони бемор ба организм дохил шудани микроорганизмҳои бемориовар
Расми 71. Ба воситаи дандони бемор ба организм дохил шудани микроорганизмҳои бемориовар

Мо ҳангоми хоидани хӯрок онро бо ёрии забон ҳар тараф мегардонем. Забон ретсепторҳои зиёде дорад, ки ба туфайли онҳо таъм, хусусиятҳои механикӣ ва ҳарорати хӯрокро ҳис мекунем.

Одам лаззати хӯроки хушкро ҳис карда наметавонад. Хӯрок дар даҳон бо оби даҳон тар мешавад. Онро се ҷуфт ғадуди оби даҳон ва ғадудҳои сершумори пардаи луобии забон ва ковокии даҳон ҷудо мекунанд. Ғадудҳои оби даҳон дар як шабонарӯз аз 0,5 то 2 литр оби даҳон ҳосил мекунанд.

Оби даҳони одам ферментҳо дорад, онҳо карбогидратҳои мураккабро ба карбогидратҳои содатарин таҷзия мекунанд.

Оби даҳон реаксияи ишқории паст ва моддаи махсуси бесироятнакунанда – лизосом дорад. Лизосом осеби луобпардаи ковокии даҳонро сиҳат мекунад.

Тарашшуҳи ғадудҳои оби даҳон ба таври рефлексӣ дар натиҷаи ба ангезиш омадани ретсепторҳо тавассути моддаҳои хӯрока ба амал меоянд. Ретсепторҳо дар рӯйи забон ва пардаи луобии даҳон ҷойгиранд. Аз онҳо ангезиш тавассути нейронҳои ҳискунанда ба маркази луобҷудокунанда, ки дар мағзи дарозрӯя ҷойгир аст мегузарад. Аз ин ҷо якҷоя бо нейронҳои ҳаракаткунанда ба ғадудҳои оби даҳон гузаронда мешавад ва онҳо оби даҳон ҷудо мекунанд. Чунин аст камонаки одитарини рефлекси ҷудокунандаи оби даҳон. Маълум аст, ки оби даҳон на фақат ҳангоми хӯрокхӯрӣ, балки дар вақти дидани хӯроки лазиз, ҳис кардани бӯйи он ё шунидани садои косаю табақ низ ҷудо мешавад.


Фурӯбарӣ

Луқмаи хӯрок аз ковокии даҳон ба ҳалқ ва баъд ба сурхрӯда найи хурди амудӣ мегузарад. Дар вақти фурӯбарӣ роҳи ҳалқро тағояки болоии ҳалқ мепӯшонад. Девораҳои сурхрӯда мавҷвор кашиш хӯрда, боиси ба меъда ҳаракат кардани хӯрок мегарданд. Луобе, ки сурхрӯда ҷудо мекунад, ҳаракати хӯрокро осон месозад.


Дониши худро санҷед:

  1. Дар ковокии даҳон чӣ хел тағйироти хӯрок ба амал меояд?
  2. Сохти дандон чӣ хел аст?
  3. Чаро дандонҳоро эҳтиёт ва нигоҳубин кардан лозим аст?
  4. Ҳангоми дар ковокии даҳон майдашавии хӯрок оби даҳон чӣ аҳамият дорад?
  5. Маҷрои кадом ғадудҳо ба ковокии даҳон кушода мешаванд?
  6. Ҷудошавии оби даҳон чӣ тавр танзим карда мешавад?
  7. Тарашшуҳи луоби даҳон ба чӣ вобаста аст?
ҚаблӣУзвҳои ҳозима (биология, анатомия)
БаъдӣҲазми хӯрок дар меъда