Оё медонед? #2 — фактҳои ҷолиб

Ин мақола Оё медонед ном дошта дар он маълумотҳои ҷолиб оварда мешаванд. Хонед ва ба дӯстонатон фиристед (поделиться).

1. Дар охирҳои асри 19 “Кока-Кола”-ро ҳамчун доруи сардард дар дорухонаҳо мефурухтанд.

2. Дар бадани кӯдаки навзод ҳамагӣ 1 пиёла хун мавҷуд аст.

3. Дар Португалия бо ранги сурх навиштанро аз руи одоб намеҳисобанд.

4. Олимони машҳури Юнони Қадим Суқрот, Арасту ва Гиппократ дар бозиҳои олимпӣ ширкат варзида буданд.

5. Дар оби баҳр қариб ҳамаи моддаҳои Ҷадвали химиявии Д.И Менделеевро ёфтан мумкин аст.

6. 80%-и тубҳои футболро дар ҷаҳон Покисто истеҳсол мекунад.

7. Дар баъзе кишварҳо нархи автомат Калашников (АК-47) баробар ба нархи мурғ аст.

8. Дар Швейтсария аз соли 1515 то инҷониб ягон ҷанг рух надодааст.

9. Методи консервакунонӣ аввалин маротиба соли 1772 дар Нидерланд кашф шудааст.

10. Танҳо 5%-и аҳолии дунё бо ҳарду даст навишта метавонанд. 11. Дар замонҳои қадим ғуломонро бо намак иваз мекарданд. 12. Зиёда аз 70%-и худкушиҳо дар дунё, тавассути дору сурат мегирад.

13. Дар тани ҳар яки мо тақрибан то 0,2 мг тилло мавҷуд аст.

14. Аз байни ҳашаротҳо танҳо гаҳвораҷунбонак метавонад сарашро тоб диҳад.

15. Роберт Першинг Уодлоу​ ҳамчун қадбаландтарин одами дунё ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил шудааст. Қадаш 272 сантиметр будааст.

16. Вазни умумии бактерияҳои тани одам 3-4 кг аст.

17. Антон Павлович Чехов либосҳои нав мепӯшиду баъд ба ҳикоянависӣ шуруъ мекард.

18. Фёдор Михайлович Достоевский ҳангоми романнависӣ ба хонаи танг медаромад.

19. Бетховен сатили обро аз сараш холӣ мекард ва баъд ба курсии эҷод менишаст.​ Ин ба фикри ӯ фаъолияти майнаи сарро​ фаъол мекард.

20. Дар дунё наздики 900 млн нафар то ҳол хонда наметавонанд. ​

​ Таҳияи Шаҳзод Орифӣ, ассистенти
кафедраи “Иқтисодиёт ва идора”-и
Коллеҷи техникии Тоҷикистон
ба номи академик М. С. Осимӣ


Оё медонед? #1

ҚаблӣАллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат #2
БаъдӣAмал – Хазинаи маърифат #2

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед