Шеърҳо дар васфи Тоҷикистон

Шеърхо дар васфи Точикистон, Шеър дар бораи Точикистон ватанам. Ҳама шеърхо дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд >>

Тоҷикистон

Замин дорӣ, замон дорӣ ту имрӯз,
Ҷаҳоне дар ҷаҳон дорӣ ту имрӯз…
Суруди ту ба кунҷи дил ниҳон нест,
Чу парвози уқобон бенишон нест.
Дар ин айём мулки нозанинам,
Туро дар субҳи хуршедӣ бубинам.
Дар имрӯзи ту ман оянда ёбам,
Шавам ҳампову ҳамроҳат шитобам.
Чу модар ту бузургу пойдорӣ,
Ки аввал дориву охир надорӣ.

Лоиқ Шералӣ

кохи навруз, шеър дар васфи точикистон, таджикистан точикистон


Точикистон шеър

Офтобат шуълаафшон,
Осмонат ахтаристон.
Ахтари ман дар фазоят.
Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мазраи сарсабзи деҳқон,
Хоки зархези Зарафшон.
Сарзамини родмардон,
Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Кӯҳҳоят сар ба афлок,
Рӯдҳоят шӯху бебок.
Мардумат дар мардумӣ тоқ,
Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Зери шаҳболи ту растам,
Дил ба дунёи ту бастам.
То ту ҳастӣ, бо ту ҳастам,
Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Баҳринисо


ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,
Тоҷикистони ҷавону дилбарам.
Мисли тифле дӯст медорам туро,
Аз ту ояд бӯйи шири модарам.
Дӯст дорам халқи гулдасти туро,
Чашмаҳову рӯди пуршасти туро.
Дӯст дорам кӯҳу даштатро зи ҷон,
Ҳар ғизоли шӯху сармасти туро.
Дӯст дорам резасангони туро,
Боғу роғи пур зи эҳсони туро.
Дӯст дорам ҳар ниҳоли сабзи ту,
Ҳам Бадахшон, ҳам Зарафшони туро.

Ҳадиса Қурбонова


Ба Тоҷикистон

Эй умеди дили рамидаи ман,
Қуввати дасту нури дидаи ман.
Ватани кору хонаи ишқам,
Табъи шеъру таронаи ишқам!
Ваҳ, чӣ рахшонӣ, эй шарораи сурх,
Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх!
Бурҷи Машриқ агарчи хонаи туст,
Лек олам пур аз фасонаи туст.
Солҳо пеш аз ин замона, ҳазор,
Нафақат як, ҳазор чандин бор.
Ту ҳунарманду паҳлавон будӣ,
Равшанибахши ин ҷаҳон будӣ.
Номдорони Шарқ дар гирдат
Гирд буданд ҳамчу шогирдат.
Хонаат мактабу маориф буд,
Дари эҳсон ба оламе бикушуд.
Боре, ин сон сухандарозӣ чист?
Мункири ту ба ғайри душман кист?
Дар ҷаҳон ҳар кӣ достон хонад,
Номи деринаи туро донад.
Лек чанде ту бенаво мондӣ,
Аз ҳунарҳои худ ҷудо мондӣ…
Солҳо бо талошу бо мардӣ
Ҷангу ҷонбозию ҷадал кардӣ.
Ҷанг кардӣ ба зидди ҷабру ситам,
Гоҳ-гоҳе шудӣ музаффар ҳам.
Лек зӯри ситам маҷол надод,
Ки тамоман шавӣ зи банд озод.
Ногаҳон шуъла аз Шимол дамид,
Шуълаи сурх то ба Шарқ расид.
Гуфт ин шуъла: Ҳей, ба по бархез!
Дар раҳи зиндагӣ зи ҷо бархез!…
Эй умеди дили рамидаи ман,
Қуввати дасту нури дидаи ман!
Он аламро ту роҳбар кардӣ,
Сӯйи майдон шудӣ, зафар кардӣ…
На фақат Шарқ аз ту хуррам шуд,
Рӯи ту нурбахши олам шуд.

Абулқосим Лоҳутӣ

Эй Тоҷикистон! (Шеър дар васфи Точикистон)


Эй Точикистон! (Шеър дар васфи Точикистон), шеърхо дар бораи Точикитон, шеъри точикистон бо забони точики, донишчу нет, Шеъри Точикистон аз Лоик Шерали, точикистон шеър, шеър дар точикистон, шеър дар бораи точикистон, шеър дар васфи точикистон, шеър дар васфи ватан точикистон, шеър дар бораи ватан точикистон, ватанам точикистон шеър, парчам точикистон шеър, шеър барои точикистон.

ҚаблӣЗиндагиномаи Абулкосим Лохути
БаъдӣМуъмин Қаноат

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед