Ҷамъият ҳамчун воқеъияти фароуттабиӣ. Сотсиум

Чуноне ки маълум гашт мафҳуми ҷомеа дар заминаи афкори фалсафӣ дар маъноҳои зерин истифода мешавад: 1) ҷомеа ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои муайяни одамон; 2) ҷомеа ҳамчун шакли муайяни таърихан ташаккулёфтаи ҳаёти иҷтимоӣ, ки таҳти унвонҳои ҷомеаи феодалӣ, сармоядорӣ в.ғ. маълуманд; 3) ҷомеа ҳамчун маҷмӯи хусусияту аломатҳои куллие, ки ба ҳамаи умумиятҳои дастаҷамъонаи одамон новобаста аз тааллуқ доштанашон ба зинаҳои гуногуни инкишофи таърихӣ ва мансубияти минтақавию ташкили иҷтимоияшон хосанд. Агар ба ин шарҳдиҳиҳо назар андозем мебинем, ки дар онҳо мафҳуми ҷомеа барои муайянсозии шаклҳои дастаҷамъонаи умумиятҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои давлатию миллӣ, умумиятҳои воқеию абстрактии типикунонидашудаи одамон истифода шудааст. Бинобар ҳамин дар маънои охир модели мантиқии умуман ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки он дар худ аломату хусусиятҳои муҳими ҳамагуна умумияти иҷтимоии худкифояро новобаста аз мансубияти ҷуғрофию дараҷаи инкишофи таърихияшон ифода менамояд. Дар ин маврид агар сухан дар бораи ҷомеа равад хулосаи ба даст омада барои ҳамагуна умумияти иҷтимоии худкифоя, ки дорои заминаи худбозтавлидкунии табиии сафи аъзоёнаш аст, якхела мансуб дониста мешавад. Яъне масалан вақте ки мо дар бораи хусусияти ҷомеаи анъанавӣ, суннатгаро ё фаросанъатӣ муҳокима меронем хулосаи ба даст омада танҳо яке аз ин гунна ҷомеаҳоро( ҷомеаи суннатгарои тоҷик ё ҷомеаи фаросанъатии амрикоро) дар назар надорад, балки он барои кулли ин гуна ҷомеаҳо якхела арзиш пайдо мекунад. Ин тарзи дарки моҳияти ҷомеаро тавсифи дигари он, ки дар заминаи муқобилгузории «табиат-ҷамъият» асос ёфтааст, пурратар мекунад. Дар ин маврид ҷомеа на танҳо дар шакли дастаҷамъии иҷтимоӣ, балки ҳамчун маҷмӯи нишонаву хусусиятҳое зоҳир мешавад, ки тавассути онҳо ҳаёти дастаҷамъонаю фардии одамони вориди олами аз табиат ҷудошуда мегардад. Дар ин маънояш мафҳуми ҷомеа бо мафҳумҳои «олами фароорганикӣ», «воқеияти иҷтимою фарҳангӣ», «шакли иҷтимоии ҳаракати материя», «сотсиум», ки тавассути онҳо ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ хусусияти ҷавҳарии воқеиятҳои ғайритабиии оламро ифода мекунанд, наздикии маъноӣ пайдо мекунад. Дар ҳамин асос ҷомеашиносон ба баъзе аз қазоватҳое, ки дар онҳо ҳама гуна умумияти дастаҷамъии дар олам, аз ҷумла дар табиат(ҷамъи орӯҳо, лошахӯрон, мурчаҳо в.ғ.) дучоршавандаро бо мафҳуми ҷамъият баён мекунанд, бо назари танқидӣ муносибат мекунанд. Баръакси умумияти дастаҷамъии мавҷудоти дигари зинда ҷомеа ҳамчун олами бо қонунҳои хоси худ инкишофёбандаи инсонҳо ва маҷмӯи дастафзорҳои эҷоднамудаи ӯст, ки он дар шакли тайёр дар табиат мавҷуд нест. Дар ин маврид ҷомеа ҳамчун шакли муташаккили фаъолияти мақсадноки дастаҷамъонаи одамон, ки дар ҷараёни он онҳо ба муносибатҳои гуногуни байниҳамдигарӣ ворид мешаванд, дар назар дошта мешавад. Барои фарқгузории чунин фаҳмиши ҷомеа аз дигар шаклҳои маънидодкуниҳо аслан мафҳуми сотсиумро васеъ истифода мебаранд. Мундариҷаи ин мафҳум ба ҷустуҷӯи ҷавоби саволи ба чӣ марбут будани фарқи байни фаъолияти иҷтимоии инсон аз рафтори дигар мавҷудоти зиндае, ки амали онҳо низ аз талаботҳои наздик бо талаботҳои одамон(идомаи насл, худмуҳофизаткунӣ, зинда мондан в.ғ.) пайравӣ мекунанд, нигаронида шудааст. Мафҳуми сотсиум имконият медиҳад, ки инчунин хусусияти ташкили низоми иҷтимоиро аз дигар низомҳои дар табиату муҳити иҳотакардаи инсон дучоршаванда пайдо намоем.

Ҳамин тавр агар ба моҳияти фаҳмишҳои зикршудаи мундариҷаи мафҳуми ҷомеа назар андозем мебинем, ки онҳоро умуман ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Аввалан дарки васеи мафҳуми ҷомеа ҳамчун воқеиятие, ки ҳамагуна падидаҳои иҷтимоиро новобаста аз мушаххассоти маконию замониашон дарбар мегирад. Ин фаҳмиши хеле васеъ ва умумии ҷомеа буда, бо ин восита хусусияту аломатҳои барои ҳамаи ҷомеаҳо хосро новобаста аз мансубияти ҷуғрофию таърихияшон муайян менамоянд ва ин бо мафҳуми «олами фароуттабиӣ ё ғайритабиӣ», «сотсиум» ифода карда мешавад. Фаҳмиши дигари ҷомеа мавҷуд аст, ки он маҳдудтар буда, таҳти ин мафҳум тарзи маҷудияти мушаххаси падидаи иҷтимоӣ дар фазо ва вақт дар назар дошта мешавад. Дар ҷараёни маърифати ҷомеа ҳарду навъи фаҳмиш хусусияти ба ҳамдигар гузаштанро доранд, зеро дарки тарзи мавҷудияти мушаххаси падидаи иҷтимоӣ ба сифати ҷомеа бидуни муайян кардан, донистани хусусияту аломатҳои хос барои ҳамаи умумиятҳои дастҷамъонае, ки ҳамчун ҷомеа шинохта мешаванд, номумкин аст. Яъне барои ҳамчун ҷомеа унвон кардани ҳаёти дастаҷамъонаи сокинони кишварамон мо такя ба хусусияту аломатҳои хос барои ҳамаи ин гуна умумиятҳо новобаста аз мансубияти ҷуғрофию таърихияшон мекунем. Дар навбати худ ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи «сотсиум» бе таваҷҷӯҳ ба тарзи мавҷудияти мушаххаси умумияти дастаҷамъии одамон номумкин аст. Бинобар ҳамин ҳам зимни омӯзиши ҷомеа мо бояд дар баробари муайян кардани фарқияти аломату хусусиятҳои системавии ҷомеа аз низомҳои дигар ба баррасии шароитҳои мушаххаси пайдоиш, мавҷудият ва инкишофи воқеияти иҷтимоӣ, ки заминаи ҷомеаҳои вуҷуди таърихӣ дошта мебошад пардозем.

Дар маҷмӯъ бо назардошти андешаҳои баёнгашта таърифи ҷомеаро дар шакли зерин ифода кардан мумкин аст: «ҷамъият ин шакли фаъолияти якҷояи одамон барои истеҳсоли арзишҳои моддию маънавӣ буда, дар ҷараёни он онҳо ба муносибатҳои гуногун байниҳамдигарӣ дохил мешаванд». Ҷомеа дар зинаи муайяни таҳаввули табиат ташаккул ёфта, дар асоси он меҳнати дастаҷамъонаи одамон қарор дорад. Дар ҷараёни истеҳсоли арзишҳои одамон ба муносибатҳои муайяни истеҳсолие ворид мешаванд, ки бидуни онҳо ҷомеа наметавонад вуҷуд дошта бошад. Бинобар ҳамин ҳам ҷомеаро ҳамчунин метавон маҷмӯи муносибатҳои моддию маънавии байни одамон, ки дар заминаи истеҳсолот ташаккул меёбанд, тавсиф кард. Ин муносибатҳо дар ҷараёни таърих тағйир меёбанд ва дар ин замина ҷомеаро низ дигаргун месозанд.


Чамъият хамчун вокеъияти фароуттабии

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМафҳумҳои асосӣ ва назари методологӣ. Сотсиум. Дараҷаҳои гуногуни умумикунонӣ дар фаҳмиши мафҳуми ҷамъият
БаъдӣҶамъият. Моҳияти мафҳуми ҷамъият. Ҳамбастагии ҷамъият ва табиат