Рубоиёт бо лахҷаи Мастчох

Якчанд рубоиёти Мастчоҳӣ – рубоиёт бо лахҷаи Мастчоҳӣ дар васфи Мастчоҳ дар ин матлаб оварда мешаванд >>

Нохияи Мастчох

Масчоҳи кӯҳӣ аз ҳама ҷо хушрангай,
Ҳар манзари он, ороишаш аз сангай.
Як лаҳза шунав садои дарёи варо,
Ҳар қатраи обаш беҳ аз чангай.

Бошад, ки фалак ба коми инсон бошад,
Ҳар мушкилие барояш осон бошад.
Як нони фатири гандуми аз Масчоҳ,
Як қатраи об аз Зарафшон бошад.

Дар нуги забуни ҳама шиштай Масчоҳ,
То зинда ҳаям, ки сарнавиштай Масчоҳ.
Ман дӯзахӣ бошам, ки дурӯғат гуям,
Як гушаи дилкаши биҳиштай Масчоҳ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Масчоҳ ба мурам оби мусаффо дорад,
Хушбахт касе, ки дар бараш ҷо дорад.
Ман хоки раҳи касе шавам эй додар.
Бар хоки диёри худ таманно дорад.

Ҳар кас, ки ба Масчоҳи кӯҳан по мундай.
Маҷнун будасо дар ишқи Лайло мундай.
Ман ҷони ғариба мебарам Дилварзин,
Бечора дилам дар роҳи Масчоҳ мундай.

Мастчоҳии ман ҷону дилам қурбунат,
Монанди дилат васеъ дастархунат.
Гар Ҳотами Той як дам шавад меҳмунат,
Ҳайрун мунадо аз дар калун ҳар нунат.

Сад бор мурам ба дастате лочирапаз,
Бар қоши сиёҳи мастате лочирапаз.
Дар ҳасрати ту бағал кушоям чу танӯр,
Биллоҳ ба Худо ба қастатам лочирапаз.

Рубоиёти Умари Хайём (рубоиет Хайем)

ҚаблӣГулназар Келдӣ дар бораи Суруди миллӣ
БаъдӣГулназар Келдӣ (1945-2020)