Соҳаи истеҳсолоти моддии ҷомеа

Соҳаи умумитарини ҳаёти ҷомеа чун низоми  том соҳаи истеҳсолоти моддӣ мебошад. Истеҳсолот ҳамчун нишонаи асосии инсон аст ва бо ин ӯ аз мавҷудоти дигари зинда фарқ мекунад. Ҳамаи ҳайвонот, бе истисно, он чиро ки табиат медиҳад тасарруф мекунанд, онҳо ба муҳит фақат мутобиқ мешаванд. Одамон ашёҳоеро меофаранд, ки дар табиат вуҷуд надоранд, онҳо зимни таъмини талаботҳояшон муҳитро дигаргун менамоянд. Фарқи асоситарини одамон аз ҳайвонот ин аст, ки онҳо истеҳсол мекунанд, ба истеҳсол машғуланд. Ин андеша бо мурури замон ба фаҳмиши моддигароёнаи ҷамъият поя гузоштааст. Истеҳсолот шарти асосии мавҷудияти одамон аст. Ҳамин ки истеҳсолот қатъ гардид, одамон ба ҳалокат мерасанд. Фақат фаъолияти истеҳсолӣ хирад, тафаккурро тавлид карда метавонист. Танҳо истеҳсолот ба ҷомеа ҳаёт бахшида метавонист: ҷомеа бе истеҳсолот пешрафт намекунад. Истеҳсолот ҷомеаро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон ҳайвонро ба мавҷуди иҷтимоӣ, яъне инсон табдил дод. Ҳайвон танҳо созвора(организм), танҳо мавҷуди биологист. Инсон ягонагии ногусастании ҷисм (созвора) ва шуур аст, ки дар он нақши пешбарро шуур чун падидаи иҷтимоӣ ва фақат иҷтимоӣ мебозад; инсон шахсият аст. Лиҳозо, бидуни каму беш баррасӣ накардани истеҳсолот моҳияти ҷомеа ва инсонро фаҳмидан имконнопазир аст.

Фаъолияти одамон дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ дар ниҳояти кор  барои қонеъ гардидани талаботҳои ҳаётан муҳими одамон, бо мақсади аз  моддаҳои  табиат офаридани ашёҳои гуногунранги истеъмолӣ, қабл аз ҳама  маҳсулоти ғизоиро ба думбол дорад. Азхуднамоии ҳиссӣ– амалии воқеияти табиии инсонро иҳотакарда ба тарзи куллӣ аз мутобиқшавии ҳайвонот ба  шароитҳои воқеии мавҷудияти онҳо тафовут дорад. Ба табиат таъсиррасонии инсон раванди меҳнатӣ, инчунин фаъолияти мақсаднокест, ки аз ҷониби инсон истифода  бурдани  олатҳою воситаи меҳнатии сохтаи ӯ ва истифодаи  техникаи гуногунро  баҳри  расидан ба аҳдофи  пешакӣ дар назди худ  гузошташуда  дар назар  дорад.

Фаъолияти  моддӣ–истеҳсолӣ, аз як ҷониб, вақте ки  фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун раванди табиӣ аз  рӯи  қонунҳои  муайяни  ҷараёнгирифта падидор мегардад, тарафи техникию технологиро шомил аст, аз дигар ҷониб, он фарогирандаи он муносибатҳои ҷамъиятӣ, истеҳсолии байни одамон аст, ки дар рафти фаъолияти муштараки  меҳнатии онҳо  шакл мегиранд. Ҳарчанд гуфтан саҳеҳтар мебуд, ки  муносибатҳои  истеҳсолии байни одамон дар ҳамон шакли иҷтимоие баромад мекунанд, ки раванди фаъолияти меҳнатии муштараки онҳоро имконпазир мегардонад. Билохир, меҳнат дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ яке аз шаклҳои  муҳимтарини  амалишавии  нерӯҳои ҳаётӣ  ва қобилиятҳои инсон баромад мекунад.


Сохаи истехсолоти моддии чомеа

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣСоҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеа. Соҳаҳои татбиқи амалии ҷамъият ҳамчун низом
БаъдӣМеҳнат ва истеҳсолот