Меркантилизм. Сахми меркантилистон ва физиократхо ба илми иктисоди

Меркантилизм. Саҳми меркантилистон ва физиократҳо ба илми иқтисодӣ. Меркантилизм – мактаби аввалини назарияи иқтисодӣ, ки дар давраи ибтидоии пойдоршавии капитализм дар Англия, Франсия, Италия ва дигар мамлакатҳо, ки дар онҳо савдои байналхалқӣ босуръат инкишоф ёфтааст, пайдо шудааст. Дар адабиёти иқтисодӣ дар инкишофи меркантилизм одатан ду марҳиларо ҷудо мекунанд – ибтидоӣ ва марҳилаи дуюм. Ҷиҳати асосии чунин ҷудо намудани меркантилизм, асосноккунии роҳҳои дастраскунии тавозуни савдои мусбӣ, яъне бақияи мусбӣ дар савдои беруна мебошад.

Меркантилизми ибтидоӣ то кашфиётҳои бузурги географӣ пайдо шуда, то миёнаи асри XVI давом ёфтааст. Дар ин марҳила алоқаҳои байни мамлакатҳо наонқадар инкишоф ёфта, хусусияти лаҳзагӣ доштанд. Барои дастрас намудани бақияи мусбӣ дар савдои беруна, меркантилистони ибтидоӣ чунин чорабиниҳоро мақсаднок меҳисобиданд:

  • ҷорӣ намудани нархҳои баланд      ба     молҳои содиротшаванда;
  • воридоти молҳоро ҳаматарафа маҳдуд намудан;
  • роҳ надодан ба барориши тилло ва нуқра аз мамлакат (бо тилло ва нуқра боигарии пулӣ монанд карда мешуд).

Меркантлизми мархилаи дуюм

Меркантлизми марҳилаи дуюм, давраи аз ниммаи дуюми асри XVI то ниммаи дуюми асри XVII дар бар мегирад. Дар ин марҳила алоқаҳои савдоии байни мамлакатҳо инкишоф меёбанд ва доимӣ мегарданд, ки бо ҳавасмандкунии инкишофи саноати миллӣ ва савдо аз тарафи давлат асоснок шуда буд. Барои дастрас намудани тавозуни мусбии савдо чунин чорабиниҳо пешкаш карда мешуд:

  • забт намудани бозорҳои беруна ба туфайли молҳои арзон (яъне, бо нархҳои пасттар), инчунин аз нав фурӯхтани молҳои як мамлакатҳо ба мамлакатҳои дигар;
  • роҳ додани воридоти молҳо (ба ғайр аз молҳои қимматбаҳо) дар ҳолати нигоҳдории тавозуни мусбии савдо дар мамлакат;
  • барориши тилло ва нуқра барои амалигардонии муомилаҳои фоидаовари савдоӣ, миёнарав, яъне барои зиёд намудани миқдори онҳо дар мамлакат ва нигоҳдории тавозуни мусбии савдо.

Намояндагони мушҳуртарини меркантилизм Т.Мэн, А.Монкретьен, Ж.Колбер ва дигарон мебошанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Т.Мэн (1571 – 1647) – иқтисодчии англис, савдогари калон ва сарвари ширкати Ост – Индия, дар асари машҳури худ бо номи нишонии «Боигарии Англия дар савдои беруна ва ё тавозуни савдои беруна ҳамчун танзимкунандаи боигарии мо» асосҳои меркантилизми баркамолро ифода кардааст: сарчашмаи боигарӣ дар соҳаи истеҳсолот набуда, балки дар барзиёдии содирот аст. Вазифаҳои афзоишдиҳандаи боигарии пулии миллӣ бар дӯши давлат мебошад, ки бо воситаи амрҳои зиёд ва қонунҳо бояд сиёсати протексионизмро амалӣ гардонад. Дар марҳилаи ибтидоии меркантилизм ин намуди сиёсат дар манъ намудани барориши тилло аз мамлакат ифода ёфта буд, ки ба инкишофи савдои беруна халал мерасонид. Бинобар ҳамин дертар сиёсати протексионизм дар маҳдудияти воридоти молҳо бо воситаи ҷорӣ намудани боҷҳои баланди гумрукӣ ва нигоҳдории истеҳсолоти миллӣ пеш аз ҳама дар соҳаҳои содиротӣ ифода ёфтааст.

Ж. Колбер ва А.Монкретен. Ба ғайр аз Англия, меркантилизм дар Франсия низ инкишоф ёфтааст. Дар ҳар ду мамлакат меркантилистон аксар вақт вазифаҳои калони давлатиро ишғол мекарданд ва имконият доштанд дар сиёсати аз нуқтаи назаиявӣ пешкаш мешударо дар амал истифода баранд. Масалан, намояндаи номдори меркантилизм ва сиёсати протексионизм Ж.Колбер (1619 – 1683), вазири молияи шоҳ Людовики XIV буд. Сиёсати ӯ таъсисдиҳии истеҳсолоти монуфактуриро, ташкилёбии ширкатҳои савдоии монополиро, сохтмони роҳҳо ва каналҳоро ҳавасманд менамуд.

Дигар меркантилисти франсузӣ А.Монкретен (1576–1621) ба таърихи илм ҳамчун муаллифи «иқтисоди сиёсӣ» ворид шудааст. Монкретен аввалин маротиба истиллоҳи «иқтисоди сиёсиро» соли 1615 дар «Рисолаи иқтисоди сиёсӣ» («Трактат политической экономии») истифода бурдааст. Дар истиллоҳи «иқтисоди сиёсӣ» ақидаи устувори меркантилистон оид ба мавҷудияти алоқаи зиччи байни иқтисодиёт бо сиёсати давлат ифода ёфтааст.

Меркантилистон ба назарияи иқтисодӣ як қатор муқарраротҳои муҳимро ворид карданд, ки асосан ба савдои беруна ва тавозуни савдо, табиати пулҳо ва сатҳи фоиз таалуқ доранд.

Мувофиқи ақидаи меркантилистон, асоси устувори боигарии ҳар як мамлакатро афзоишдиҳии маҳсулоти натуралӣ не, балки ғункунии пулҳо (тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ) бо воситаи савдои берунаи самаранок ташкил мекунанд, яъне афзоиши барориши молҳо аз мамлакат нисбат ба барориши онҳо.

Ҳамин тавр, консепсияи меркантилистон, ки ба таҷрибаи ҳаёти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст, низоми сиёсати амалии ба танзими савдои беруна бо мақсади таъмини воридоти тилло ва нуқра ба мамлакат равона шуда буд. Мақсади асосии чунин сиёсат дастгирии саноат бо воситаи воридоти ашёи арзон, ҷорӣ намудани тарифҳои протексионистӣ ба молҳои саноатии воридшаванда, ҳавасмандгардонии содироти молҳои тайёр ба ҳисоб меравад.

Дар инкишофи назарияи иқтисодӣ ҳамчун илм У.Петти (1628 – 1689) дар Англия ва П. Буагилбер (1648–1714) дар Франсия мавқеи хосаро ишғол мекунанд. Афкорҳои онҳо ҳамчун асоси гузариш аз меркантилистон ба илми (ҳақиқи) иқтисоди сиёсии классикӣ мебошад. Хизмати шоистаи онҳо дар ҷудошавии зиннагии ақидаи меркантилизми кӯҳна оид ба зарурияти дахолати доимии давлат ба иқтисодиёт мебошад. Онҳо ба пойдоршавии физиократҳо – равияи иқтисодие, ки дар Франсия дар асри XVIII ба миён омада буд, роҳ кушоданд. Асарҳои машҳури У. Петти: «Рисола оид ба андозҳо ва боҷҳо», «Арифметикаи сиёсӣ». Махсусан У. Петти ба назарияи пулҳо саҳми бузург гузоштааст. Ӯ пулро ҳамчун моли пайдоиши меҳнатӣ дошта муайян кард ва бинобар ҳамин, пулҳо эквиваленти умумӣ мебошанд. У. Петти аввалин шуда дар илми иқтисодӣ масъаларо оид ба миқдори пулҳои барои муомилот зарур гузошт, лекин худи ӯ ин масъаларо ҳал накарда, хизмати ӯ дар ин ҷода танҳо дар масъалагузорӣ мебошад. Ҳамаи ин масъалаҳоро У.Петти дар асари худ бо номи «Баъзе масъалаҳо оид ба пулҳо» тадқиқ карда буда, ки ин асари ӯро Ф.Энгелс ҳамчун шоҳасари иқтисоди сиёсӣ баҳо додаст.

П. Буагилбер низ кӯшиш кард, ки арзишро ба меҳнат мансуб намояд ва бо баробари ин муқаррароти заруриро оиди ҷустуҷӯи сарчашмаи боигарӣ дар соҳаи истеҳсолот маънидод намояд.

Дар сарчашмаи иқтисоди сиёсии классикӣ иқтисодчӣ – физиократ Ф. Кенэ (1694 – 1774) низ қарор дошт.

Физиократҳо (аз калимаи юнонии phisis – табиат; kratos – қувва, ҳукмронӣ) – гурӯҳи олимон, ки ақидаи асосии худро оид ба либерализми иқтисодӣ ҳаматарафа тарафдорӣ мекарданд, ки дар принсипи машҳури «laissez faire» (озодии фаъолият, халал нарасонидан) ифода меёфт. Оид ба пайдоиши ин принсип ривояте пайдо шуда буд. Мувофиқи ин ривоят аз сарватманди корчаллон пурсиданд, ки давлат ба ӯ бо чи тавр кӯмак расонида метавонад. Ба ин савол сарватманди корчаллон бо ибораи «laissez faire» (Халал нарасонед) ҷавоб дода, маълум карда ба кӯмак ниёз надорад. Мантиқи назариявии ин принсип чунин аст: модоме, ки бозор дар асоси худтанзимшавӣ ба ҳолати мӯътадил ноил мегардад, бинобар ҳамин ҳаргуна дахолати давлат ба ин ҷараён метавонад танҳо иқтисодиётро аз ҳолати мӯътадил берун намояд. Ҳамагуна ҳолати аз мӯътадил фарқкунанда дорои хислатҳои бадтар нисбат ба худи ҳолати мӯътадил мебошад. Бо асосноккунии ақидаи худтанзимшавии бозор аз тарафи физиократҳо, дахолат накардани давлат ба худтанзимшавии бозорӣ дар илми иқтисодӣ ва ҳаёти аслӣ зиёда аз якуним аср ҳукмронӣ кард.

Ақидаи дигари муттаҳидкунандаи физиократҳо ин тасаввуроти нодуруст оид ба таъсисёбии боигарӣ танҳо дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Физиократҳо саноатчиёнро «синфи безуриёт» номиданд, ки гӯё боигарии навро истеҳсол намекарда, танҳо маҳсулоти дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсолшударо ба шаклан дигаргун мекарданд. Чунин хулосаи физиократҳо бечунучаро бо ҳолати иқтисодии Франсияи ҳамонвақта асоснок карда шуда буд. Франсияи ҳамонвақта ба 95% мамлакати аграрӣ буд, бинобар ҳамин маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи зиёди истеҳсолоти мамлакатро ташкил мекард.

Ҳамин тавр физиократҳо нисбат ба меркантилистон дар инкишофи илми иқтисодӣ қадами бузургеро ба пеш гузошт. Онҳо масъалаи таъсисёбии боигариро аз соҳаи муомилот ба соҳаи истеҳсолот гузарониданд. Гарчанде физиократҳо гумон доштанд, ки соҳаи ягонаи истеҳсолоте, ки дар он боигарии миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад ин соҳаи кишоварзӣ буда, шакли ягонаи арзиши изофа ин рентаи замин мебошад, саҳми онҳо ба инкишофи иқтисоди сиёсӣ ниҳоят бузург аст.

Оид ба хизматҳои физиократҳо қайд намуда, нақши онҳоро дар ҳалли муаммои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ қайд накардан мумкин нест. Дар тӯли таърихи умумии инкишофи назарияи иқтисодӣ масъалаҳои такрористеҳсоли ҷамъиятӣ аввалин маротиба айнан аз тарафи физиократҳо, хусусан аз тарафи намояндаи номдори он Франсуа Кенэ дар «Ҷадвали иқтисодии» ӯ (1757с.) маънидод карда шуда буданд. Дар ин кори худ Ф.Кенэ сикли пурраи ҳаракати маҳсулотро нишон дод: аз истеҳсоли он дар соҳаи кишоварзӣ, бо воситаи тақсимот ва мубодила байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ то истеъмолот. Ҳамин тавр аввалин маротиба муаммои такрористеҳсол, яъне муайян намудани қобилияти сол ба сол нигоҳдории фаъолияти иқтисодиёти миллӣ, ба монанди муҳаррики абадӣ дар ягон лаҳза қатъ нагардидани истеҳсолот ва истеъмолот баррасӣ шуда буд.

Инкишофи минбаъдаи таълимоти физиократҳо, махсусан Ф.Кенэ дар корҳои А.Тюрго (1727 – 1781с.) инъикоси худро ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки А.Тюрго худро ба ин мактаб шомил намеҳисобид. Масалан, ба монанди физиократҳо, А.Тюрго тасдиқ мекард, ки «заминдор қувваи ибтидоии ҳаракатдиҳанда дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ мебошад; айнан заминдор дар замини худ музди ҳамаи косибонро ба вуҷуд меоварад. Меҳнати заминдор – меҳнати ягонае, ки нисбат ба музди меҳнат зиёдтар истеҳсол мекунад. Бинобар ҳамин ин меҳнат сарчашмаи ягонаи боигарӣ мебошад».