Энергия чист? (Бо забони сода)

Бо чанд калима энергияро таъриф кардан мумкин аст. Таъсири онро мушоҳида карда, метавон чӣ будани онро фаҳмид.

Мисол меорем: Тани одам қобилияти ҷамъ кардану сарф кардани энергияро дорад. Агар ин тавр намебуд, мо ҳаракат карда наметавонистем, чизеро ҷунбондан наметавонистем, таҳсил намекардем, нафас намекашидем, фикр намекардем ва ғайра, зеро бе энергия ягон мавҷудот тағйир намеёбад ва ҳаракат намекунад.

Энергия метавонад, дар шаклҳои гуногун зуҳур ёбад. Гармӣ як навъи энергия аст, зеро ҳолати чизҳоро тағъир медиҳад, яъне яхро об мекунад, ҳарорати чизҳоро боло бебардорад, металро об мекунад. Қувваи барқ низ як намуди энергия аст: гармӣ меофарад, хунук мекунад, рӯшноӣ тавлид мекунад, ба ҳаракат медарорад ва ғайра.

Навъҳои дигари энергия низ вуҷуд дорад – садои рӯшноӣ, кимиёӣ кинетикӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо қодиранд, ки ҳолати ҷисмҳоро тағъир диҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тариқ, энергияро метавон тағъирдиҳандаи ҳолати чизҳои атрофи мо шуморид.


Хун чист? Маълумот дар бораи ХУН 

ҚаблӣБандакҳои феълӣ
БаъдӣЗиндагиномаи Чунайдуллохи Хозик