Сайфи Фарғонӣ

Сайфуддин Муҳаммад, машҳур ба Сайфи Фарғонӣ аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, тақрибан соли 1232 дар Фарғона таваллуд шуда, байни солҳои 1307–1310 дар Оқсаройи Рум (Туркияи ҳозира) фавтидааст.

Аз муосирон ва дӯстони Саъдии Шерозист. Дар зодгоҳаш таҳсили илм карда аз зулму таъқиби муғулҳо аввал ба Таб рез ва сипас ба Арабистон фирор карда, баъди бозгашт то охири умр дар Оқсарой монда эҷод кардааст.

Аз Сайфи Фарғонӣ девоне дар 10221 байт ба мерос монда, ки аз 573 ғазал, 116 қасида, 4 қитъа ва 23 рубоӣ иборат мебошад. Дар девони ашъори Сайфи Фарғонӣ ба ғайри тараннуми ишқу муҳаббат, шӯру шавқи ҷавонӣ, инчунин мавзӯъҳои ахлоқ, ҳасби ҳол, шикоят аз замона, танқиду мазаммати муғулони истилогар низ ба мушоҳида мерасанд:

Бенавое, ки варо дар ҷигар обе набувад,

Ҷаҳд кун, гар надиҳӣ, то наситонӣ нонаш.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қасида аз эҷодиёти Сайфи Фарғонӣ

Роҳат маҷӯ, ки кас осуда нест


Сайфи Фаргони, зиндагиномаи Сайфи Фаргони, биография бо забони точики, эчодиёт, ашъор.

ҚаблӣБаҳри Мутадорик (дар адабиёт, вазни шеър)
БаъдӣРоҳат маҷӯ, ки кас осуда нест