Асабхои вегетативи (худмухтори), Системаи асаби вегетативи (худмухтори)
Системаи асаби вегетативӣ (худмухторӣ). Дар аввали асри XIX олими фаронсавӣ Ф.К. Биш вобаста ба иҷроиши вазифаи худ системаи асаби вегетативиро кашф кард.
Асаби вегетативӣ аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст.
Қисми марказӣ дар мағзи cap ва ҳароммағз ҷойгир буда, қисми канорӣ аз торҳои асаб ва гиреҳҳои асабӣ иборат аст. Қисми худмухтории системаи асаб аз қисми соматикӣ бо он фарқ мекунад, ки танзими кори узвҳоро фақат тавассути гиреҳи асабӣ таъмин мекунад. Нейронҳои гиреҳҳо импулсҳои на он қадар зиёдро равона мекунанд, ки ба кори узвҳои дохилӣ халал намерасонанд. Танзими худмухторӣ бешуурона буда, аз тарафи одам идора карда намешавад. Қисми худмухтории системаи асаб дар навбати худ аз ду зерқисм иборат аст:
Симпатикӣ ва парасимпатикӣ (гумроҳ). Маркази асабҳои симпатикӣ дар моддаи хокистарранги сегментҳои аз гардан то чорбанд ҷойгир шудаанд. Маркази асаби парасимпатикӣ бошад, дар мағзи дарозрӯя ва чорбанд ҷойгир шудааст (расми 19).

Асабҳои симпатикӣ ва парасимпатикӣ муқобили якдигар амал намуда, кори муътадили узвҳои организмро таъмин мекунанд. Масалан, асаби симпатикӣ кори дилро фаъол намуда, рагҳои хунгардро хурд мекунад, ки дар натиҷа фишори хун баланд мешавад. Ҷудошавии шираи меъда кам шуда, кашишхӯрии девори он суст мегардад.
Асаби парасимпатикӣ бошад, кори дилро нофаъол мегардонад, ки дар натиҷа рагҳои хунгард васеъ шуда, фишори хун паст мешавад. Ҷудошавии шираи меъда зиёд шуда, кашишхӯрии девори меъда фаъол мегардад. Ҳазмшавии хӯрок ва ба хун дохилшавӣ меафзояд.
Фаъолияти системаи асаби вегетативӣ дар мутобиқшавии организм ба шароити муҳити атроф нақши муҳимми биологӣ мебозад.
Дониши худро санҷед:
- Системаи асаби вегетативи (худмухтори) чист?
- Кадом намудхои ин асабро медонед?
- Асабхои симпатики ва гумрох ба узвхо чи хел таъсир мекунанд?
- Маркази олии танзимкунии вазифахои вегетативи дар кадом кисми магзи сар чойгир аст?
- Асабхои симпатики дар кадом кисми организм чойгир аст? 6.Маркази асабхои парасимпатики дар кадом кисми магзи сар чойгир аст?