Нимкураҳои калони мағзи сар

Нимкурахои калони магзи сар, Сохти нимкурахои калони магзи сар, Ахамияти кабати кишрии нимкурахои калон


Сохти нимкураҳои калони мағзи сар. Нимкураҳои калон як ҷузъи хуб инкишофёфтаи мағзи сар буда, аз тарафи рост ва чап мағзи мобайнӣ ва миёнаро мепӯшонанд. Қабати қишрии мағзи сар аз моддаи хокистарранг иборат буда, дар зери он моддаи сафед мавҷуд аст. Дар дохили ин модда якчанд ядроро дидан мумкин аст. Сатҳи он аз чинҳо иборат аст. Ҷӯякҳо ва чинҳо сатҳи қишрро то ба 2000-2500 зиёд мекунанд. Бештар аз се ду ё сеяки ҳиссаи сатҳи қишрӣ аз ҷӯякҳо иборат аст. Дар ин қабат зиёда аз 14 миллиард нейронҳо мавҷуданд. Нимкураҳои калон дар навбати худ аз панҷ палла иборатанд: 1) паллаи пешонӣ; 2) паллаи чакка; 3) паллаи фарқи сар; 4) паллаи пушти сар; 5) ҷазира (расми 17).

Нимкурахои калони магзи сар
Расми 17. Нимкураҳои калони мағзи сар

Ахамияти кабати кишрии нимкурахои калон

Аҳамияти қабати қишрии нимкураҳои калон. Дар ин қабат доираҳои ҳискунанда ва ҳаракатро фарқ кардан мумкин аст. Ба доираи ҳискунанда аз узвҳои ҳис, пӯст, узвҳои дохилӣ, мушакҳо ва пайҳо хабар меояд. Дар вақти ба ҳаяҷоноии нейронҳои ин доира ҳассосият ба вуҷуд меояд. Дар қисми пушти мағзи сар доираи (қисмати) босира мавҷуд аст. Дар ҳолати осеб дидани ин доира қобилияти биноӣ суст ё қатъ мегардад. Дар қисми чакка бошад, доираи сомеа ҷойгир аст. Дар ҳолати осеб дидани он дарк кардани садоҳои гуногун қатъ мегардад. Дар ҷӯяки мобайни қабати қишрӣ доираи ҳассосияти пӯсту мушак воқеъ аст. Инчунин, дар қабати қишрӣ марказҳои шомма ва зоиқаро дидан мумкин аст (расми 18).

Нимкурахои магзи сар
Расми 18. Нимкураҳои мағзи сар

Дар қисми пеши ҷӯяки марказӣ доираи ҳаракат мавҷуд аст. Дар ҳолати ба ҳаяҷон омадани нейронҳои ин марказ ҳаракатҳои беихтиёр ба амал меоянд. Қабати қишрӣ ҳамчун як воҳиди бутун кор карда, асоси моддии фаъолияти рӯҳии инсон ба шумор меравад. Бинобар ин, чунин вазифаҳои барои рӯҳия хос, ба монанди хотира, нутқ, тафаккур ва танзими рафтор иҷро карда мешаванд.


Дониши худро санҷед:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Аввалин маротиба дар кадом гурухи хайвонхо нимкурахо пайдо шудаанд?
  2. Кабати кишрии нимкурахои калон кадом вазифахоро ичро мекунанд?
  3. Нимкурахои калон аз чанд палла иборатанд?
  4. Дар ин кабат кадом доирахоро фарк кардан мумкин аст?
  5. Чинхо ва чуякхо чи ахамият доранд?
  6. Моддаи сафеди магзи сар кадом вазифаро ичро мекунад?
  7. Аз чихати ичрокунии вазифа нимкурахои магзи сар аз якдигар фарк мекунанд?
ҚаблӣМағзи сар – Магзи сар
БаъдӣАсабҳои вегетативӣ (худмухторӣ)