Таъсири сигоркашӣ ба узвҳои нафас

Сигареты сигор кашидан

Дуди сигор, ғайр аз никотин боз қариб 200 модда, аз ҷумла гази карбон, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарноканд. Ҳангоми сигоркашӣ ин моддаҳо ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафас даромада, ба пардаҳои луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.

Никотин на танҳо барои сигоркашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди сигор пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро озурда месозад. Қариб ҳамаи сигоркашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст.

Газаки доимӣ қобилияти муҳофизатии пардаҳои луобиро паст мекунад, зеро фаготситҳо шушро аз микробҳои бемориовар ва моддаҳои зарарноке, ки бо дуди сигор меоянд, тоза карда наметавонанд. Бинобар ин, сигоркашҳо аксаран ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор мешаванд. Зарраҳои дуд ва қатрон ба деворҳои нойи нафас ва ҳубобчаҳои шуш менишинанд. Хусусиятҳои муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст мешаванд. Шуши одами сигоркаш чандириашро гум карда, нағз васеъ намешавад ва ин боиси кам шудани ғунҷоиши зарурӣ ва ҳавогирии он мегардад. Дар натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад (расми 66).

Расми 66. Шуши одами солим (аз чап) ва сигоркаш (аз рост)
Расми 66. Шуши одами солим (аз чап) ва сигоркаш (аз рост)

Маълум аст, ки одамони сигоркаш нисбат ба дигарон 6-10 маротиба зиёдтар ба бемории саратони шуш дучор мешаванд. Муайян шудааст, ки баъзе моддаҳои таркиби дуди сигор (бензопирен, қатрон ва ғайра) боиси бемории саратон мегарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Истеъмоли тамоку дар шакли сигор ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Табибон, арбобони ҷамъиятии бисёр мамлакатҳо дар муборизаи зидди сигоркашӣ якҷоя амал мекунанд.

Дар муборизаи зидди сигоркашӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустии Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим дорад. Дар як қатор мамлакатҳо сигоркашӣ, хусусан дар байни ҷавонон кам шудааст.


Мавзӯи пурра >> Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо

ҚаблӣМаълумот дар бораи бемории Сил (Туберкулез)
БаъдӣМубодилаи моддаҳо ва табдили энергия (дар рустаниҳо)