Вазифаҳои сотсиология / Вазифахои социология

Робитаи гуногунҷабҳаи сотсиология бо ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таъиноти ҷамъиятии вай, пеш аз ҳама тавассути вазифаҳое, ки вай дар ҷомеа иҷро менамояд, муайян мегардад. Ҷои шубҳае нест, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳама гунна илм, аз ҷумла сотсиология низ вазифаи маърифатӣ ба ҳисоб меравад.

Сотсиология ҷомеашиносон, масъулони бахшҳои идории ҷомеа ва таҳлилгарони равандҳои иҷтимоии онро дар бораи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа бо донишҳои нав таъмин намуда, онҳоро бо қонуниятҳо ва дурнамои рушди иҷтимоии ҷомеа шинос менамояд. Ҳам ҷустуҷӯҳои назаривии бунёдӣ ва ҳам тадқиқотҳои бевоситаи эмпирикӣ ба ин мақсад равона шудаанд. Яъне, тавассути далелҳою нишондодҳои сотсиологӣ донишҳои мо дар бораи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа васеъ мегардад.

 Ҷиҳати ҳарактарноки илми сотсиология ягонагии назария бо амалия ба ҳисоб меравад. Аксари тадқиқотҳои сотсиологӣ ба ҳал намудани масоили амалӣ равона шудаанд. Яъне, сотсиология ба ҳаёти иҷтимоӣ нисбат ба дигар илмҳои ҷомеашиносӣ бештару амиқтар пайванд аст. Аз ин нуқтаи назар, вазифаи татбиқии сотсиология дар бораи аҳамияти хеш бештар дарак медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки дигар вазифаҳои сотсиология маҳз дар доираи вазифаи татбиқии сотсиология ба зуҳур мерасад. Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар бораи раванду ҳаводиси иҷтимоӣ маълумотҳои мушаххасро дастрас намуда, имкон медиҳанд, ки аз болои равандҳои иҷтимоӣ назорати иҷтимоӣ ҷорӣ карда шавад.

Бе маълумоти тадқиқотҳои сотсиологию дар асоси онҳо бардошти муайяну чорабинии зарурӣ дар доираи ҳам муҳити хурду васеи иҷтимоӣ имконияти тезутундшавии авзои иҷтмоӣ, пайдоиши буҳрону бадбахтиҳои иҷтимоӣ зиёдтар мегардад. Дар аксари мамолики олам мақомоти ҳокимияти иҷроия, иттиҳодия ва аҳзоби сиёсӣ имкониятҳои сотсиологияро дар омӯзиши раванду ҳаводиси иҷтимоӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба таври васеъ ва мақсаднок истифода мебаранд. Маҳз дар фаъолияти субъектҳои фавқуззикри аъмоли иҷтимоӣ вазифаи назорати иҷтимоии сотсиология равшан ва назаррас ифода меёбад.

 Ҷанбаи амалии сотсиология боз дар он ифода меёбад, ки вай имкон дорад тамоюлҳои рушди равандҳои иҷтимоии ҷомеаро ба таври илмӣ пешгӯӣ намояд.Пешгӯинамоӣ, махсусан дар давраи гузариши рушди ҷомеа муҳим мебошад. Аз ин нуқтаи назар, сотсиология қодир аст, ки:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1) ҳудудҳои имкониятҳою эҳтимолиятҳоеро, ки иштирокчиёни ҳаводис дар марҳилаи мазкури таърихӣ шомили он мебшанд, муайян намояд;

2) саҳнаҳои алтернативии равандҳои ояндаро, ки бо ҳар яке аз тасмимҳои қабул гардида марбут мебошанд, пешниҳод намояд;

3) бохтҳои эҳтимолии ҳар яке аз варианти алтернативиро, аз ҷумла оқибатҳои манфии таъсироти дурударози ин ё он раванду ҳаводиси иҷтимоиро ба ҳисоб гирад.

 Барои ҳаёти ҷомеа истифода бурдани тадқиқотҳои сотсиологӣ бо мақсади ба нақша гирифтани соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад.Банақшадарории иҷтимоӣ дар ҳамаи мамлакатҳои олам новобаста аз низоми иҷтимоияшон рушд намудааст. Вай дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳатто шахсӣ васеъ истифода бурда мешавад. Банақшагирии иҷтимоиро ҳам дар равандҳои мухталифи фаъолияти ҳаётии тамоми ҷомеаи башарӣ, фаъолияти ҳаётии қисмате аз олам, яъне ин ё он минтақа ва ё мамолики алоҳида ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоии шаҳрҳо, деҳаҳо, корхонаю коллективҳои алоҳида ба хубӣ мушоҳида намудан мумкин аст.

 Қобили зикр аст, ки сотсиология ҳамзамон вазифаи идеологиро низ иҷро менамояд.Яъне, имкон дорад, ки натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологиро ба манфиати ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ бо мақсади ноил гардидан ба мақсадҳои муайяни иҷтимоӣ истифода бурд.Дар бисёр ҳолатҳо донишҳои сотсиологӣ ба сифати идора кардани рафтори одамон, ташаккули тарзҳои муайяну устувори рафтор, ба вуҷуд овардани маҷмӯи бартариятҳои арзишию иҷтимоӣ истифода бурда мешаванд.

Ҳамзамон сотсиология метавонад барои беҳтар намудани фазои ҳамдигарфаҳмии одамон, дар онҳо ташаккул додани эҳсоси рафоқату дӯстӣ ва ҳамкорию ҳамзистӣ, ки ахиран ба комил сохтани муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, хидмат кунад, ки аз вазифаи гуманистии сотсиологя дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Хулоса, илми сотсиология моҳияти башардӯстона дошта, ба бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии аҳли ҷомеа ва фароҳам овардани фазои барои ҳама гунна қишрҳои иҷтимоӣ мусоид равона карда шудааст.

ҚаблӣСохтори сотсиология / социология
БаъдӣТашаккулёбӣ ва марҳилаҳои асосии инкишофи таърихии сотсиология