Пайдоиши рудаковокхо

Пайдоиши рудаковокҳо


Пайдоиши рӯдаковокҳо. Сохти бадани рӯдаковокҳо хеле одӣ аст. Бадани онҳо дуқабата буда, ҳуҷайраҳои зиёди мухталиф надоранд. Дар рӯдаковокҳо қобилияти калони эҳёшавӣ дида мешавад. Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки рӯдаковокҳо ҳайвонҳои хеле қадимаанд.

Олимон муайян кардаанд, ки рӯдаковокҳо аз кадом як ҳайвони бисёрҳуҷайрае пайдо шудаанд, ки бадани онҳо ду хел ҳуҷайра дошт. Ҳуҷайраи ҳаракаткунандаи қамчинакдор ва ҳуҷайраи хӯрокҳазмкунандаи пойҳои қалбакидор. Пешавлоди рӯдаковокҳо аз ҳайвонҳои якҳуҷайраи тӯдагӣ пайдо шудаанд (расми 56).

Пешавлоди ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра
Расми 56. Пешавлоди ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра

Онҳо ба тӯдаи қамчинакдорони гиребондори ҳозира монанд буданд. Далели муҳимтарини пайдо шудани рӯдаковокҳо аз содатаринҳои қадимии тӯдагӣ он аст, ки рӯдаковокҳои ҳозира низ аз ҳуҷайра (тухмҳуҷайраи бордоршуда) инкишоф меёбанд. Ҷанини бисёрҳуҷайраашон ковокӣ надорад.

Дар кирминаашон ду хел ҳуҷайраҳо дида мешавад. Дар байни синфҳои ин тип аз ҳама одитаринашон гидроидҳо буда, ковокии рӯдаи онҳо тавассути деворҳои пардамонанд ба қисмҳо ҷудо нашудааст. Аз гидроидҳои қадима кораллҳои полипӣ ва сифомедузаҳо пайдо шудаанд.


Муфассал >> Тасниф, пайдоиш ва аҳамияти Рӯдаковокҳо

ҚаблӣСинфи кораллҳои полипӣ
БаъдӣАхамияти рудаковокхо