Гигиенаи системаи асаб

Речаи руз Гигиенаи системаи асаб


Реҷаи рӯз. Тавре ки зикр карда будем, системаи асаб ҳамаи ҳолатҳои физиологиро ба тартиб дароварда, алоқаи организмро бо муҳит таъмин менамояд. Вайроншавии фаъолияти системаи асаб боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мегардад. Пешгирӣ кардани он ниҳоят зарур аст. Яке аз муҳимтарин чора риоя кардани реҷаи рӯз мебошад. Бо навбат иваз шудани кор, истироҳат ва хоб рефлексҳои шартии ба ҳам алоқамандро ба вуҷуд меоранд.

Меҳнат. Ҳам меҳнати фикрӣ ва ҳам ҷисмонӣ ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад. Вале кор бояд ба таври муайян, батартиб ба роҳ монда шавад. Меъёри кори одами калонсол аз 8 соат набояд зиёд бошад. Хонандагон вобаста ба синну сол бояд аз 4 то 8 соат кор кунанд. Дар байни кор барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ танаффус кардан зарур аст.

Истироҳат. Истироҳат дар вақти аз меҳнати ҳаррӯзаи касбӣ ё таҳсил озод будан гузаронида мешавад. Истироҳатро ҳамчун оромии пурра ё бекорӣ тасаввур кардан нашояд. Сайру гашт шакли беҳтарини истироҳат аст. Дар як рӯз барои истироҳати хонандагон 3-4 соат вақт ҷудо карда мешавад.

Хоб. Аз рӯйи таълимоти И. П. Павлов хоб як намуди истироҳат буда, организмро аз мондашавии зиёд нигоҳ медорад ва хоби бароҳат барои барқароршавии кори мағзи сар ёрӣ мерасонад. Хобро кори доимо якхела (монотонӣ) тез ба амал меорад. Меъёри хоб ба синну сол вобаста аст. Мактаббачагони 10-15-сола бояд на камтар аз 9 соат хоб кунанд. Барои калонсолон 8 соат хоб кардан кифоя аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дониши худро санҷед:

  1. Речаи руз чист? Он чи ахамият дорад?
  2. Мехнат чи ахамият дорад?
  3. Аз чи сабаб одам истирохат мекунад?
  4. Хоб чи ахамият дорад? Барои чи онро риоя кардан даркор аст?
  5. Ба тарзи зиндагии худ чи хел бахо медихед?
ҚаблӣАсабҳои вегетативӣ (худмухторӣ)
БаъдӣҒадудҳои тарашшуҳи дохилӣ. Гадуди сипаршакл