
– Афв кардан закоти зафар аст. (маънои ҳадис)
– Дӯстатро бубахш. Бахшиданатро ба ёд маёр ва ба ёдаш маор. (Шайх Шомил)
– Дигаронро ҳама вақт бубахш, аммо худатро асло мабахш. (Сирус)
– Аз бахшидан дилгир ва дар ҷазо додан саросема машавед. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Бахшидани золим хиёнат аст.
– Агар нафареро бахшидӣ, пушаймон машав ва дар ҷазо додан хурсанд машав. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Бахшидани золимон ҷафоест бар фақирон.
– Бахшидан маънои хаторо гӯр кардану болои қабр нишона намондан аст.
– Касе туро хафа кунаду баъдан бахшиш пурсад, қабул кун. Кин магир. (ҳазрати Алӣ(р.а.)
– Барои афви худ дигаронро муттаҳам макун.
– Шахсе, ки бахшиданро намедонад, ҳаққи талаб кардан надорад. (Псирус)
– Дарахт шамолро бахшад ҳам, камаш як маротиба шикастааст (Мак Артур).
– Хоҳӣ, ки аз ғаму андӯҳ халос ёбӣ, майл кардани дунёро тарк кун ва агар хоҳӣ, ки аз бахшишпурсӣ халосӣ ёбӣ, бар забонат ҳоким шав. (Мансур бинни Аммор).
– Як душманро бахшидан аз дӯстро бахшидан душвортар аст.
– Душманатро бахшидан бузургист, аммо онро фаромӯш кардан аҳмақист. (Ҷ. Кеннедӣ)
– Афв ва фаромӯш кардан, интиқоми инсони бузург аст. (Шиллер)
– Пушаймоние, ки баъди афв кардан мехӯрӣ, беҳтар аз он аст, ки қасд мегирию пушаймонӣ мехӯрӣ.
– Ҳокиме, ки гуноҳро афв мекунад, худашро маҳкум кардааст. (Публиюс Сирус)
– Афв зеботарин эҳсон аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
Манбаъ: Хазинаи Маърифат





















