Дили шикастатаринам — Ба имоми аъзам Абӯҳанифа (шеър)

Дили шикастатаринам ҳамеша ҷои ту бод,
Сабоҳи ҳашр қиёми сапедазои ту бод.

Ту сархатӣ зи хати сурхи тозиёна ба дӯш,
Мақоми чумлаи оянда аз қафои ту бод.

Хилофи ҳақ ки накардӣ, ба ноҳақат куштанд,
Хилофати дили ушшоқ хунбаҳои ту бод.

Сари баланд ниҳодӣ ба пои ҳазрати Дӯст,
Надидамат, ки бигӯям сарам ба пои ту бод.

Хутути рӯи кафам матни ин дуо бошад:
Ба ҳар куҷо ки кафе ҳаст, дар дуои ту бод.

Озар Салим

ҚаблӣАризаи падар барои фарзанд баъди хатми синфи 9 барои колеҷ, литсей (тарзи навиштан)