
Ба муносибати Рӯзи бузургдошти Такур
• САДОИ ШАРҚ-2012-№4 – ОСОРИ БУЗУРГОНИ ҶАҲОН
Ном ва осори нависанда ва шоири бузурги мутафаккири Ҳиндустон, барандаи ҷоизаи адабии Нобел Робиндронат Такур барои хонандагони Шӯравии собиқ, ба хусус тоҷикон, ошно ва маҳбуб аст.
Қариб тамоми осори ӯ ба забони русӣ ва аз ин тариқ муҳимтарини ин осор ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Хонандаи осори мансури дилангези ӯ, аз ҷумла силсилаи таронаҳову ҳикоёт ва романҳои ин нависандаи маъруф «Завол», «Гора»,«Регреза» ва ғайраро ба хубӣ дар ёд доранд.
Ахиран, маҷмӯае аз тарҷумаҳои гуногуни осори манзуми ӯ таҳти унвони «Оё насим номи куҳанро вазид…» аз тариқи нашриёти «Эксмо» дар силки «Силсилаи заррини назм» ба чоп расидааст. Китоб бо сарсухани тадвинкунандаи он шоир ва мутарҷим М. Синелников шурӯъ гардида, дар он тарҷумаҳои адибони маъруф аз қабили Б.Пастернак, А.Ахматова, М.Зенкевич, А.Ревич, С.Мар, Т.Спендиарова ва чанд тани дигар аз осори манзум Такур гирдоварӣ шудааст. Дар охири ин китоби тозанашр бо номи «Фрагменты», ки онро «Нукот» тарҷума кардем, андешаҳои ҳикматомез ва шоиронаи Тагор дар тарҷумаи русии И.Колубовский ва М.Тубянский ҷой дода шудааст. Аз муҳтаво ва мазмуни ин андешаҳо пайдост, ки Такур онро дар солҳои поёнии умри худ навишта ва таҷрибаҳову хулосаи озмудаҳои зеҳнӣ, ҳунарӣ ва фикрии худро ҷамъбаст намудааст. Ин андешаҳои шоирона агар аз сӯе саршор аз таҷрибаи зиндагӣ ва муҳаббату дилбастагӣ ба он бошанд, аз тарафи дигар дар онҳо мавҷи баланд ва боландаи афкору эҳсоси ирфонӣ ва фалсафаи ваҳдати вуҷуд, ки дар Ҳинд решаҳои амиқу куҳан дорад ба назар мерасад. Муҳаббат ва дилбастагии амиқи нависанда ба ҷаҳони перомуни хеш, мазоҳири ғании табиат, инсонҳо бо ҳамсозии тамом бо эҳсосоти ӯ аз ҷаҳони маърифати мовароуттабиӣ дар ин навиштаҳо муҷассам шудааст.
Хонанда дар «Нукот»-и Такур ба шигифтӣ ҳамоҳангӣ ва шабоҳати эҳсосу андешаи ӯ бо афкор ва маърифати намояндагони бузурги адабиёти ирфонии тоҷикро мушоҳида мекунад. Ҳатто аз назари сабки баён дар ин навиштаҳо хусусиёти сабки ҳиндӣ, ба вижа дар мавриди ташхиси исмҳои маънӣ ва таҷриди исмҳои модӣ ва чандқишрии исмҳои маънӣ ба назар мерасад ва хонандаро ба ёди навиштаҳои намояндагони ин сабк, аз ҷумла Бедили Деҳлавӣ мандозад. Бино бар ин, нукоти Такур бояд бо таваҷҷӯҳ ва диққат мутолиа шавад, зеро дар зери баёноти зоҳиран сода ағлаби мавридҳо афкори амиқи орифонаи ӯ нуҳуфтааст, ки умед аст дар тарҷума бозгӯ шуда бошад.
Қобили тазаккур аст, ки адади нукот дар тарҷумаи русӣ 314-то буд. Чун яке аз ин нукот мазмунан такрор меомад, дар тарҷумаи тоҷикӣ аз он сарфи назар шуд.
Робиндронат ТАГОР
НУКОТ
1. Парандагони дермонда, ки тобистонро ба сурудан сипарӣ карданд, пеш аз парвоз бо суруди падруд пушти тирезаи ман даранг мекунанд. Ва аммо баргҳои хазон, ки сурудан намедонанд, хишхиш мекунанду мерезанд бо оҳ.
2. Эй селаи ҷаҳонгардони рез, бигзор болафшонии шумо дар суруди ман ҳамеша бимонад.
3. Ҷаҳон дар баробари ошиқи хеш ниқоби бекаронагиро аз чеҳра бармеафканад.
Ва инак, чи андоза хурд аст он, дуруст мисли як суруд, як бӯса бар ҷовидон.
4. Ашкҳои замин гули табассуми ӯро об медиҳанд.
5. Миёни биёбоне фарох густарда бар каронаҳо ҳама чиз дар иштиёқи як соқа гиёҳе месӯзад, ки ӯ саре меафшонаду механдаду дуртар парвоз мекунад.
6. Агар ашки шумо ҳангоми ғуруб чашмонатонро хира мекунад, пас нигоҳи шуморо дар баробари ситораҳо ҳам мебандад.
7. Реге, ки маҷрои рӯдро пӯшидааст, дар талаби амвоҷи шарфаноки об ба муноҷот нишаста.
Аммо истода аст, оё ҷазби саялони об мешавад?
8. Тирагии нигоҳи ӯ чун борони шаб хобҳои сангинро медамад.
9. Мо боре дар хоб дидем, ки ба ҳам бегонаем. Бедории мо он буд, ки дарёфтем: чӣ қадр барои якдигар азиз ҳастем.
10. Андӯҳ дар дили розӣ хомӯш гардид, чунон ки шафақи шом миёни дарахтони сокит.
11. Ғуборҳои ноаён бар дилам мерасанд чун насим ва мавҷи қасидавори суруди ӯ.
12. Дарё, сухани ту чист?
– Суоли ҷовидон.
Осмоно, посухи ту чист?
– Сукути ҷовидон.
13. Дили ман, гӯш бидеҳ бар наҷвои ҷаҳон, ки ишқро бар ту арза карда.
14. Асрори эҷод (халлоқият) чун тирагии шаб саршори азамат аст.
Ғурури дониш дақиқан мисли меҳи (тумани) субҳгоҳ.
15. Ҳарчанд ишқи шумо болобаланд аст, онро бар қаъри бетаг набаред.
16. Субҳ пушти тирезаи худ нишастаам, дунё дуруст мисли роҳгузаре барои дақиқае даранг мекунад, саре сӯи ман меҷунбонаду мегузарад.
17. Ин пағаҳои андеша мисли хишхиши баргҳо шодона дар зеҳни ман садо медиҳанд.
18. Шумо асли худро намебинед, он чи шумо аз худ мебинед танҳо сояи шумост.
19. Ё Парвардигор, хоҳишҳои ман ҷоҳилоне ҳастанд, ки бо фарёд суруди туро ношунаво мекунанд. На, ман танҳо гӯш хоҳам кард.
20. На ман беҳтаринро ҳаме баргузинам,
Ки худ беҳтарин баргузинад маро.
21. Он ки чароғи хеш дар пушт ниҳад, сояаш аз вай пеш афтад.
22. Зиндагӣ иборат аст аз ҷовидон шигифтзадагии нав ба нав аз вуҷуди хеш.
23. «Мо, баргҳо бо хишхиш посухи туфонро медиҳем, вале чаро ту чунин хомушӣ?»
«Ман ки гуле беш нестам».
24. Осоиш бо кор чун пилк бо чашм пайваст аст.
25. Инсон кӯдаки навзод аст ва неруи худро дар рушд меёбад.
26. Худованд интизори сипосро дар баҳои гулҳое дорад, ки бароямон фиристода, на дар баҳои замин ва на офтоб.
27. Нури офтоб, ки бо урёнии маъсуми тифлонаи худ рӯйи ин баргҳои сабз мехазад, хушбахтона намедонад, ки инсонҳо дурӯғ дар даҳон доранд.
28. Аё зебоӣ, ту худро дар ишқ пайдо хоҳӣ кард, на дар тамаллуқи ойинаҳо.
29. Дили ман бо заработи пурғавғо дар соҳили кайҳон метапад ва нами ашк бар ҳар чизе ин суханонро менишонад: «Туро дӯст дорам».
30. «Эй, моҳ чи мехоҳӣ?»
«Офтобро салом кунам ва сари роҳи ӯ канор биистам».
31. Дарахтон тирезаи маро ламс мекунанд мисли маҳрами рози замини лол.
32. Худованд ҳар субҳи худро бо шигифтии пур аз нишот истиқбол мекунад.
33. Зиндагӣ дороии худро дар хостаҳои ҷаҳони перомун ва арзиши худро дар тақозои муҳаббат пайдо мекунад.
34. Рӯдхонаи хушк барои собиқаи худ сипос наёбад.
35. Мурғ шефтаи абр шудан ҳаст ва абр шефтаи мурғ шудан.
36. Тарҷеъи ғавғои обшор ин аст: «Суруди ман аз озодист».
37. Инак он дил, ки надонам чаро худро бо сукут хазон мекунад. Магар на барои он ки камро ҳеч гоҳ наметалабад, намехоҳад бидонад ва ёд орад?
38. Замоне ки, эй зан, ту бар сари корҳои хона ин сӯву он сӯ меравӣ, ҳама аҷзои ту суруд мехонад, мисли ҷараёни оби шарфо миёни сангҳо.
39. Офтоб ниҳон мешавад, то бо анвори худ Дарёи Ғарбро равшан кунад ва саломи охирини худро ба Шарқ фиристад.
40. Ғизои худро бад нагӯед, танҳо ба он хотир ки иштиҳо надоред.
41. Дарахтон чун (мазҳари) хастагии замин сари ангуштон меистанд, боло меёзанд, то осмонро бубинанд.
42. Шумо табассум кардед ва чизе ба ман гуфтед на чандон муҳим, аммо ман эҳсос кардам, ки дер боз интизори ҳамин будам.
43. Моҳӣ дар об лол аст, даду дом бо наъра заминро кар мекунад, мурғ зери гунбади осмон месарояд.
Аммо инсон дар вуҷуди худ сукути баҳр, ғавғои замин ва суруди осмонро нуҳуфтааст.
44. Ҷаҳон торҳои қалби хастаро меларзонад ва оҳанги андӯҳро аз онҳо берун мекашад.
45. Ӯ силоҳашро бути хеш сохт. Ва инак пирӯзии силоҳаш шикасти ӯ гардид.
46. Ситорагон аз шабоҳати худ бо мӯри шабтоб бим надоранд.
47. Соя бо чодари фуруҳишта асроромезу нарм ба роҳи сокити ишқ аз пайи нур меравад.
48. Сипос туро, ки ман чархе нашудам хурдкунандаи ҷонҳо, аммо ҳамзамон ман ҳамроҳи он мавҷудоти зинда ҳастам, ки ин чархи гардон хурдашон мекунад.
49. Ақл тез аст, аммо вусъат надорад, дар ҳар қадам ҳалқа мезанад, аммо пеш намеравад.
50. Гоҳо роҳҳои рӯзгорам сокиту бесамаранд. Инҳо майдонҳои бозе ҳастанд, ки ба рӯзҳои анбоштаи кору борам ҳавову нур медиҳанд.
51. Инсон дар таърихи худ боз намешавад, аммо аз тариқи мубориза бо он роҳи ӯ ба боло меравад.
52. Чароғдони булурӣ шигифтӣ мекунад, ки чаро чароғдони гилӣ ӯро хоҳари худ медонад. Аммо чун моҳ барояд, бо табассуми малеҳ ба ӯ мегӯяд: азизи ман, хоҳари азизам.
53. Мо баҳам меоему ҷудо мешавем чунон, ки мурғони моҳихор бар амвоҷи дарё мепаранд. Моҳихорон ба парвоз дур мешаванд, амвоҷ ба атроф мепарокананд, мо низ чунин дур мешавем.
54. Рӯзи ман поён ёфт ва мисли заврақе ҳастам ба паҳлу нишаста канори баҳр, гӯш ниҳода ба суруди шомгоҳи амвоҷ.
55. Зиндагӣ ба мо эҳдо шуда: аммо танҳо онгоҳ шоистагии ин ҳадяро дармеёбем, ки ба навбати худ онро ҳадя кунем.
56. Онгоҳ мо ба бузургворӣ қаринем, ки дар сабр бузургвор бошем.
57. Гунҷишк ғами товусро мехӯрад, ки ин қадр думи вазнин дорад.
58. Ҳаргиз аз лаҳза натарс – ин аст суруди ҷовидон.
59. Бероҳӣ кутоҳтарин роҳ аст барои гирдбод ва банохост ҲЕЧИСТОН поёни ҷустуҷӯҳои ӯ мешавад.
60. Дар ҷоми ман бирез майи маро, эй дӯст: каф мекунад ин май дар ҷоми дигарон.
61. Камол аз ишқ ба нокомил ҷамол ёбад.
62. Сипоси шамъро дошта бошед, чун ба шумо рӯшноӣ мебахшад, вале касеро низ аз ёд мабаред, ки худ сабурона дар тирагӣ истода онро сари даст медорад.
63. Эй гиёҳи заиф, дур нахоҳӣ рафт, аммо боке нест, чун турбати ту ин ҷост.
64. Гули реза баргҳои худро боз мекунаду мегӯяд: «Ҷаҳони меҳрубон, зинҳор, пажмурда машав».
65. Инак, ман қуллаи кӯҳро тасхир кардам, вале дар ин қуллаи тираву бесамари шӯҳрат ҷое барои саҷда пайдо набуд. Эй раҳбари ман, пеш аз он ки рушноӣ хомӯш гардад, фуруд овар маро ба водии ҷаҳон, он ҷо ки ҳосили зиндагӣ ба ранги тилоии хирад мепазад.
66. Ноҳақ мағлубиятро таҳаммул намекунад, ҳақ аз он наметарсад.
67. Обшор чунин месарояд: «Ман шодона ҳама ҳастии худро нисор мекунам, агарчи кафе об барои шикастани ташнагӣ кофист».
68. Дар куҷост масдари ин фаввораи гулҳо, ки ҳаргиз шаъафи фаровони он хушк намегардад?
69. Табари ҳезумкаш аз дарахт даста хост ва дарахт дареғ надошт.
70. Дар лаҳзаҳои танҳоии дил оҳи шоми ятимро мешунавам, ки ҷомаи мотами меҳ ва боронро бар тан кардааст.
71. Хирадмандӣ сарватест ҳосили ишқи фаровон.
72. Дунёи атрофро хуб намешиносем ва шиква мекунем, ки моро мефиребад.
73. Меҳро бингар: чун ишқест, ки бо дили қуллаҳо мебозад, дар печу хами дарраҳо меғалтад ва аз миёни онҳо, гоҳ ин ҷову гоҳ он ҷо, ба суратҳои шигифтангезе сар бармекашад.
74. Бод бар кӯҳу дарё чун шоирест, ки ӯ низ ба касе ниёз дорад, то фарёдашро бишнавад.
75. Ҳар кӯдаке, ки тоза ба дунё меояд, пайки ин паём аст, ки Худованд ҳанӯз аз инсон навмед нашудааст.
76. Гиёҳон бо издиҳоми якдилонаи худ талош мекунанд, то заминро дар ҳалқа бигиранд. Дарахт танҳоии худро дар осмон пайдо мекунад.
77. Садҳое, ки бар инсон фишор меоранд, ба дасти худи ӯ барафрошта шудаанд.
78. Ҳолаи садои ту, эй дӯст, даври дили ман печида, чун ғавғои сокити дарё миёни ин коҷҳо, ки бар он гӯш ниҳодаанд.
79. Чист дар моварои нопайдои ин шӯълаи сиёҳе, ки шарораҳои он ситораҳоянд?
80. Бигзор зиндагӣ зебо бошад чун гулҳои баҳор ва марг чун баргҳои поиз.
81. Он ки бар дигарон хайр мекунад, сахт бар дари баста мекӯбад, аммо ошиқ онро боз меёбад.
82. Марг бисёрро яке мекунад, зиндагӣ якеро бисёр.
Танҳо пас аз марги худоён (худоёни дурӯғин) дини ҳама яке мешавад.
83. Наққош касест ошиқи Табиат ва ҳамзамон ғулому хоҷаи ӯ.
84. Гул мепурсад: «Куҷост меваи ман?»
«Ман дар қалби ту ниҳонам».
85. Ин пӯйиши мо ба сӯи онест, ки дар тирагӣ маҳсус аст ва дар рӯшноии рӯз нопадид.
86. «Ту қатраи бузурги шабнамӣ зери барги нилуфар ва ман қатраи хурд рӯйи он» – ҳарфи шабнам ба дарёча (кӯл) ин буд.
87. Наёмҳо розиянд кунд бошанд, то тезии шамшерро ниҳон доранд.
88. Воҳид дар тирагӣ як сурат дорад, дар рӯшноӣ чеҳраҳои гуногун.
89. Пайкари бузурги замин дар қабои гиёҳ роҳат меёбад.
90. Рушду пажмурдани баргҳо (зуҳури) гардиши тунди ҳамон чархаест, ки фалакро дар ҳаракати кунди ситорагон тасвир мекунад.
91. Қудрат ба ҷаҳон гуфт: «Ту аз они манӣ». Вале ӯ бар тахти худ асири ҷаҳон шуд.
Ва ишқ ба ҷаҳон бо ин сухан рӯй овард: «Ман аз они ту ҳастам». Ва ҷаҳон ӯро дар канори худ ҷой дод.
92. Меҳ монанди иштиёқи замин аст, офтобро мепӯшад, ки онро мегудозад.
93. Ботавозӯъ бош, эй дил, ин дарахтони азим дар намоз истодаанд.
94. Ғавғо як лаҳза ришханд аст бар мусиқии Ҷовидона.
95. Ман бар наслҳои гузашта меандешам, ки савори мавҷҳои зиндагӣ, ишқ ва марг рафтанду фаромӯш шуданд. Ва озодиро дар қалби адам эҳсос мекунам.
96. Андӯҳ чодари арӯси рӯҳи ман аст: шабро мунтазир аст, то онро яксӯ бизанад.
97. Мӯҳри марг сиккаи зиндагиро арзиш мебахшад: ба фазли ҳамин аст, ки метавон ба қимати ҳаёт чизи воқеан арзишмандро ба даст овард.
98. Абр ботавозӯъ дар канори уфуқ ҷой гирифт ва субҳ тоҷи нур бар сараш ниҳод.
99. Хок поймоли мо мешавад ва дар иваз гулҳои худро нисори мо мекунад.
100. Вақтро бо гирд овардан ва нигоҳ доштани гулҳо аз даст мадеҳ – далерона ба пеш бирав, гулҳои тоза дар ҳама тӯли роҳ фаровон аст.
101. Решаҳо шохаҳоест рафта дар хок,
Шохаҳо – решаҳое баршуда бар осмон.
102. Оҳанги тобистони пажмурда дар садои пойи Поиз шунида мешавад, ки дар пайи ҷустуҷӯи лонаи қадими худ аст.
103. Бо эҳдои (зиёдатии) фазилатҳои худ аз гӯшаи бениёзиҳоят дӯстатро таҳқир мкун.
104. Рӯзҳои беасар тайшуда қалби маро мепӯшанд чунон ки хаза1 танаи дарахти куҳанро.
105. Пажвок (акси садо) бар офарандаи худ тамасхур мекунад, то асолати худро ба субут бирасонад.
106. Худо шарм мекунад вақте ки хайркунанда хайри худро васф намояд.
107. Ман бо сояи худ роҳи худро тира мекунам, зеро шамъи наяфрӯхтае дар даст дорам.
108. Инсон худро ба издиҳоми пурсару садо мезанад, то дар фарёдҳои он сукути худро ғарқ созад.
109. Ҳар чизе ки интиҳои он завол аст, миранда аст, вале интиҳои комил танҳо дар беинтиҳоист.
110. Хуршед дар пироҳани содаи нури худ тулӯъ мекунад. Абрҳо дар ташрифи муҷаллал печидаанд.
111. Қуллаҳо кӯдаконе ҳастанд бо фарёд даст боло карда, то ситорагонро бигиранд.
112. Хиёбон дар анбӯҳи мардум танҳост, чун ба касе меҳрубон нест.
113. Бар оне, ки мағрури зӯру масти хашми хештан аст, барги зарде, ки аз дарахт меафтад ва абрҳое, ки аз канор рад мешаванд, механданд.
114. Имрӯз замин бо торҳои нури офтоб бароям суруд мехонад, мисли зане ресанда,ки пушти чархаи худ достони қадимиро замзама мекунад.
115. Гиёҳи кӯчак шоистаи ҷаҳони бузургест, ки дар он рӯида.
116. Дар хоб орзуҳои мо мисли зане ҳастанд бетанаффус ҳарфзананда ва фаромӯшӣ дуруст мисли шавҳаре, ки хамӯш азият мекашад.
1 Хаза – сабзаҳои махмалгун, ки бар танаи дарахтҳо ва дар зери обҳо мерӯянд
117. Шаб рӯзи пажмурдаро мебӯсад ва бехгӯшӣ ба вай мегӯяд: «Ман марг – модари ту ҳастам ва ба ту зиндагии дубора медиҳам».
118. Эй шаби тира, ман зебоии туро эҳсос мекунам, чун зебоии маъшуқае, ки чароғро хомӯш мекунад.
119. Ман дар ҷаҳони шукуфои худ ҷаҳонҳоеро, ки пеш аз ин пажмурдаанд, ҳифз мекунам.
120. Дӯсти азиз, ман ба ғавғои ин амвоҷ гӯш медиҳам ва сукути андешаҳои мӯҳташами туро мешунавам, ки борҳо дар умқи шаб тавлид шудаанд.
121. Паранда мепиндорад, ки накукорӣ карда, чун моҳиро водошта, ки дар чанголи ӯ аз ҳавои тоза нафас бигирад.
122. Шаб ба офтоб мегӯяд: «Нури моҳ номаҳои ошиқонаи туст барои ман ва посухи ман ашкҳоест бар рӯйи сабза».
123. Бузург кӯдакест, ки мемирад ва бо марги худ азамати тифлиашро ба ҷаҳон бармегардонад.
124. На зарби чаккуш, балки ламси обҳои ҷорист, ки ба сангрезаҳо намуди комил медиҳад.
125. Занбӯрҳои асал нагҳати гулҳоро менӯшанд ва бо садои ташаккуромез парвоз мекунанд, аммо шопараки аблақ мӯътақид аст, ки гулҳо бояд аз ӯ миннатдор бошанд.
126. Осон аст дар сухан далер будан, вақте ки нахоҳанд ҳақиқатро то охир бигӯянд.
127. Мумкин аз Номумкин суол мекунад: – «Лонаи ту дар куҷост?». ӯ посух медиҳад:«Дар оғӯши нотавониҳо».
128. Агар шумо аз ҳама навъ иштибоҳ паноҳ биҷӯед, ҳақиқат ҳам бароятон дастрас нахоҳад буд.
129. Танҳо хишхиши чизҳоеро дар хилоли андӯҳи дили худ мешунавам, вале онҳоро намебинам.
130. Саргармие, ки табдил ба фаъолият шуда кор аст. Ҳамин тариқ, оромиши баҳр амвоҷро ба вуҷуд меорад.
131. Барг аз ишқ гул мешавад ва гул аз сипос самар.
132. Решаҳо дар умқи замин талаби ҳеч муздеро надоранд дар баробари он ки шохаҳои баландро пурсамар кардаанд.
133. Дар ин шаби боронӣ бод ором намегирад. Аз тиреза ба шохаҳои ҷунбон нигоҳ мекунам ва бар азамати ҳама чиз меандешам.
134. Тӯфони нимшаб чархиду фарёд зад мисли тифле азимҷусса, ки бановақт бедор шудааст.
135. Эй аруси дарё, беҳуда ту амвоҷи худро меафшонӣ, то маъшуқи худро дарёб кунӣ. Бод туро тарк кардааст.
136. Сухан ба амал гуфт: «Ман аз пӯчии садои худ шарм медорам». Амал гуфт: «Ман ба ту нигоҳ мекунаму фақри худро эҳсос менамоям».
137. Замон аз таҳаввулот ғаное дорад, аммо соатҳо танҳо нақизае ҳастанд, ки бидуни ҳеч ғаное ба якдигар навбат медиҳанд.
138. Ҳақиқат аз қабое танге, ки аз далоил бар тан кардааст менолад. Пиндор ба он вусъати ҳаракат мебахшад.
139. Эй роҳи сафар, замоне ки бар ту мерафтам, то чизе ба даст биёрам, ту ранҷи ман будӣ, аммо ҳоло ки аз ҳар сӯям роҳест, муҳаббати худро ба ту арз мекунам.
140. Мехоҳам чунин бияндешам, ки миёни ин ситораҳо яке роҳнамои ман дар зиндагист аз миёни зулмати ибҳом.
141. Эй зан, шарофати ангуштони ту бар чизҳои ман мерасад ва онҳоро чун аҷзои мусиқӣ ҳамоҳанг мекунад.
142. Дар харобаҳои умри гузаштаи ман садои андӯҳи танҳо лона кардааст: ӯ дар шаб бароям месарояд: «Туро дӯст дорам…».
143. Забонаҳои оташ бо дурахши худ маро ҳушдор медиҳанд, вале чун метавон аз сӯхтан дар ахгари зери хокистар эмин шуд.
144. Ситораҳои осмон бар ман рушноӣ мекунанд, ҳайфо ки чароғи кӯчаки хона афрӯхта нест.
145. Ғубори суханҳои мурда туро пӯшондааст. Рӯҳи худро бо хамӯшӣ шустушӯ бидеҳ.
146. Чоҳҳои зиндагӣ даҳон боз кардаанд: аз қаъри онҳо садои андӯҳбори марг меояд.
147. Субҳгоҳ қалби нуронии ҷаҳон боз шуд.
Эй дили ман, ту низ бо ишқ биноз ва шафақи субҳро пешвоз бигир.
148. Андешаҳои ман ҳамроҳ бо ин баргҳои дарахтон лапиш мехуранд ва қалбам азламси панҷаҳои нури офтоб садо медиҳад; зиндагиям шод аст аз он ки ҳамроҳи ҳама чиз ба сӯи нилии осмон ва зулмоти замон шино мекунад.
149. Ранҷ бурдам, навмед шудам ва маргро маърифат кардам ва инак, шодам аз он ки дар ин ҷаҳони бузург ҳастам.
150. Ончи бар мо мавҷудотро парокандаву зид ва душманона нишон медиҳад – танҳо руъёест. Ҳамаро дар ту ҳамоҳанг мебинам, онгоҳ ки бедор ва озод шавам.
151. «Ки маро иваз мекунад?» – мепурсад офтоб гоҳи ғуруб. «Ман ҳарчи аз дастам биёяд анҷом медиҳам» – мегӯяд чароғдони гилӣ.
152. Ту гулро парпар меканӣ ва зеби гул аз байни ангуштонат мерезад.
153. Сукут низ садои туро ҳифз мекунад, чунон ки лона мурғи хуфтаро.
154. Бузург беҳарос дастобадасти хурд меравад. Танҳо нима аст, ки худро канор мегирад.
155. Шаб пинҳон гулҳоро боз мекунад ва сипосҳо нисори рӯз мешавад.
156. Зӯр талвосаи дардноки қурбониёни худро нишони носипосӣ мешуморад.
157. Вақте мо аз лаззати баракот ширинком ҳастем, бо хушҳолӣ ҳозирем аз самароти он дур шавем.
158. Тори тортан кашида шуда то шабнамро бигирад, вале дар он паша меафтад.
159. Миёни ғубори шом дар сукути ман шафақи кадом як гузаштае лона мекунад.
160. Қатраҳои борон заминро бӯсиданду наҷво карданд: «Мо аз осмонҳо ба сӯйи ту, модар, бармегардем, чун кӯдаконе, ки хонаи худро ёд кардаанд».
161. Эй Ишқ! Замоне ки ту шамъи шӯълавари дард дар даст қадам мезанӣ, чеҳраи туро мебинам ва бо саодати безавол туро арҷ мегузорам.
162. «Донишмандон мегӯянд, замоне фаро хоҳад расид, ки шумо хомӯш мешавед» – гуфт мӯри шабтоб ба ситорагон. Вале ситораҳо ба ӯ ҳеч посух надоданд.
163. Андешаҳо дар мағзи ман мисли мисли селаи парандаҳо бар осмон мегузаранд.
Садои боли онҳоро мешунавам.
164. Тасаллои ҳавзча ин андеша аст, ки рӯдҳо барои пуроб кардани ӯ вуҷуд доранд.
165. Ранҷи рӯҳам – бӯсаҳои ҷаҳон аст, ки посухро дар сурудаҳои ман мехоҳад.
166. Чист, ки бар ман фишор меорад, магар ҷони ман аст, ки мехоҳад бар паҳнаҳо бурун ояд ва ё ҷони ҷаҳон аст, ки бо хоҳиши вуруд дари диламро мекӯбад.
167. Андеша аз суханҳои худ ғизо мегирад ва бузург мешавад.
168. Сукути ин соатро ман ба зарфи дили худ бардоштам ва дилам саршори ишқ шуд.
169. Мешавад, ки коре карданӣ ҳаст ва мешавад, ки нест, вале бад аст агар лозим ояд, ки бигӯем: «Биёед, ягон коре бикунем».
170. Офтобпараст аз ҳаё сурх шуд, чун донист, ки кадом як гули беном аз табори ӯст.
Вале чун хуршед баромад бо табассум ба вай гуфт: «Салом, азизи ман».
171. Чист, ки чун сарнавишт маро ба пеш мекашад?
Ин худпарастист, ки маро метозонад чун савор аспро.
172. Абрҳо анбори рӯдҳоро пуроб мекунанд ва пушти кӯҳҳои дур пинҳон мешаванд.
173. Дар роҳ оби кӯзаи ман лапиду рехт: каме аз онро ба хона расондам.
174. Об дар ҷом рушан, вале дар қаъри баҳр тира аст. Ҳақиқати кӯчак дар суханҳои рушан баён мешавад: паёми андешаи бузург танҳо дар дар сукути азим аст.
175. Табассуми ту чун гулҳои саҳрои ту буд, сухани ту чун тапиши коҷҳои кӯҳистонӣ бар қуллаҳоят, вале қалбат қалби содаи занона буд, ки ҳамагӣ мешиносем.
176. Мо танҳо ашёи кӯчакеро барои азизи худ захира мекунем – чизҳои бузург (замин, офтоб, моҳ, осмон) барои ҳама ва ҳар кас эҳдо мешавад.
177. Эй зан, сели амиқи ашкҳои ту қалби ҷаҳонро ончунон фаро гирифт, ки амвоҷи дарё соҳилро бишӯяд.
178. Нури рӯз бо табассум ба ман салом медиҳад. Борон – бародари ғамгини ӯ, бо дилам ҳарф мезанад.
179. Рӯзона гули ман дар баргҳои фаромӯшӣ парпар шуд ва шомгоҳон ба самари тилоии ёд расид.
180. Ман шабеҳи роҳи шаб ҳастам, ки дар сукут ба шарфаи пойҳои ёд гӯш медиҳам.
181. Осмони шаб чун тирезаест, пушти он чароғе афрӯхта падидор, ва касе пои он нишаста дар интизор.
182. Ман шабеҳи абри тирамоҳӣ ҳастам, ки бо борон метаровад; бубинед, чи гуна азоби ман киштзори биринҷи расида саршор аст.
183. Он ки зиёд ба анҷоми кори наку машғул аст, худ вақт наёбад, ки наку бошад.
184. Онон ба якдигар танаффур доштанду якдигарро куштанд ва мардум ба ситоишашон пардохтанд.
Аммо Худованд ба озарм аз кирдори онон мешитобад, то осорашонро зери сабза пинҳон кунад.
185. Панҷаҳои пой чун панҷаҳои дастанд, ки гузаштаи худро аз ёд бурдаанд.
186. Тирагӣ ба истиқболи нур мешитобад ва кӯрӣ ба истиқболи марг.
187. Кучуки нозпарвард бадгумон аст, ки ҳама ҷаҳон қасд дорад ҷояшро бигирад.
188. Дили ман, атрофи худ гарду чанг бармаянгез, оромишро нигоҳ дор.
Бигзор ҷаҳон худ ба сӯи ту роҳ биёбад.
189. Камон бо тир, қабл аз он ки раҳо шавад, наҷво мекунад: «Озодии ман дар дасти туст».
190. Эй зан, дар хандаи ту чашмаи зиндагӣ ово медиҳад.
191. Хираде, ки ҳама чиз дар он мантиқист, чун ханҷарест тамом теғ.
192. Маро аз гузаштаам раҳо кун, ки вопасам мекашад ва намегузорад осон ҷон бидиҳам.
193. Ҷаҳони мо ҷаҳони тӯфонҳои ваҳшист, ки оҳанги зебоӣ ононро оро медиҳад.
194. «Қалби ман чун қутии тилоист, ки дар он бӯсаи ту ниҳон аст». – Чунин мегӯяд ба офтоб абраке, ки аз анвори ғуруб фуруғманд шудааст.
195. Висол гоҳо ба қатл меанҷомад ва фироқ ба таҳаммул.
196. Садои боли занбӯрҳои шабтоб ва ғавғои борон аз хилоли зулмот ба ман мерасанд чун шарфаи хобҳоям аз ҷавонии дур.
197. «Ман шабнами худро гум кардам» – садо кард гул ба сӯи осмони субҳгоҳ, ки ҳама ситораҳои худро аз даст дода буд.
198. Парахае, ки оташ гирифтааст, бо чарс-чарс мегӯяд: «Ин шукуфоии муҷаллал марги ман аст».
199. Занбӯри зард ба занбӯрҳои асали ҳамсояаш эрод мегирад, ки камтар асал кардаанд. Онҳо посух медиҳанд: ту, ҳеч не, камтар аз мо бикун.
200. Соҳил ба рӯд мегӯяд: «Ман наметавонам амвоҷи туро нигоҳ дорам, бигузор пайи палмосҳои ту дар қалби ман боқӣ бимонад».
201. Рӯз бо ҳангомае, ки аз ин замини кӯчак баланд мешавад, сукути ҳама ҷаҳонҳоро мепӯшонад.
202. Дар пардаҳои суруд номутаноҳии фазо, наққошиҳои замин, шеъри бархоста аз таносуби замину осмон эҳсос мешавад; зеро маънои каламоти он бар замин сайр ва бар осмон парвоз мекунад.
203. Вақте ки офтоб дар Ғарб фуру меравад, Шарқ – он ҷо ки субҳ аз он баланд шавад, дар баробари ӯ ба сукут қиём мекунад.
204. Агар ман ба ҷаҳони худ эълони ҷанг надиҳам, ӯ низ бар алайҳи ман барнамехезад.
205. Ситоиш маро хиҷил мекунад, чаро ки дар ниҳон ташнаи он ҳастам.
206. Эй дӯшиза, содагии ту мисли нилии ҳавз аст, жарфои ҳақиқати нуҳуфта дар туроошкор мекунад.
207. Бигзор фароғати ман дар умқи оромиши худ ҳамчунон халалнопазир бошад, чунон ки шом дар соҳили дарё, онгоҳ ки сатҳи дарё сокит аст.
208. Беҳтарин танҳо намеояд. Он ҳамеша ҳамроҳи ҳама чиз меояд.
209. Дар дурнамо қалби ронда кӯчак намешавад.
210. Шоми ман миёни дарахтони бегона фаро расид ва бо забоне ҳарф зад, ки ситорагони субҳам намедонанд.
211. Сиёҳии шаб мисли ҳамёнест, он қадр анбошта, ки тилои шафақ аз он мерезад.
212. Аташи мо бо алвони рангинкамон лаҳзаҳои тиҳӣ ва ғубори зиндагиро рангин мекунад.
213. Худованд интизор дорад, ки гулҳои нисоршуда ба ӯ баргардонда мешаванд, чун дастовези инсон.
214. Андешаҳои мубҳам азиятам мекунанд, бо ин суоли мукаррар, ки номашон чист.
215. Мева пурарзиш аст, гул ширин аст, бигзор барге бошам нуҳуфта зери сояи садоқати хоксорона.
216. Дилам бодбонҳои худро боз кард, то ба бениҳояти парвози бод биравад, маҷзуби ҷазоири соядори «Ягон ҷое».
217. Одамон бераҳманд, вале инсон некхоҳ.
218. Бигзор ҷоми ту бошам, саршори ончи барои ту ва барои ончи аз они туст.
219. Дӯстам, азамати қалби ту аз офтоби толеъи Шарқ фурӯғманд аст, ҳамон гуна, ки аз тоби шафақ қуллаи барафрохтаи кӯҳе танҳову сарсафед нуронист.
220. Туфон гуӣ нолаи худоест, ки замин муҳаббати худро аз ӯ дареғ доштааст.
221. Ҷаҳон тарашшӯҳ (таровиш) надорад, зеро марг дар он рахна эҷод намекунад.
222. Зиндагӣ ғанитар шуд аз ишқе, ки фарҷоме надорад.
223. Чашмаи марг мурдоби зиндагиро хурӯшон мекунад.
224. Саялони ҳаёт оромиши худро дар оҳанги худ пайдо мекунад.
225. Бо пой кӯфтан танҳо гарди заминро боло мекунӣ, аммо ҳосили онро гирд намеорӣ.
226. Номҳои мо мисли рушноиест, ки бар забонаҳои амвоҷи шабонаи дарё медурахшад, сипас бенишон маҳв мегардад.
227. Бигзор хорҳоро танҳо касе бубинад, ки метавонад гулҳоро низ бубинад.
228. Болҳои мурғро зарандуд кунед ва дигар бар осмон баланд парида наметавонад.
229. Ин ҳамон нилуфарест, ки дар ҷоҳои мо. Дар обҳои кишвари бегона низ ҳамон гуна ширин аст, гарчи ин ҷо номе дигар дорад.
230. Нури моҳ ҳама осмонро фаро мегирад, аммо доғ танҳо бар рӯи ӯ боқӣ мемонад.
231. Магӯ «Инак, субҳ», ҳамон гуна ки дирӯз гуфта будӣ. Бигзор, он барои ту тоза бошад, мисли тифле навзод, ки ҳанӯз ном надорад.
232. Қатраи борон бар ёсуман наҷво кард: «Маро дар қалби худ барои ҷовидон нигоҳ дор».
Ёсуман оҳ кашиду гуфт: «Дареғо» ва пажмурд.
233. Дуд пеши осмон ва ахгар (лахча) пеши замин лоф мезананд, ки аз табори оташанд.
234. Андешаҳои ҳаросон, маро матарсонед: ман шоирам.
235. Сукути тираи ақли ман пур аз ғавғои занбӯри шабтоб аст – ин сӯсӯи хокистарии садост.
236. Мӯшакҳо! Сазои даъвои ҷасуронаи шумо бо ситораҳост, ки сарозер ба замин меафтед.
278. Миёни издиҳом роҳ мерафтам, дидам, ки чи сон ту аз балкон ба сӯям табассум кардӣ ва ман сурудан оғоз намудам ва дар суруд ҳама ғавғои атрофро аз ёд бурдам.
279. Ишқ – зиндагии саршор аст, чун ҷоми лабрези май.
280. Маро ба қалби сукути худ ҳидоят кун, то дилам лабрези суруд шавад.
281. Бигзор, дигарон ҷаҳони рахшон аз фаввораҳои оташбозиро хуш кунанд, дили ман ба ёди ситораҳои ту метапад, Худованди ман.
282. Ранҷи ишқ перомуни зиндагии ман чун дарёи бекарон садо медод, вале шодии он мисли ҷивҷиви мурғон буд дар буттазорҳои шукуфта.
283. Ҳар гоҳ ки хостӣ, чароғро хомӯш бикун. Торикии туро низ мепазирам ва дӯст медорам.
284. Вақте дар поёни рӯз назди ту ҳозир мешавам, пайи захмҳои маро мебинӣ ва дармеёбӣ, ки ман захмҳо дидаам ва даво низ.
285. Абрҳои солҳои гузашта рӯи зиндагиям меоянд, вале онҳо дигар на борон доранд на барқ; онҳо танҳо осмони шоми маро рангин мекунанд.
286. Ҳақиқат гирдбодро сӯи худ бармеангезад ва гирдбод базрҳои онро то дурҳо мепароканад.
287. Туфоне, ки шаб шурӯъ шуд, тоҷи тилои сукутро бар сари субҳ ниҳод.
288. Пиндорӣ, ки сухани охирин ҳақиқатро ҳамроҳ меорад. Аммо сухани охирин зояндаи сухани нав аст.
289. Шариф аст, он ки шӯҳраташ асолаташро тира накунад.
290. Лаззати номи ту қалби маро саршор мекунад ва ман худро фаромӯш мекунам – мисли анвори офтоби субҳгоҳи ту, ки меҳро пароканда кунад.
291. Рӯзест ношод; нури офтоб аз миёни осмони қавоқӣ мисли кӯдакест ҷазодида бо осори ашкҳои нахушкида бар рухсораҳои рангпарида ва нолаи бод чун фарёди ҷаҳони захмист. Вале медонам, ки сафарам маро ба дидори Дӯст мерасонад.
292. Имшаб баргҳои нахл изтиробе доштанд, мавҷ бар дарё медамид – ин мисли заработи қалби кайҳон буд, эй Моҳ. Дар зери кадом осмонҳои ношинохта ту бо сукут асрори андӯҳбори ишқро фаро гирифтӣ?
293. Ҷамоли шаби сокит аз ҳусни модар ва рӯзи пурғавғо аз зебоии кӯдак аст.
294. Ҷаҳон инсонро барои табассумаш дӯст дошт, аммо чун хандааш баланд шуд, аз ӯ рӯй гардонд.
295. Бигзор ин ҷаҳонро ман чун муҳаббати муҷассами ту бипазирам ва онгоҳ ишқи ман нисораш мешавад.
296. Нури офтоб бар рӯзҳои зимистонии дили ман табассум мекунад ва умеди гулҳои баҳори онро аз даст намедиҳад
297. Худованд бӯсаи муҳаббати худро нисори поёнпазир ва инсон нисори поённопазир мекунад.
298. Ту биёбони солҳои бесамарро пушти сар мегузорӣ, то замони анҷомро дарёбӣ.
299. Дар сукути Худованд андешаҳои инсон ба камоли калом мерасанд.
300. Аё Мусофири Ҷовидон, ту пайи худро ҳама ҷо дар сурудаҳои ман пайдо мекунӣ.
301. Орзу мекунам, ки чи тавр битавонам бар ситорае – ҷазираи нур, зода шавам, ки дар аъмоқи саргармиҳои зиндагибахш меваҳои зиндагии ман низ бипазанд, онгуна ки шолизорон зери анвори офтоби тирамоҳ.
302. Накҳати замини боронхӯрда, боло меравад, чун суруди азими сокит, баршуда аз анбӯҳи таслими кӯчакиҳо.
303. Наметавонем ҳақиқат бишмарем чизеро, ки муҳаббат дар он раҳгум мезанад.
304. Ҳама чиз дар ин меҳи анбӯҳ сеҳромез ба назар мерасад; тоҷи дарахтоне, ки дар меҳ чун доғҳои ранг ғарқ мешаванд. Мунтазири субҳ мемонам ва аз хоб мехезам, то шаҳри аз анвори саҳар равшани туро тамошо кунам.
305. Замоне хоҳем дарёфт, ки марг наметавонад аз ҷони мо дороиро бирубояд, зеро ҷону дороии он якест.
306. Худованд дар лаҳзаи тирагии шомгоҳон наздам меояд, бо гулҳое дар даст аз гузаштаи ман, ки таровати худро дар ҳузури ӯ ҳифз кардаанд.
307. Он гоҳ ки ҳама торҳои дили ман соз мешаванд, ё Рабб, ҳар захмаи ту оҳанги муҳаббатро баланд мекунад.
308. Худоё, маро бо ҳақиқате зинда бидор, ки маргам низ ҳақиқат шавад.
309. Таърихи башар интизори сабуронаи пирӯзии инсони таҳқиршуда аст.
310. Ман мунтазирам: инак, нигоҳи ту дар қалби ман ниҳон аст, мисли сукути офтобии субҳ, ки киштзори даравидаро рушан кардааст.
311. Ман дар ин дарёи туфандаи фарёдҳо, дар ҳасрати ҷазираи сурудҳо ҳастам.
312. Сарахбори навои шаб бо оҳанги ғуруби офтоб шурӯъ мегардад ва суруди мутантани он тирагии бемисл аст.
313. Бигзор, охирин сухани ман ин бошад, ки ба муҳаббати Ту имон дорам.
Аз русӣ тарҷумаи Рустам Ваҳҳобзода




















