Шоҳбайтҳо аз китоби “Баҳор гул бишуморем…”-и Озар Салим

Шохбайтхо аз китоби “Бахор гул бишуморем…”-и Озар Салим

Озар Салим
Озар Салим

Нармист кори дил, ғазали чашмаҳо гувоҳ:
Ҳатто даруни санг дили санг санг нест.
***
Ғамгин машав, агар ки ба комат нагашт чарх,
Лаззат дар он зафар, ки диҳад даст зуд, нест.
***
Бегона нест хиттаи Хатлон ба Рӯдакӣ,
Ин рӯди Панҷ низ магар Панҷрӯд нест?!
***
Магар ҷавонии ман пираҳан надошт дуруст?
Ки шарм карду шитобон бирафту пинҳон шуд.
***
Худои шеър, бубахшо ба шоирони замон,
Ки фар рамид суханро, зи бас фаровон шуд.
***
Баҳор гул бишуморам, на донаи тасбеҳ
В-агар гуноҳи ман ин аст, боз хоҳам кард.
***
Ба доғи лола агар ранги Каъба пинҳон аст,
Чаро хаёли сафар ба Ҳиҷоз хоҳам кард?
***
Интихоби гург афтад бар сари сайди заиф,
Мушти бологашта аввал бар сари хам мерасад.
***
Хонаи дилро намедонам кӣ кардаст ин тилисм,
Худ ба худ во мешавад қуфлаш, агар ғам мерасад.
***
Рафт хуршеду пушаймон шуда баргашт ба Шарқ,
Ҷониби Ғарб ғарибона, биё, мо наравем.
***
Осудагӣ зи сина ғами худ биҳиштан аст,
З-ин рӯ биҳишт гашт мароми саросарӣ.
***
Эй барф, ғайри парчами таслим нестӣ,
Гулҳо агар кунанд қиёми саросарӣ.
***
Бар кор мебарам агар аз хона ёди ту,
Бар хона боз ёди ту аз кор мебарам.
***
Мегазад занбӯри фикри рафтанат пешониам,
Зӯри дастам сарфи ҷойидардмолӣ мешавад.
***
Ба рӯву мӯйи ту маро фиреб дода сарнавишт,
Ба соя банд медиҳад, дар офтоб мекушад.
***
Зи ҳеч қатл хуш наям, вале хуш аст хотирам
Шабе, ки ошиқи ҳазин ба гиря хоб мекушад.
***
Бар гӯши маҳ аз қаъри чаҳ фарёди дилҳо рафтанист,
Кай метавонад партгаҳ балъад садои рӯдро?!
***
Хуни Маҷнун ба ҳар раге ҷорист,
Шарт набвад, ки кас араб бошад.
***
Буд неку хоҳиши густурдани дунё, вале ман
Қалбҳоро густари медодам, ар Ҷамшед будам.
***
Ғаме, ки боиси шодӣ намешавад, ғам нест,
Тарабфизост, агар обшор мегиряд.
***
Чун нагӯям офаринаш? – Тирҳо бар даври тан,
Ғарқи хун дар ҳифзи нур истодааст истора рост.
***
Ишқ андак-андак аз мо мебарад нуқсону айб,
Чӯб дар оташ намегардад яку якбора рост.
***
Кард абри беодоб агар қасди чароғи офтоб,
Чун тифли силихӯрдае дар ашки худ тар мешавад.
***
Барои куштани ғамҳо силоҳ лозим нест,
Ҳамин бас аст, парастори ҳам шавем имсол!
***
Орзу аст зиндагӣ, Озар, орзу боз мешавад тавлид,
Марг беҳуда мекашад заҳмат, зиндагиро наметавонад кушт!
***
Аз ишқ ҳар чи гӯянд, аммо хулоса ин аст:
Ё сар гузор бар дор, ё дил зи ёр бардор!
***
Назди ҷони кандаам аз ранҷи ширини сухан
Баҳри Ширин Бесутунро кандани Фарҳод чист?
***
Беҳамраҳон ғарибтар аз мисраи ахир
Дар банди пас зи банди нахусти мусамматам.
***
Барф қолӣ бофт, аммо ҷуз шабе дар он нахуфт,
Мушкил аст аз ранҷи худ дидан фароғ имрӯзҳо.
***
Густардатар шиносед маънии “пойдорӣ”,
Мардон аз он ишора бар пойи дор доранд.
***
Гулҳои тозарӯро гуфтан наметавон дузд,
Бо худ агарчи ранги гулҳои пор доранд.
***
Мепарваранд уммед мӯрони зери по ҳам,
Гар болу пар надоранд, Парвардигор доранд.
***
Сарашро чун ба болин мегузорад душмани гулҳо?
Магар дар хобҳояш кӯдаки бесар намеояд?!
***
Шикофе ҳаст агар дар чатри оҳан баҳри оҳи дил,
Худоё, сахт ҳайронам, ки сабрат сар намеояд.
***
Ҳадисеро, ки некӣ бар бадӣ пирӯз хоҳад шуд,
Магар воруна аз бар кардаам?… Бовар намеояд!
***
Ҳар он гиёҳ, ки дам мезад аз муҳаббати боғ,
Дигар ба фикри хиёнат ба ин макон гардад.
***
Дунё фақат таронаи зебои ишқ нест,
Қадре баҳуш бош, ки афсонапарварӣ.
***
Нав гӯю нав сарою нав андешу нав навис,
То нав шавад навои ту аз ин навоварӣ.
***
Роғуни ту гувоҳ, ки, эй насли офтоб,
Дар интишори нур ба хуршед ёварӣ.
***
Ғамҳои гунгамро бароят мекунад ифшо
Дар дидаам худҷӯшии шеъри равони ашк.
***
Беҳуда шодӣ мекунад оне, ки пиндорад
Коре намеояд зи дасти нотавони ашк.
***
Туро аз лахтаи хуне Худоят офарид, аммо
Дар ин як лахта хун бинҳод неруи ҷаҳонбонӣ.
***
Худованде, ки худ доно бувад, хоҳад, ки инсон ҳам
Бурун орад чу зар аз хок донишҳои пинҳонӣ.
***
Сазад, ки ҳайкале баҳри муаллим мо барафрозем
Ва аҳли дил кунад ҳар дам ба пойи он гулафшонӣ.
***
Рӯдакӣ манам инак, барф Насри Сомонӣ,
Нуқра бар сарам резад лаҳзаи ғазалхонӣ.
***
Чизе наорам бар ҳузури ту,
Ҷуз ин ду ҳарфи “дӯстат дорам”.
***
Каломи хайр бувад дар кафи дуои маориф,
Ба ҷуз наҷоти башар чист муддаои маориф?!
***

Маориф асту муаллим сафои синаи миллат,
Ба дасти ин ду бувад ҳифзи обгинаи миллат.
***
Аз мушти адолати Илоҳӣ имрӯз
Дар сурати жола рехт дандони фалак.
***
Чун барф мабоф қолӣ, ин даҳри ҳасуд
Фурсат надиҳад, ки рӯйи он хоб равӣ.
***
Ҳусни Юсуф шуҳра набуд, лек зане
Шуд кӯр, ки чашми ҳамаро бикшояд.
***
Ман ноз чаро кашам зи ҳар нозфурӯш,
Вақте ки Худои нозанине дорам.
***
Бардор сарат, ки сархамият аз тарс
Бинҳодани сар ба кундаи ҷаллод аст.
***
Бар барф нигар, ки хонаашро ба ҳавас
То кард сафед, амр омад: Бархез!
***
Бар гиряи авлиё чӣ нисбат дорад,
Шаб, к-аз шиками гурусна кӯдак гиряд?
***
Гелоси лабат дона надорад, чи шавад,
Чун дона дар ӯ ниҳем дандони маро.
***
Кас бо сари танҳо чӣ кунад бо шайтон?
Шайтон ба худаш ҳазор ёвар дорад!
***
Дар хатми дуо чу ёд ояд гунаҳам,
Аз шарм ба даст рӯйи худ мепӯшам.
***
Эй модари пири ман, гулӣ, ханд, ки гул
Зебо хандад, агарчи бедандон аст.
***
Ин ҳарф дурӯғ аст, ки ишқ аст дурӯғ,
Гар ишқ дурӯғ аст, дурӯғ аст ҳама.
***
Дилам зебост, гар зебо тавон гуфт
Кабӯтархонаеро бе кабӯтар.
***
Баҳорон ҳар дарахте гар ба худ гулҳои тар дорад,
Зимистон кам аз он набвад, ки ҳар шохе шакар дорад.
***
Ба ватан дар бадани пир тавон меояд,
Офтоб аз тарафи Шарқ ҷавон меояд.
***
Салом доданро з-офтоб омӯзем,
Ба ҳар касе, ки расад, гарм-гарм мебӯсад.


Интихоби Марзбоналӣ Қурбонзода
аз гурӯҳи фейсбукии Озар Салим

Қаблӣ12 иштибоҳе, ки дӯстӣ ва рафоқатро аз байн мебарад