
Панҷеканд ё Панҷакент? Кадомаш дуруст ва илмӣ аст?
Панҷеканд – Панҷиканд/Панҷаканд (Panjikand / Panjakand). Номи ин шаҳр дар осори пеш аз инқилоби Октябр ба хатти форсӣ ба гунаи (پنجيکند) Панҷиканд/ Панҷеканд сабт шудаст [СДГМ III, 106]. Мусалламан, ин ном аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст: Панҷ + канд (панҷ – «шумораи панҷ» ва канд – «шаҳр»). Бисёриҳо онро ба таври «панҷ шаҳр» маънӣ мекунанд, ки ба назари мо дуруст нест [Луре, 2004]. Дар осори суғдии ёфтшуда аз қалъаи Муғ (соли 1932) ҳам гунаи pnč – panč (Панч) ва ҳам pnčyknδh – pančikanθ (Панчиканд) сабт шудааст [СДГМ III, 106; Gharib 6893]. Тибқи иттилои сиккашиносӣ ва низ асноди суғдӣ шаҳристони Pnč (Панч) то асрҳои VII-VIII сарзамини махсус буд, ки силсилаҳои ҳукуматии худро дошт. Дар ҳоли ҳозир шаш намояндаи ин дудмон муайян шудаанд, ки ду нафарашон зан будаанд. Унвони ҳокимони ин шаҳристон бо идеограммаи MR’Y (эҳтимолан мар) сабт шудааст. Тибқи сиккаҳои ёфтшуда ва асноди суғдӣ ҳокимони Панч сиккаҳои биринҷӣ бо ном, унвон ва нишонаи хоси авлодӣ зарб мекарданд ва ин истиқлоли нисбии Панчро дар баробари Самарканд нишон медиҳад [СДГМ III, 106]. Бо дарназардошти ин нукот метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин шаҳр пеш аз истилои араб Панч ном доштааст. Чун ҳеч гуна далели дақиқи таърихӣ дар даст нест, муайян кардани он ки чаро ин шаҳр Панч ном дошта, ғайриимкон аст. Оё дар ин ҷо панҷ шаҳр будааст, ё панҷ мулк ва ё панҷ деҳ? Ин саволи беҷавоб аст. Бо ин ҳол, Панҷеканд ба маънои «панҷ шаҳр» набуда, ба маънои «шаҳри Панҷ ё канди Панҷ» аст.
Мутобиқан, вожаи панчи суғдӣ дар давраи густариши форсии нав ба шакли панҷ табдил мешавад. Kanθ–и суғдӣ бошад бо шакли –канд дар номҳои ҷуғрофӣ маҳфуз мондааст.
Дар китоби “Қандия ва самария” таълифи Абӯтоҳирхоҷаи Самарқандӣ (асри 17-18) зимни мазори Муҳаммади Башоро номи Панҷаканд чунин сабт шудааст:
مزار ایشان در قصبچۀ پنجه کند که از محکومات سمرقند است آنجاست.
در سنۀ هفتصد و شصت و چهار شیخان مزار ایشان، در بالای مرقد ایشان قبر طولانی و خانقاه عالی در آن زمین بنا نموده اند.
Мазори эшон дар қасабчаи Панҷаканд, ки аз маҳкумоти Самарқанд аст, онҷост.
Дар санаи ҳафтсаду шасту чаҳор шайхони мазори эшон дар болои марқади эшон қабри тӯлонӣ ва хонақоҳи олӣ дар он замин бино намудаанд.” Яъне дар ин китоб Панҷаканд сабт шудааст. Ин китоб як манбаъи таърихӣ аст, ки тақрибан 200 сол пеш навишта шудааст.
Аз ин рӯ, мутобиқи қонунмандии таърихии таҳаввули забон шакли дурусти номи ин шаҳр Панҷеканд мебошад. Шакли русии ин ном мутобиқи осори бозмондаи таърихӣ бояд Панджканд, Панджиканд ё Панджеканд шавад, дар тақлид ба шакли ғалати Ташкент онро имрӯзҳо Пенҷикент менависанду мегӯянд, ки албатта ғалат аст. Чаро мо Самаркандро ба забони русӣ Самаркент намегӯему Панҷакандро Пенджикент мегӯем?
Баҳриддин Алавӣ – номзади илми филология, забоншинос
Мақолаи забоншиноси баноми мо Умеди Ҷайҳонӣ:
Панҷакент: Панҷеканд ё Панҷекат – кадом ҷойном бояд расмӣ шавад?
Таърих ва ҷуғрофиё замону макони ҳар миллатеро месозанд. Ҷойномҳо ё номҳои ҷуғрофиёӣ бахше аз дороии маънавӣ ва мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон боз мондаанд. Ин ҷойномҳо дар худ ёду нишонаҳое аз он рӯзгоронро нуҳуфтаанд, ки барои роҳёбӣ ба он гузаштаҳо роҳнамоёне арзишманд ҳастанд. Аз ин рӯ ҷойномҳои бостониву таърихиро бояд пос дошт ва зинда кард.
Яке аз чунин ҷойномҳо номи шаҳрест, ки мардуми бумӣ онро Панҷекат меномад, вале дар санадҳои расмӣ ва нақшаҳои ҷуғрофиёӣ Панҷакент навишта мешавад. Аммо ин ҷойном дар номаҳои Девоштич, ки аз кӯҳи Муғ ёфт шудаанд, ба хатти суғдӣ {Pnčyknδh} навишта шуда, ки Pančēkanϑ хонда мешавад ва маънояш «шаҳри Панч» аст, ки аз ҳамкарди номи сарзамин, яъне Панч, бо афзудани миёнванди -ē- < *-ahi̯a дар ҳолати изофаи бароии шакли танҳо бо kanϑ «шаҳр» сохта шудааст[1]. Бояд таъкид кард, ки дар ин ҷойном Панҷ номи ҷой аст, на номи кас ё шумора. Агар он шумора мебуд, ин ҷойном миёнванди -е- намедошт, чунонки суғдён номи шаҳри туркии Бешболиқро panžkanδ менавиштанд, ки дақиқан «панҷ шаҳр» аст. Ин нукта аз унвонҳои Девоштич ҳам рӯшан мешавад, ки дар номаҳо suγδīk xutāw smā̆rkanϑč xuβu δēwāštīč (подшоҳи Суғд шоҳи Самарқанд Девоштич; suγδīk xutāw δēwāštīč (подшоҳи Суғд Девоштич); pančē xuβu δēwāštīč (шоҳи Панҷ Девоштич) хонда мешавад. Чунонки аз ин унвонҳо ошкор аст, шаҳри Самарқанд пойтахти подшоҳии Суғд буда ва Панҷ бахше аз ин подшоҳӣ буда, ки шаҳри Панҷеканд маркази он будааст. Ҳаминҷо бояд ёдоварӣ кард, ки он ноҳияро ҳам бояд Девоштич меномиданд, на Деваштич.
Пасванде, ки дар ин ҷойном омадааст, аз *kanϑa- : *kaϑa- < *kn̥ϑa- «шаҳр, русто, деҳа» дар забони эронии бостон рӯидааст[2]. Ин пасванд дар ҷойномҳои суғдӣ ду гуна дорад: яке куҳантар -kanϑ, ки дар форсии тоҷикӣ -канд гаштааст [чун Панҷеканд] ва дигаре навтар -kaϑ, ки бо уфтодани -n- аз -kanϑ падид омадаву дар форсии тоҷикӣ -кат шудааст [чун Панҷекат] [3]. Ин ду пасванд ба маънои «ободӣ; русто, шаҳр» дар гузашта дар номгузорӣ корбурди фаровон доштаанд. Аммо акнун бар ин нукта бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар ҷойномҳои бозмондаи суғдӣ пасванди -кат бар деҳаву русто будани он макон далолат мекунад ва шаҳрҳо пасванди -канд доранд.
Бино бар ин далоил, номи шаҳри Панҷакент бояд ислоҳ ва куҳантарин номи он, яъне Панҷеканд, зинда ва расману қонунан бар ин шаҳр гузошта шавад.
Манобеъ:
- Лившиц В.А., Хромов А.Л. Согдийский язык. – ОИЯ. Среднеиранские языки. М., 1981.
- Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. – с. 347.
- Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики // Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. — СПб., 2004. — сс. 88–110.
Аз саҳифаи фейсбукии Баҳриддин Алавӣ


















