Мазмуни менеҷмент

Мазмуни менечмент. Менечмент хамчун илм ва санъати идоракуни. Менечмент хамчун фаъолияти амали ва раванди кабул намудани карорхои идоракуни. Менечмент хамчун дастгохи идоракунии ташкилот.


Мазмуни мафҳуми «менеҷмент»-ро лоақал дар се ҷанба баррасӣ намудан мумкин аст: ҳамчун илм ва санъати идоракунӣ, ҳамчун шакли фаъолият ва раванди қабулкунии қарорҳои идоракунӣ ва ҳамчун дастгоҳи идоракунӣ.

Менеҷмент ҳамчун илм ва санъати идоракунӣ дар заминаи таҷрибаи ама- лии идоракунӣ пайдо шудааст ва ба тамоми донишҳои оид ба идоракунӣ, ки инсоният дар давоми таърих андухтааст, такя мекунад.

Менеҷмент ҳамчун илм консепсия, назария, принсип, усул ва шаклҳои идоракуниро дар бар мегирад. Вазифаҳои асосии он:

  1.  шарҳ додани табиати меҳнати идоракунӣ;
  2. муқаррар намудани равобити байни сабабу оқибатҳо дар ин соҳа;
  3. ошкор намудани омилҳо ва шароити самаранокии меҳнати муштарак;
  4. коркарди усулҳои самаранок идоракунии фаврӣ;
  5. ояндабинии ҳодисаҳо, таҳияи идоракунии стратегӣ.

Ҳамзамон далелҳои баррасӣ намудани менеҷмент ҳамчун санъат ё ҳунар ҳам вуҷуд доранд:

  1. ташкилот – низоми мураккаби иҷтимои техникӣ мебошад;
  2. одамоне, ки дар он кор мекунанд, омили асосии самаранокии мавҷудо- ташон мебошанд;
  3. амалан идоракуниро фақат ба воситаи таҷрибаи одамоне, ки чунин истеъдод доранд ва комилан ин таҷрибаро ҳам доранд, ёд гирифтан мумкин аст;
  4. ҳангоми қабул намудани қарорҳои идоракунӣ менеҷер, чун қоида, маълумотеро, ки барои ин кор лозим аст, дар даст надорад;
  5. ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ба менеҷер дурустии қарорҳои қабулшударо, ки дар оян- да амалӣ хоҳанд шуд, кафолат дода наметавонад, зеро инсон ба пеш- бинию пешгуй намудани ин «оянда» қодир нест.

Ҳамаи далелҳо қобилияти боварӣ ба ҳиссиёти худ ва шуҷоати қабули қарор дар шароити гуногуну мураккабро ба яке аз омилҳои муҳимтарини санъати менеҷерӣ табдил медиҳанд.

Менеҷмент ҳамчун фаъолияти амалӣ ва раванди қабул намудани қарорҳои идоракунӣ аз маҷмӯи расмиёте иборат аст, ки нақшаи умумии технологии идоракунии корхонаҳоро ташкил медиҳад. Ин маҷмӯи расмиёт аз самтҳои алохидаи фаъолияти идоракунӣ бо функсияҳои менеҷмент, ки ҳар кадоми он ба марҳилаҳои бо тартиби муайян ичрошаванда иборатанд, тақсим мешаванд.

Таркиби функсияҳо ва вазифаҳои идоракуниро вобаста ба сатхи систе- маи ташкилот (хоҷагии халк, соҳаи саноат, корхона, лоиҳаи алоҳида ё кори хусусӣ) ва шароити фаъолияти он танзим намудан мумкин аст.

Иырои ҳар вазифаи идоракунӣ ё амалисозии функсияи алоҳидаи менеҷмент бо қабулкунии қарорҳои муайяни идоракунӣ алокаи ҷудонашаванда дорад. Ин унсури нисбатан маъмул ва бисёр такроршавандаи менеҷмент мазмуни асосии фаъолияти менеҷерро дар корхона ташкил медиҳад. Ҳамчун шакли Фаъолияти амалӣ менеҷмент тақсими вазифаҳо ва вобаста намудани расмиётро ба ичрокунандагони мушаххаси онҳо роҳбарони зинаҳои гуногун дар назар дорад.

Менеҷмент ҳамчун дастгоҳи идоракунии ташкилот мақоми махсуси идоракунии ташкилоти муосир мебошад. Бе он ташкилот ҳамчун муассисаи комил вуҷуд надорад ва самаранок фаъолият карда наметавонад. Вазифаи асосии дастгоҳи идоракунӣ ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои ташкилот баҳри ноил шудан ба мақсадҳои он мебошад.

Ҳар гуна фаъолияти мақсаднок аз ҷониби гурӯҳи муайяни одамон, ки фаъолияти худро барои дастрас намудани мақсадҳои мушаххас мувофик месозанд, ба вуҷуд меояд ва амалӣ мегардад. Чунин гурӯҳи шахсонро дар менеҷмент ташкилот меноманд. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун дастгоҳи идоракунӣ нисбати ташкилот аҳамияти институтсионалӣ дорад ва чунин унсурҳоро дар бар мегирад:

  • ин низоми идоракунӣ, ки дорои сохтори иерархӣ аст, аз мақомоти махсусгардонидашудаи идоракунӣ иборат мебошад;
  • ин ниҳоди менеҷерҳо – роҳбарони зинаҳои гуногун, ки дар қабулкунӣ ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ ваколати муайян доранд ва барои натиҷаҳои фаъо- лияти ташкилот масъул мебошанд.

Ҳар ҷанбаи номбаршуда соҳаи истифодаи худро дорад, ки системаи му- каммали менеҷменти ягонаро ташкил дода, стратегияи интихобшудаи рушд ва системаи менеҷменти оперативии корхонаро таъмин мекунад.

ҚаблӣНуктаҳо аз Робиндронат Такур (Тагор)
БаъдӣНавъҳои менеҷмент