Шеърҳо дар васфи Самарқанд

Шеърхо дар васфи Самарканд. 18-уми октябр – Рузи шахри Самарканд.

Оғози тамаддун

Мастам ҳама аз шеваю “Шаҳноз”-и Самарқанд,
Ҳастам ҳама ҷо гӯш ба “Овози Самарқанд.”

Рози мани дилсӯхта ҷуз ишқи Ватан нест,
То ҳаст дилам, пур бувад аз рози Самарқанд.

Аз Дарғи шариф* ҷорӣ шавам то дили Дарғам**,
Бар дида кашам хоки ватансози Самарқанд!

Дар хоб равам сина пур аз сози Бухоро,
Бедор шавам гӯш пур аз сози Самарқанд!

Ҷоно, ту агар Ҳофизи Шероз бихонӣ,
Морост ҳамон Ҳофизи Шерози Самарқанд!

Анҷоми тамаддун ба куҷо ҳаст? Надонам,
Оғози тамаддун бувад оғози Самарқанд!

* Рустои Дарғи шариф – зодгоҳи ман аст, охирин деҳа дар ҳудуди Фалғари қадим (ноҳияи Айнии ҳозира), ки чун ҳамаи водии Зарафшон марбути вилояти Самарқанди пеш аз инқилоб аст.

** Дарғам – номи мавзеъ дар Самарқанд, ки дар шеъри қадими порсӣ низ аз он ёд шудааст.

Исфандиёри НАЗАР, Олмон


САМАРҚАНДНОМА (дубайтиҳо дар васфи Самарқанд)

Туро умре будам ҷӯё, Самарқанд,
Ба васфат ман шудам гӯё, Самарқанд.
Зи Оби Раҳматат нӯшидаам ман,
Ту бешак сайқали дунё, Самарқанд.

Шифои дарди ман ҳастӣ, Самарқанд,
Табиби ҷону тан ҳастӣ, Самарқанд.
Туро ҳар навъ меноманд, аммо,
Барои ман Ватан ҳастӣ, Самарқанд.

Ту шаҳри шеъру шеронӣ, Самарқанд,
Қадамҷои бузургонӣ, Самарқанд.
Хуросонро дили дунё шуморанд,
Ту худ қалби Хуросонӣ, Самарқанд.

Баҳори гулфишон дорад Самарқанд,
Зи ҷаннат як нишон дорад Самарқанд.
Зиёрат гар намоӣ хоки покаш,
Ҳамеша дар амон дорад Самарқанд.

Дуруди ман, суруди ман Самарқанд,
Ту буду ҳам набуди ман, Самарқанд.
Зи обу хоки ту дармон биҷустам,
Табиби ин вуҷуди ман, Самарқанд.

Самарқандам ҳанӯз овоз дорад,
Парастуҳои дар парвоз дорад.
Ба Регистони он рафтам ба ихлос,
Ки хишту борааш сад роз дорад.

Асадулло Исмоилзода


18-уми октябр – Рӯзи шаҳри Самарқанд

Эй нишони ҷовидони Суғдиён,
Эй сафои дидаи Испитамен.
Эй суруди дилнавози Рӯдакӣ,
Эй Самарқанд,
Чашмаи сад достон!
Доимо мисли баҳорон навҷавон,
Гул арӯси нозанинат гуфтаанд.
Гавҳари якдонаи шарқи азим,
Сайқали рӯи заминат гуфтаанд.

Акбар Пирӯзӣ

ҚаблӣНавъҳои менеҷмент
Баъдӣ10-уми ноябр – рӯзи милитсияи тоҷик