Ба дунболи ту мегардам (шеъри ошики)

Қадам-қадам зи пайат омадам хиёбонро,
Даме, ки зад ба замин гулфуруш гулдонро.
Зи кӯча мегузарӣ, абрҳо парешон аст,
Ки бозгӯ накунӣ лаккаҳои боронро.
Қадам ба фасли дигар мегузориву аз нав
Либоси сабз ба тан додаӣ зимистонро.
Хароб мекунад, оре, хароб мекунадам,
Ба кӯча пахш макун гесӯи парешонро!
Ту рафтаиву ман ин ҷо ҳанӯз мунтазирам,
Фаро гирифта ғами рафтанат хиёбонро.
Ту рафтаиву тақотуъ расидаву бунбаст,
Чи гуна во кунам аз дасти ту гиребонро?

Довуд Ҳакимӣ

Шеърҳои ғарибӣ барои ғарибон