Маълумот дар бораи Ҳизби Таҳрир (диншиносӣ)

Маълумот дар бораи Ҳизби Таҳрир / Ҳизбуттаҳрир. Маълумот дар бораи Хизби Тахрир / Хизбуттахрир.


Ҳизби ТаҳрирҲизби ифротии сиёсию динӣ буда дар соли 1952 дар Урдун аз ҷониби шайх Тақиуддини Набҳонӣ (1909-1977) дар ҳамкорӣ бо Абдулқадими Заллум, Асъад Биюзӣ ва Раҷаб Биюзӣ таъсис дода шуд. Ҳарчанд ҳизби мазкур аз ҷониби давлати Урдун сабти ном нагардид, муассисон ба ҷалб намудани мардум ба сафҳои ҳизби худ ва кушодани шӯъбаҳои он дар кишварҳои арабӣ-Сурия, Лубнон ва шаҳрҳои Фаластин ба фаъолияти густурда пардохтанд. Баъдтар шӯъбаҳои ҳизби таҳрир дар Миср, Индонезия, Туркия, Ӯзбекистон ва давлатҳои ғарбӣ-Англия ва Германия кушода шуданд.

Бо вуҷуди фаъолияти густурдаи ин ҳизб мардуми кишварҳои арабӣ ба он таваҷҷӯҳи калоне зоҳир нанамуданд ва касоне, ки ба он шомил шуда буданд, мавриди ҷазоҳои сахт қарор гирифтанд.

Барномаи ҳизб асосан сиёсӣ буда, мақсади асосии он ба даст даровардани қудрат бо роҳи ҷиҳоду зӯрӣ мебошад. Ҳизби таҳрир чунин мешуморад, ки ҷаҳони имрӯза ҳама «дорулҳарбу дорулкуфр» аст ва бояд барои ба «дорулислом» баргардонидани онҳо ҷиҳод кард. Ба ақидаи таҳририён, ки дар барномаи ҳизби онҳо («Манҳаҷ ҳизбу-ттаҳрир» ва «Низоми ислом») зикр гардидааст, нафақат давлатҳои ғарбӣ дорулкуфру дорулҳарбанд, балки давлатҳои имрӯзаи исломӣ низ чунин мебошанд. Аз ин рӯ бояд аввал дар давлатҳои мусулмонӣ низоми исломии хилофатро ҷорӣ карда, онҳоро ба дорулислом баргардонид. Баъд аз ин мебояд рӯ ба кишварҳои ғарбӣ оварда бо роҳи ҷиҳод онҳоро низ ба дорулислом табдил дод.

Дар ҳар кишвар роҳбари ба ном вилоятӣ кор мебарад. Асоси сохтори ҳизбиро дар маҳалҳо «халқа» ташкил медиҳад, ки он аз 5-8 нафар аъзо иборат мебошад. Дар ҳалқа аъзоёни нав, ки «дорис» (дарсхон) ном доранд, ба таълимоти ҳизб шинос мегарданд. Касе, ки ба онҳо дарс медиҳад, «мушриф» ном дорад. Сохтори ҳизби таҳрир ба ташкилоти махфии нимҳарбӣ монанд аст. Баъди ба итмом расидани таълим, дорис ба ҳизб дохил гардида барои садоқат ба ҳизб қасам ёд мекунад. Баъд аз муддате чун узви нав нағз кор кунад, ба ӯ дараҷаи «нақиб» дода шуда, ӯ ба кори роҳбарӣ ба ташкилоти ҳизбии ноҳиявӣ таин мегардад. Дар вилоят роҳбар «масъул» ва муовини ӯ «мусоид» номида мешаванд. Роҳбарони ҷумҳуриявӣ «муътамид» ном доранд, ки бевосита ба котиби генералии ҳизб тобеъ мебошанд.

Ба ҳизби таҳрир ҷавонони аз 18 то 30 сола қабул карда мешаванд.

Ҳизби таҳрир аз рӯи маълумотҳо аз ҷониби Усома ном урдунӣ, ки дар яке аз донишкадаҳои Тошканд таҳсил мекард, дар соли 1986 ба Ӯзбекистон роҳ ёфтааст. Ақидаи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки ташкилоти ин ҳизбро донишҷӯи дигари урдунӣ бо номи Салоҳиддин дар соли 1995 дар Тошканд созмон дода, баъд фаръҳои онро дар Самарқанду, Қӯқанду, Намангон, Андиҷону Фарғона кушодаанд.

Аз Ӯзбекистон ҳизби таҳрир ба Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳ ёфт. Ба Тоҷикистон ҳизби таҳрир дар соли 1998 роҳ ёфта, дар соли 1999 фаръҳои он дар Хӯҷанду Исфара ва ноҳияи Б. Fафуров кушода шуда буданд. Баъдтар ин ҳизб ба шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисору Шаҳринав роҳ ёфт. Аз соли 2000-ум сар карда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо ҳизби таҳрир муборизаи сахт бурда истодааст. Садҳо нафар ба ҳабс гирифта шуда, ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Аз як қатор боздоштшудагон компютеру асбобҳои табъу нашр барои чопу зиёд кардани варақаҳо ва китобҳо мусодира карда шуданд.

Ҳизби таҳрир аз ҳисоби аъзогии аъзоёни ҳизб, ки аз 3 то 20 фоизи маоши аъзоёни ҳизбро ташкил медиҳад ва маблағҳои дигар фаъолият дорад. Чунончи маълум гардид, ки ҳизби таҳрири Тоҷикистон аз хориҷи кишвар маблағҳо дарёфт менамояд. Дар соли 2003 масъули бахши молии ҳизби таҳрири Тоҷикистон Абдуваҳҳобов З (соли тав. 1976), ки дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардид, ба номи ӯ дар 20 январи соли 2002 аз шаҳри Нью-Йорк аз банки «Морган Чейтс» ба «Альфа банк»-и шаҳри Москва ва аз он ҷо ба банки «Эсхата»-и ш. Хуҷанд маблағи 5995 доллар ворид гардида, Абдуваҳҳобов онро гирифта аст.

Бори дуюм 29 январи соли 2003 боз ба воситаи банкҳои мазкур ин дафъа маблағи 5280 доллар ворид гардид, вале ба сабаби дар ҳабс қарор доштан, номбурда маблағро гирифта натавонист. Аз хонаи ӯ матбааи калон бо таҷҳизоти зиёд ва адабиётҳои гуногуни марбут ба ҳизби таҳрир мусодира карда шуданд. Ҳизби таҳрир ба Русия ва Украина низ роҳ ёфт. Агар дар ибтидо ҳукуматдорони Русия ба фаъолияти ин ҳизб он қадар аҳамият намедода бошанд, баъд аз амиқ омӯхтани барнома ва фаъолияти ин ҳизб характери экстремистӣ доштани он маълум гардид. Бинобар ин, Вазорати адлияи Русия дар 19 феврали соли 2003 ҳизби таҳрирро ба рӯйхати ҳизбҳои террористӣ дохил намуд. Ин чунин маъно дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба муқобили ҳизби таҳрир мубориза хоҳанд бурд.

Ҳукумати Германия фаъолияти ҳизби таҳрирро дар қаламрави кишвар манъ нанамудааст, вале дар 15 январи соли 2003 бо қарори худ ҳамаи қароргоҳҳои ҳизби таҳрирро дар кишвар баст.

Аз миёнаҳои соли 2009 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси манъ кардани фаъолияти ҳизби таҳрир дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун ҳизби ифротӣ баромад.


ҚаблӣМаълумот дар бораи Маҳдавия
БаъдӣМаълумот дар бораи Салафия (диншиносӣ)